Тарофаҳо
Иқдомҳо

Иқдоми «Интернет ҳамчун тӯҳфа!»

Ширкати Tcell иқдоми «Интернет- ҳамчун тӯҳфа» -ро эълон менамояд, ки дар он муштариёни ширкат ҳангоми пур кардани тавозунашон бастаи Интернети мобилиро ҳамчун тӯҳфа мегиранд. Ҳар қадар, ки маблағи пуркарда зиёд бошад, ҳамон қадар бастаи Интернети тӯҳфа бештар мешавад!

Барои иштирок дар аксия шартҳои душворро иҷро кардан ё ба қайд гирифтан ва пардохти ҳеч гуна комиссия зарур нест, маблағи ҳисоб ба пуррагӣ ба тавозуни муштарӣ гузаронида мешавад. Ҳар муштарӣ имкон дорад ба таври инфиродӣ дар бораи шартҳои пур кардани тавозун ва ҳаҷми трафики тӯҳфа бо рақами кӯтоҳи 255 маълумот гирад. Бастаи тӯҳфаи Интернетро дар як моҳ як дафъа гирифтан мумкин аст.

Тафтиши бақияи трафики Интернет
Фармон барои даст кашидан аз иштирок аз иқдом
Фармон барои бозгашт

  • Дар иқдом муштариёне, ки тарофаҳои нақшавии «Аъло», «Даркор», «Саломатӣ», «Next», «Бале», «Осон», «Фасон», «Сӯҳбати Шаҳрӣ», «Сӯҳбати Суғди», «Сӯҳбати бемалол», «Тиҷорат», «Имтиёз», «Соҳибкор», «Corporate», ҳамчунин ҷадвали тарофаҳои «Аввалин* 2016», «Ҳамкор», «Бизнесмен» ва «Интернет» иштирок карда метавонанд.
  • Дар аксия ҳамаи пардохтҳо тавассути низомҳои пардохтӣ, кортҳои экспресии пардохтӣ, пардохтҳои нақдӣ дар марказҳои хидматрасонӣ иҷозат дода мешаванд. Дар иқдом пардохтҳои зерин ба назар гирифта намешаванд: «SMS пул», «Интиқоли мобилӣ», «Пардохти муваққатӣ» ва «Кӯмаки фаъол», инчунин пур кардани тавозун тавассути ҳамёни TezSum.
  • Пас аз пур кардани тавозун, ба муштарӣ тавассути SMS барои фаъол намудани трафики Интернет фармон фиристода мешавад.
  • Аксия то 31.12.2020 эътибор дорад. Бастаи тӯҳфаҳои Интернетиро дар як моҳ як маротиба дастрас кардан мумкин аст.

Дар фаъолияти худ, ширкати Tcell мунтазам аксияҳо мегузаронад, ба муштариён тахфиф ва хидматҳои беназирро пешниҳод мекунад, ҳамчунин онҳоро дар мақоми бартарӣ мегузорад. Иқдоми «Интернет- ҳамчун тӯҳфа» ҳадяи ширкат ба муштариён ба унвони содиқ будан ва интихоби Тсеll ҳамчун оператори алоқа мебошад.