Интернет
Барномаҳои мобилӣ

Tcell-и ман

Фақат ба худ боварӣ дорӣ? Мехоҳи хизматрасониҳо ва опсияҳоро мустақилона идора кунӣ? Тарофаи қулай ва хизматрасониҳои муфидро бо як ангуштзанӣ интихоб намо!
 
«Tcell-и ман» - утоқи шахсиест, ки идоракунии хизматрасониҳои алоқаро аз экрани телефони мобилӣ имкон медиҳад.

Боргузории аввалаи барнома мутобқи нархномаи нақшаи тарофавӣ ва ё аз ҳисоби трафики бастаи интернети дар муштарӣ мавҷудбуда ҳисобида мешавад. Боргузориҳои минбаъда ва азнавроҳандозии маълумот барои ҳамаи муштариёни Tcell ройгон сурат мегирад. Барнома метавонад оффлайн (бидуни сессияи фаъоли интернет) кор кунад, муштарӣ метавонад хизматрасониро пайваст ва хомуш намояд.

Дар барнома азназаргузаронӣ ва идораи:


Хизматрасонии «Tcell-и ман» қудрати иҷро намудани як қатор хизматрасониҳои машваратӣ, аз қабили хадамоти иттилоотӣ (7070; 8080) ва тавсияҳо дар марказҳои хизматрасониро дорад.
Барномаи мазкур барои муштариёни ҳам воқеӣ ва ҳам ҳуқуқӣ дастрас аст. 
Истифодабарӣ аз барномаи мазкур ҳангоми қарор доштан дар марзи Ҷумҳурӣ ройгон буда, барои истифодаи он берун аз марзи Ҷумҳурӣ трафики интернет мувофиқи нархномаи роумингӣ ҳисобида мешавад. 
«Tcell-и ман»-ро метавонед дар платформаҳои Android, iOS, Java, аз Google Play, App Store ва сомонаи www.tcell.tj дастрас ва боргузорӣ намоед. Инчунин барнома дар веб-сайти my.tcell.tj дастрас аст.

ДИҚҚАТ: Дастрасӣ ба муфассалоти зангҳо ва дигар маълумотҳои бақайдгирӣ пас аз воридшавӣ ба сомонаи my.tcell.tj ё барномаи мобилӣ пешниҳод карда мешавад. Дастурамал оиди гирифтани муфассалоти зангҳо дар қисми «Дастурамали бақайдгири» нишон дода шудааст. Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки муфассалоти зангҳо танҳо барои моҳи ҷорӣ ва моҳи гузашта пешниҳод карда мешаванд.

Шартномаи пешниҳоди дар таҷҳизотҳои мобилии (PDF)
  • Дастурамали бақайдгири

    Барои барномаи мобилӣ:

    Барномаро кушоед → тугмачаи «Иҷоза»-ро пашх намоед → рақамро ворид намоед → тугмачаи «Қабули рамз»-ро пашх намоед → рамзи қабулшударо ворид намоед → тугмачаи «Ворид шудан»-ро пашх намоед → Танзимҳо → Email → бақайдгирии Email. Баъд аз гузаштани ҳамаи қадамҳои бақайдгирӣ, Шумо метавонед муфассалоти зангҳоро (детализатсияро) пурсиш намоед.
    Эзоҳ: Дар дастгоҳҳо бо системаи оператсионии Android рамзи қабулшуда автоматӣ хонда мешавад.

    Барои веб-сомонаи my.tcell.tj:
    Ба сомонаи my.tcell.tj ворид шуда аз тарафи дасти рост «Барои дидани тавозунҳо мушаххасотро гузаред» пахш намоед. Баъдан рақами худро ворид намоед ва тугмачаи «Қабули рамз»-ро пахш намоед. Пас аз омадани рамз ба раками Шумо, дар сатри «Рамз» чинда, тугмачаи «Ворид шудан»-ро пахш намоед. Пас аз бақайдгирии бомуваффақият, дар Ҳуҷраи шахси қисми «Профил»-ро интихоб намоед ва дар танзимҳо E-mail-ро зер кунед. E-mail-и худро бақайд гиред ва метавонед муфассалоти зангҳоро (детализатсияро) пурсиш намоед.

