Хизматрасониҳо
Пур кардани ҳисоб

Пардохти муваққатӣ

Хизматрасонии «Пардохти муваққатӣ» ба муштариёне, ки дар ҳисобашон маблағ надоранд ва дар айни замон имконияти пур кардани ҳисоб надоранд пешниҳод карда мешавад.

№ 
категория
Миқдори рӯзҳо аз рӯзи занги якуми муштарӣ
Маблағи дастраси Пардохти муваққатӣ
Нархи хизматрасонӣ USSD-фармон барои фаъолкунӣ*
     USSD-фармони альтернативӣ барои фаъолкунӣ Мӯҳлати амали Пардохти муваққатӣ
№1 Аз 31 то 180 рӯз
1 сомонӣ 0,20 сомонӣ *120# 5 рӯз
№2 Аз 181 то 480 рӯз
5 сомонӣ 0,70 сомонӣ 5 рӯз
№3 Аз 481 рӯз ва зиёдтар
10 сомонӣ 1,00 сомонӣ 5 рӯз

* Ҳангоми фаъолкунӣ тариқи *120# система ба таври автоматикӣ воқеияти муштариро муайян менамояд ва баъд аз он барои муштарӣ маблағи муносиби Пардохти муваққатӣ фаъол карда мешавад.
Намуна: ҳангоми фаъолкунӣ, муштарие, мӯҳлати воқеияташ аз 480 рӯз зиёд аст, маблағи зиёдтарин барои ин мӯҳлат, яъне 10 сомониро мегирад.

  • Донистан муҳим аст!
        1. Хизматрасонӣ барои ҳамаи тарофаҳои PrePaid ва PostPaid, ба ғайр аз тарофаи Next 2016, ки мӯҳлати воқеияташон дар шабакаи Tcell беш аз 30 рӯз аст, дастрас аст. Мӯҳлати воқеияти муштарӣ аз рӯзи якуми зангзанӣ ҳисоб карда мешавад. Инчунин муштарӣ бояд, бе назардошти пардохти якуми маъмурӣ, аққалан як бор ҳисобашро пур намояд (ба маблағи дилхоҳ).
        2. Фаъолкунии хизматрасонӣ танҳо дар мавриди -0,10 сомонӣ ва зиёдтар будани ҳисоб мумкин аст.
        3. Ҳангоми дархости муштарӣ ба *120# система: Дастрасии муштариро ба хизматрасонии Пардохти муваққатӣ муайян мекунад. Категорияи муштариро муайян мекунад. Маблағи имконпазири Пардохти муваққатиро мувофиқи категория ба муштарӣ муайян месозад.
        4. Хизматрасонӣ инчунин ба воситаи IVR-и интерактивӣ (рақами 120) фаъол мешавад.
        5. Агар муштарӣ дар муддати 5 рӯзи баъди фаъолкунии Пардохти муваққатӣ ба маблағи 1, 5 ва ё 10 сомонӣ қарзро нагардонад (пур кардани ҳисоб ба маблағи баробар ва ё зиёдтар аз Пардохти муваққатӣ), дар рӯзи 6-ум система ба таври автоматиқӣ ин қарзро аз ҳисоби муштарӣ мегирад.
        6. Барои дубора фаъолкунии хизматрасонии «Пардохти муваққатӣ», муштарӣ бояд маблағи фаъолкунии аввалро пардохт намояд.
        7. Пардохти муваққатии фаъолшуда ба ҳисоби муштарии дигар гузаронида намешавад, яъне хизматрасонии «SMS-маблағ» барои гузаронидани Пардохти муваққатӣ кор намекунад.

Нархҳо дар сомонӣ бо назардошти ААИ ва аксиз нишон дода шудаанд.

  
printer.png

Чопи саҳифа