Хизматрасониҳо
Хизматрасониҳои абонентӣ

Ҷузъиёти зангҳо

Ҷузъиёти тамос ва ё ба истилоҳи маъмул “детализатсия”- нашри хидматрасониҳои алоқаи мобилӣ дар давраи муайян мебошад. Яъне, тавассути ҷузъиёти зангҳои мобилӣ метавон муайян кард, ки кай ва аз кадом шумора ба шумо занг задаанд, ё ба кадом рақами мобил тамос гирифтаед, арзиши ин зангҳо чӣ қадар аст, ба кадом шумора пайёмак ирсол шудааст, аз кадом рақам пайёмак гирифтаед, инчунин масрафи трафики интернет дар ин муддат чӣ қадар аст. Дар детализатсияи тамос маълумот дар бораи пардохти моҳонаи муштарӣ, пардохти якдафъаина ва пардохти таҷҳизот шомил намешавад. Аз ин сабаб, маблағи дар детализатсия пешниҳодшаванда шояд аз нархи дар суратҳисоб дарҷгардида тафовут дошта бошад. Ҳамзамон, детализатсия метавонад дар рӯзи нашр нопурра бошад, он бо иловаи хидматрасонии роуминг ва муҳлатҳои баъдӣ комил шуда метавонад. Ҷузъиёти ҷамъбастии зангҳои мобилӣ дар муддати 30 рӯз таҳия ва дастрас мегардад.

Ҷузъиёти тамосро бо шеваи зайл дастрас кардан мумкин аст:
Нархҳо дар сомонӣ бо назардошти ААИ ва аксиз нишон дода шудаанд.


printer.png

Чопи саҳифа