  • Сиёсати махфият
             Сиёсати мазкур чӣ гуна аз тарафи ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (минбаъд «Оператор») ба даст оварда шудани маълумот, чамъоварӣ ва истифодаи маълумот дар веб-сайти воқеъ дар www.tcell.tj («Сомона»), дар таъминоти барномавии «Tcell-и ман» (Барномаи «Tcell-и ман») ва дигар маҳсулот ва хизматрасониӽо, ки дар веб-сайти www.tcell.tj (ҳамаи дар боло зикргардида дар якҷоягӣ — «Хизматрасониӽо») пешниӽод карда мешавад, муайян месозад.
                  Ӽангоми воридшавӣ ба Сомона ё истифодабариии Хизматрасониӽо Муштарӣ қоидаҳо ва шартҳои дар Сиёсати мазкур зикргардидаро, ки метавонад бо мурури замон тағйир ёбад, қабул мекунад. Ҳар вақте, ки Муштарӣ вориди Сомона мешавад, ё аз Хизматрасониҳо истифода мебарад оиди он, ки Оператор маълумоти пешниӽод намудаи Муштариро дар тартиби дар Сиёсати мазкур зикргардида ҷамъоварӣ, истифода ва ошкор месозад розигии бевоситаи худро тасдиқ менамояд.
                  Шарӽи истилоҳоти истифодашаванда: ӽангоми истифода аз ибораи «Маълумоти шахсӣ» дар Сиёсати мазкур, Оператор маълумотро дар бораи Муштарӣ, ки барои муайян кардани шахсияти Муштари имкон медиӽад дар назар дорад, масалан, ном, суроғаи почта ва суроғаи почтаи электронӣ, маълумот оиди пардохтӽо ё рақами телефон, ва инчунин дигар маълумоте, ки оммавӣ нест ва марбут ба чунин маълумоти шахсӣ мебошад. Ӽангоми истифода аз ибораи «Маълумоти анонимӣ», Оператор маълумоте, ки барои муайян кардани шахсияти Муштарӣ имкон намедиӽад ё вобаста ба Маълумоти шахсии Муштарӣ ба монанди маълумоти дар раванда ҷамъоварӣ, коркард ва пешниҳоди иттилоот дар намуди ниӽоӣ, маълумоти умуми демографӣ ва IP-суроғаӽо. Маълумоти анонимӣ барои муайян кардани шахсият ӽатман имкон намедиӽад.

    1. Ҷамъоварӣ ва истифодаи маълумот
    Ҳангоми насби Барномаҳои «Tcell-и ман» ва азқайдгузарӣ дар Замимаи «Tcell-и ман» Муштариро зарур аст, ки рақами телефони худро ворид намуда рамзи махфӣ барои ворид шудан ба барнома эъҷод намофд.

    2. Ошкоркунии иттилоот
     Оператор оиди истифофдабарандагон ягон маълумотро ба тарафӽои сеюм барои истифода пешниӽод намекунад, намефурушад ва паӽн намекунад, ба ғайр аз ҳолатҳои дар зер зикргардида. Оператор метавонад Маълумоти шахсиро ошкор намояд, агар зарур шуморад, барои:
             a) ҷиӽати иҷрои талаботи қонун ё қарори суд нисбати Муштарӣ;
             b) ҳифзи ҳуқуқ ё моликият;
             c) таъмини амнияти шахсии истифодабарандагони Хизматрасониҳо ё намояндагони аҳли ҷомеа дар ҳолатҳои фавқулодда.
     Барои пешниҳод намудани хизматрасониҳои зарурӣ Оператори баъзан метавонад, ӽангоми зарурат, Маълумоти шахсӣ ва маълумот интиқолшавандаро ба шарикони-таъминкунандагони хизматрасонии ва/ё агентамон пешниӽод намояд, масалан: ташкилотҳои бонкӣ ё дигар таъминкунандагони хизматрасониӽои пардохтӣ ва таҳлилӣ, дастгирии мизоҷон ва ё хостинг. Оператор ҳамеша аз чунин тарафҳои сеюм талаб мекунад, ки ҷиӽати ҳифзи маълумоти шахсӣ ва маълумоти итиқолшаванда чораӽои зарурии маъмурӣ ва техникӣ андешида шуда, инчунин қонунгузории дахлдор риоя карда шавад. Оператор метавонад маълумотро дар ҳолатҳои барои таъмини амнияти миллӣ, тадбирҳои ҳифзи ҳуқуқ ё дигар вазифаҳои муҳими ҷамъиятӣ зарурӣ ошкор намояд. Оператор давра ба давра метавонад аз Муштарӣ маълумотро оиди таҷрибаи истифодабарӣ дархост намояд, ки баъдан онро Оператор барои арзебӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ истифода мебарад. Муштарӣ ба ҳеҷ ваҷҳ барои пешниӽоди чунин маълумот ӯҳдадор нест. Тамоми намуди маълумоте, ки Муштарӣ бо хоӽиши худ дар шакли иртиботӣ дар Сомона ё дар ягон тадқиқот пешниӽод менамояд, ки ҷиӽати иштирок дар онҳо Муштарӣ розӣ шудааст, барои омӯзиши тафсирӽо ва беҳтгардонии Хизматрасонӣ ва барнома мобилӣ Оператор истифода бурда мешавад. Оператор метавонад ба Муштарӣ дар бораи хатогиҳо ва муаммоӽои пешниӽоди хизматрасониӽо паём ирсол намояд.
     Оператор, инчунин барои истифодаи почтаи электронӣ ё SMS бомақсади огоӽ намудани муштарӣ оиди ҳар гуна иддаӽои имконпазири вобаста ба истифода аз Хизматрасонӣ, барномаи мабилӣ ва/е маҳсулот, аз ҷумла, бидуни маҳдудият, даъво оид ба вайрон кардани ҳуқуқи тарафӽои сеюм ӽуқуқ дорад.

