Роуминг
Дигар имкониятҳо

Саволҳои бештар пурсидашаванда

Савол Ҷавоб
Дар кадом кишварҳо хизматрасонии Роуминг кор мекунад? Руйхати роуминг-шарикон/давлатҳоро дар сомонаи ширкат пайдо кардан мумкин аст:
- Роуминги Воқеӣ/Осон (бо тарофагузорӣ дар реҷаи онлайн) ин ҷост
- Роуминги байналмилалии автоматӣ (бо тарофагузорӣ дар реҷаи паспардохт) ин ҷост
Пайвастшавии хизматраоснии роумингро дар рақами худ ман чӣ гуна метавонам тафтиш намоям?
Шумо мустақилона метавонед пайваст будан ё набудани хизматрасонии роумингро ба воситаи барномаи Tcell-и ман/ Хуҷраи шахсӣ/ Руйхати хизматрасониҳо ё тариқи ирсоли USSD-фармони star.gif6.gif0.gif1.gifstar.gifhash.gifUntitled-2-111111`.gif тафтиш кунед. Тафтиш ба воситаи USSD-фармон танҳо то лаҳзаи берун шудан аз қаламрави Тоҷикистон имконпазир мебошад.
Чӣ тавр хизматрасонии роуминги Воқеӣ/Осон-ро пайваст/хомуш кардан мумкин аст?
Пайвастшавӣ ба воситаи USSD-фармонҳои зерин, танҳо то лаҳзаи аз қаламрави Тоҷикистон берун шудан имконпазир аст:

Роуминги воқеӣ: Пайвастшавӣ star.gif6.gif0.gif1.gifstar.gif1.gifhash.gifUntitled-2-111111`.gif Хомушкунӣ star.gif6.gif0.gif1.gifstar.gif2.gifhash.gifUntitled-2-111111`.gif

Роуминги осон: Пайвастшавӣ star.gif6.gif0.gif7.gifstar.gif1.gifhash.gifUntitled-2-111111`.gif Хомушкунӣ star.gif6.gif0.gif7.gifstar.gif1.gifhash.gifUntitled-2-111111`.gif

