Хизматрасониҳо
Хизматрасониҳои контентӣ

Портали киберӣ аз ширкати Tcell

Варзиши сайберӣ (киберспорт) як бахши вижаи босуръат ва муназзам рушдёбанда мебошад, ки дар ояндаи наздик ҳатто ҷои футбол ва хоккейро низ танг мекунад. Бахш (сегмент)-и мазкур бо суръати бениҳоят баланд рӯ ба афзоиш дорад - садҳо ҳазор ҳаводорон ва мухлисон ба толору варзишгоҳҳо мераванд, миллионҳо нафар пахши мусобиқаҳо ва рақобатҳоро тамошо мекунанд, ширкатҳо дастаҳои инфиродии киберспортии худро мехаранд. Дар бисёр кишварҳо аллакай федератсияҳои варзиши компютерӣ пайдо шуданд ва дар бораи ворид кардани варзиши сайберӣ (киберспорт) ба барномаи таълимии мактабҳо ва бозиҳои олимпӣ тавофуқ ҳосил шуда, гуфтушунидҳо идома доранд. 

Кибер Портал имконоти васеъро пешниҳод менамояд:

 Портал бо нишонаи cyber.tcell.tj дастрас аст.

Арзиши хизматрасонӣ: 1 сомонӣ дар як рӯз.
Фаъолсозии хизматрасонӣ: *1191*7#
Қатъи хизматрасонӣ: *1191*7*0#

Барои истифодаи трафики интернет пардохти алоҳида мутобиқи нақшаи тарофавӣ/опсия/баста ситонида мешавад.

Нархҳо бо назардошти ААИ ва акциз нишон дода шудааст.