    3. Бехатарӣ
    Оператор оиди ҳифзи Маълумоти шахсӣ ҷиӽати истифодаи номатлуб, талафот ва дастрасии ғайриқонунии он чораӽои ҷиддӣ меандешад. Гарчанде, ки Оператор оиди ба объекти дастрасии ғайриқонунӣ табдил нагардидани Маълумоти шахсӣ кафолат дода натавонад ӽам, оиди ӽифзи Маълумотӽои шахсӣ чораҳои ҷисмонӣ, электронӣ ва расмиётӣ чораӽо меандешад.

    4. Ворид намудани тағйирот ба Сиёсат.
    Ӽар вақт Оператор метавонад Сиёсатро аз нав дида барояд. Оператор барои навсозӣ ё тағйир додани Сиёсат, ӽамчу сиёсату расмиётӽои дигар, ӽар вақт бо огаӽии пешакӣ ва ё беогаӽии пешикӣ ҳуқуқ дорад. Аммо Маълумоти Шахсиро бо ҳама гуна роҳи аз Сиёсати мазкур ба таври назаррас фарқкунанда, бе пешниҳоди имконияти истиснои чунин истифодабарӣ барои Муштарӣ Оператор истифода намебарад. Оператор Сиёсати аз нав баррасӣ карда шударо дар Сомона нашр мекунад, то ин, ки барои истифодабарандагон имконият ҷиӽати ҳамеша воқиф шудан аз он, ки чӣ гуна маълумотро Оператор ҷамъ меоварад, чӣ гуна он маълумот истифода бурда мешавад ва дар кадом ӽолатӽо метавонад ошкор карда шавад, фароӽам бошад. Муштарӣ розӣ мешавад, ки давра ба давра бо шартҳои Сиёсат ошно мегардад, то ин ки аз ҳамагуна тағйирот огаӽ бошад. Муддати дуру дарози истифодабарии Сомона, маънои онро дорад, ки муштарӣ бо ҳар гуна тағйирот ва шароити Сиёсат розӣ аст. Ӽангоми норозигӣ Муштарӣ набояд аз Сомона, Замимаи «Tcell-и ман» ё ҳама гуна Хизматрасониҳои дигар истифода барад.

    5. Маълумот барои тамос оиди масъалаҳои марбут ба Сиёсати мазкурро Муштарӣ метавонад бо суроғаи зерин рисол намояд:
    ҶСП «Индиго Тоҷикистон»
    Рудакӣ 34 (Tcell Plaza)
    Факс: +992 37 223 21 23
    Душанбе, Тоҷикстон

    Сиёсати махфият (PDF)
app-store-iconandroid-prototyping-tool.png    AppStore_logo.png    Googleplay_logotj.png   java.gif


printer.png

Чопи саҳифа