Хизматрасониҳо
Пур кардани ҳисоб

SMS-маблағ

Хизматрасонии мазкур барои муштариёни «Тсеll» интиқол намудани маблағро аз суратҳисоби худ ба суратҳисоби дигар муштарии «Tcell» ба воситаи ирсол намудни SMS-паём ба рақами кутоҳи [202] имкон медиҳад.

Арзиши ҳар як SMS-паёми ирсолшуда – 0,0612 сомонӣ.
Такроран интиқол намудани маблағ ба суратҳисоби як муштарӣ давоми 30 дақиқа ғайриимкон аст.
Хизматрасонӣ барои тарофаҳои Next 2016, Ҳамкор ва Бизнесмен дастрас нест.
Маблағи интиқол метавонад аз 1 то 500 сомониро ташкил кунад.
Интиқоли маблағи аз 1 сомонӣ камтар номумкин аст.
Маблағеро, ки баъд аз интиқоли он дар суратҳисоби интиқолкунанда аз 5 сомонӣ камтар боқӣ мемонад, ҳангоми ирсол дар матни SMS-паём нишон додан мумкин нест.

Дастурамал барои истифодабарӣ

Қайди рамзи махфӣ:

Барои фаъолгардонидани хизматрасонии «SMS-маблағ» муштарӣ бояд пеш аз ҳама рамзи махфии худро дар системаи биллингӣ, тариқи ирсоли SMS-паём ба рақами кутоҳи 202 аз қайд гузаронад. Шакли SMS-паём бояд чунин бошад: 0*коди PIN 2*рамзи махфӣ.

дар ин ҷо:
«коди PIN 2» – ин коди PIN 2-и сим-корти муштарие, ки SMS-паём ирсол мекунад (коди қаблии дар система маҳфузшуда);

«рамзи махфӣ» – рамзи махфии ягонаи муштарӣ (беҳтараш дар рақам, миқдори ниҳоятӣ 20 рақам) барои хизматрасонии «SMS-маблағ»;

Қайди такрории рамзи махфӣ номумкин аст.

Интиқоли маблағ:
Баъд аз бомуваффақият азқайдгузаронидани рамзи махфӣ, муштарӣ метавонад аз хизматрасонии мазкур тариқи ирсоли SMS-паём дар шакли: 1*рамзи махфӣ*рақами телефон*маблағ истифода барад.

«рақами телефон» – ин рақами телефони муштарие, ки ба тавозунаш аз суратҳисоби муштарии SMS-паём ирсолкунанда маблағ интиқол карда мешавад. Масалан: 9929XXХХХХХХ и 9XXХХХХХХ);
«маблағ» – андозаи маблағи интиқолшаванда дар сомонӣ.

Дар сурати интиқоли бомуваффақият, ба муштарии ирсолкунанда ва ба муштарие, ки барояш маблағ интиқол курда шудааст, оиди интиқоли маблағи мазкур SMS-паёми огаҳӣ равона карда мешавад.
Ҳамзамон дар ҳисоби муштарии SMS-маблағ қабул карда:
- пардохти мусбӣ дар сомонӣ аз номи муштарии истифодабаранда ворид карда мешавад;
- дар сатри «иттиллоот» маълумот оиди рақами телефони «интиқокунандаи» мабмлағ нишон длода мешавад.

Тағйири рамзи махфӣ:

Бо мақсади бехатарӣ ба муштариён тафсия карда мешавад, ки рамзи махфии худро бо истифода аз ирсоли SMS-паём ба рақами кутоҳи 202 дар формати: 2*рамзи махфии пешина*рамзи махфи навтағйир диҳанд.

Инчунин тавсия карда мешавад, ки телефон ба дасти дигарон дода нашавад ва SMS-паёмҳои ба рақами на 202 ирсолшуда фавз карда шавад..

Нархҳо дар сомонӣ бо назардошти ААИ ва аксиз нишон дода шудаанд.


printer.png

Чопи саҳифа