Инчунин пайвастшавӣ/хомушкунии хизмарасонӣ дар вақти дилхоҳ ба воситаи барномаи Tcell-и ман/ Хуҷраи шахсӣ/ Руйхати хизматрасониҳо, ҳангоми дастрас будани хизматрасонии Интернет имконпазир мебошад.
Кадоме аз ин хизматрасониҳо бароям беҳтар аст, Роуминги воқеӣ ё Роуминги осон?
Агар Шумо ба яке аз кишварҳои ҳамсоя сафар кардани бошед (Ӯзбекистон, Афғонистон, Қирғизистон), мо ба бароятон тавсия мекунем, ки  хизматрасонии роуминги Воқеиро пайваст кунед, зеро пас аз бозгашт аз кишвари дигар ба  Тоҷикистон, ҳангоми сафар кардан тавассути минтақаҳои бо ин кишварҳо назди сарҳадӣ, зарурати хомӯш кардани хизматрасонӣ нест. Тафсилоти бештар дар ин ҷост. Тарофабандӣ, рӯйхати хизматрасониҳои мавҷуда ва кишварҳо (ба ғайр аз Ӯзбекистон, Афғонистон, Қирғизистон), барои хизматрасонии Роуминги воқеӣ ва Роуминги осон якхела аст. 
Чӣ тавр ман метавонам ҳаноми ба кишвари дигар ворид шуданам боварӣ ҳосил кунам, ки хизматрасонии роуминг дар рақами ман бомуваффақият пайваст шудааст? Боварӣ ҳосил намоед, ки Шумо дар шабакаи роуминг шарики тавсияшаванда бо муваффақият қайд шудаед. Баъд аз қайдшавии муваффақ, дар дисплеи телефони Шумо коди шабака ва / ё номи роуминг шарики интихобшуда инъикос мешавад. Минбаъд, қабл аз иҷрои ҳар як занг, тавсия дода мешавад, ки аз қайди телефон дар шабакаи интихобшуда боварӣ ҳосил кунед.
Агар дар кишваре, ки ман сафар мекунам, хизматрасоиҳои Роуминги воқеӣ/осон дастрас набошад, чӣ мешавад? Дар чунин ҳолат, Шумо метавонед аз хизматрасонии Роуминги байналмилалии автоматӣ истифода баред, бо шартҳои пайвастшавӣ метавонед дар ин ҷо ошно гардед.
Оё фаъол намудани хизматрасонии Роуминги байналмилалии автоматӣ баъд аз қаламрави Тоҷикистон берун гаштан имконпазир аст? Мутаассифона, ғайриимкон аст, бинобар он, ки барои пайваст кардани хизматрасонии РБА Шуморо лозим аст, ки ба маркази хизматрасонии ширкат омада ариза нависед ва тавозуни худро ба 100 сомонӣ ё зиёда аз он пурра намоед.
Агар Шумо мизоҷи корпоративӣ бошед, бояд ба шахси масъули ташкилоти худ, ё бевосита ба корманди тамосии Tcell, ки ба ташкилоти Шумо вобаста карда шудааст дархост ирсол намоед.
Чӣ тавр ман метавонам аз зангҳои роуминг сарфа намоям? Бароятон тавсия мекунем, ки аз хизматрасонии «Ба хона занг зан» истифода баред. Хизматрасонии мазкур ба Шумо имкон медиҳад, ки ба рақамҳои Tcell арзонтар занг занед. Тафсилоти бештар дар ин ҷо ва ё дар барномаҳои мобилии Tcell-и ман / Роуминг / Хизматрасонии «Ба хона занг зан».  Хамчунин, Шумо метавонед, аз хизматрасонии «Ба ман занг занед», ки ба Шумо барои ирсол намудани дархости ройгон бо хоҳиши бароятон занг заданро имкон медиҳад, истифода баред. Тафсилоти бештар дар ин ҷо ва ё дар барномаи мобилӣ Tcell-и ман / Хизматрасониҳо / Хизматрасониӽо ҳангогми сифр / Ба ман занг занед / SOS.
Оё ман метавонам, ҳангоми пайваст будани хизматрасониҳои Роуминги Воқеӣ ё Роуминги Осон аз хизматрасонии Интернет истифода кунам? Бале, метавонед, аммо на дар ҳамаи кишварҳо. Маълумотро оиди нархҳо ва давлатҳое, ки хизматрасонии интернет он ҷо дастрас аст, метавонед дар сомонаи ширкат, дар фасли Барои мушатриён/Роуминг ё дар барномаи мобилии Tcell-и ман/ Хизматрасониҳо/ Роуминг/ Роуминги воқеӣ пайдо кунед.
Чӣ тавр хизматрасонии Интернетро дар роуминг пайваст кардан мумкин аст? Ягон танзимоти иловагӣ барои истифода бурдани Интернет дар роуминг лозим нест. Дар сурати дастнорас будани хизматрасонӣ, бояд ба танзимоти телефон / интиқоли маълумотҳо ворид шуда, дар сатри APN нуқтаи дастрасии “tcell”-ро қайд кунед.
Агар дар шабака қайд шуда натавонам, чӣ бояд кард? - Кушиш кунед, ки шабакаи лозимиро ба таври дастӣ аз руйхати шабакаҳо дар менюи телефон интихоб кунед
- Шояд ҳадди хомуш гардидани хизматрасони расидааст ва барои дубора истифода кардани хизматрасонӣ бояд ба тавозуни худ пардохт намоед
Агар занги содиротиро анҷом дода натавонам, чӣ бояд кард? - Аз дурустии тарзи чида шудани рақаме, ки занг мезанед (дар формати байналмиллӣ, яъне + коди давлат, коди шаҳр ё рақами шабакаи мобилӣ, рақам) боварӣ ҳосил кунед
- Телефонро хомуш кунед. Баъдан онро гирон карда кушиш кунед, ки аз нав дар шабакаи роуминг шарик қайд шавед
- Мумкин аст, ки барои занг задан маблағ дар ҳисобатон кофӣ нест, ё ба ҳадди хомушшавии хизматрасонӣ расидааст, ва барои аз нав истифода бурдани хизматрасонии роуминг, Шуморо лозим меояд, ки тавозуни худро пурра намоед
- Тафтиш кунед, ки оё дар телефони Шумо анҷоми загҳо манъ шудааст ё не: содиротӣ, содиротии байналмилалӣ ё содиротӣ, ба ғайр аз кишвари худ. Агар яке аз ин функсияҳо насб карда шуда бошад, онро тавассути менюи телефон хомуш намоед
Агар SMS ирсол карда натавонам, чӣ бояд кард? - Аз дурустии тарзи чида шудани рақаме, ки барояш SMS ирсол мекунед (дар формати байналмиллӣ, яъне + коди давлат, коди шаҳр ё рақами шабакаи мобилӣ, рақам) боварӣ ҳосил кунед.
- Шояд, ки барои ирсол намудани SMS-паём маблағ дар ҳисобатон кофӣ нест, ё ба ҳадди хомушшавии хизматрасонӣ расидааст, ва барои аз нав истифода бурдани хизматрасонии роуминг, Шуморо лозим меояд, ки тавозуни худро пурра намоед.
- Агар SMS фиристода шуда, аммо расонида нашавад, бояд ба Хадамоти иттилоотӣ-маълумотдиҳии Tcell ба рақами +992 93 505 0000 занг зада дархост гузоред. Занг пулакӣ, аз руи нархномаи зангҳо ба самти Тоҷикистон аз шабакаи интихобшуда ҳисобида мешавад.
Ӽангоми дар роуминг қарор доштан тавозуни худро чӣ тавр тафтиш кардан мумкин аст? Ба таври муқаррарӣ, тариқи USSD фармони *100# (тугмаи даъват) ё ба воситаи барномаи мобилии Tcell-и ман/ Хуҷраи шахсӣ тафтиш кардан мумкин аст.
Ман чӣ тавр метавонам тафтиш кунам, ки барои хизматрасониҳои Роуминги воқеӣ ё Роуминги Осон чӣ қадар маблағ масраф кардаам? Шумо мустақилона метавонед хароҷоти худро барои хизматрасонии роуминг тариқи барномаи Tcell-и ман/ Хуҷраи шахсӣ/ Хароҷот/ Роуминг тафтиш намоед. (танҳо хароҷоти моҳи ҷорӣ нишон дода мешавад).
Оё ҳангоми дар роуминг қарор доштан ба хадамоти иттилоотиву маълумотдиҳии Tcell занг задан мумкин аст ва чӣ қадар арзиш мешавад? Бале, Шумо метавонед ба маркази иттиллоотӣ – маълумотдиҳӣ ба рақами +992 93 505 0000 занг занед. Занг пулакӣ – мувофиқи тарофагузории зангҳои шабакаи интихобшуда ба самти Тоҷикистон арзиш мешавад.
Оё USSD-фармонҳо дар роуминг кор мекунанд? Дар аксар шабакаҳои роуминг-шарикон истифодаи USSD-фармонҳо дастрас аст, аммо баъзеи роуминг-шарикон истифодаи онро катъ мегардонанд.
Оё ягон хизматрасонии иловагиро ҳангоми дар роумиг қарор доштан пайваст кардан мумкин аст? Ӽамаи хизматрасониҳои иловагӣ асосан барои истифодабарӣ дар дохили Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Дар роуминг хизматрасониҳои асосӣ, аз қабили зангҳои овозӣ, ирсол ва қабули SMS-паёмҳо, GPRS (internet, wap, mms), ва ҳамчунин муайякунанадаи рақамҳои махфӣ ва почтаи овозӣ (танҳо қабули SMSА, занг задан ва шунидани паёми овозии боқӣ гузошташуда ғайри имкон мебошад).
Суръати Интернет дар роуминг чӣ гуна аст? Гуногун, вобаста ба реҷаи шабакаи интихобшудаи телефон зери пахши мавҷи (2G/3G) ва имкониятҳои техникии шабакаи роуминг-шарик.
Оё дар роуминг занги видеоӣ зада мешавад? Не.

printer.png

Чопи саҳифа