Бастаи «SMS-Экстра»

Мехоҳед бо як амал хабарҳоро ба гурӯҳи дӯстонатон фиристонед?
Тавре кунед, ки SMS дар вақти муайян ирсол шавад?
SMS-ҳои бо рамз махфӣ кардаро фиристонед?
SMS-хабарҳои нофорамро бекор намоед?
Дорои SMS-котиб шавед?

Бо хизматрасонии бастаи «SMS-Экстра» миқдори зиёди имкониятҳои иловагиро ҳангоми ирсол намудани SMS мегиред. Дар мавриди истифодабарии бастаи «SMS-Экстра» шумо фақат пули ирсоли SMS-ро тибқи тарофаи худ пардохт менамоед.

Барои васлшавӣ ба бастаи «SMS-Экстра» SMS-ро бо матни:
<рамзи шахсӣ (пароль) фосила 1> ба рақами 701 ирсол намудан лозим аст.
Рамз бояд аз рақамҳо - то 6 рақам – иборат бошад
Намуна: 123456 1

Барои иваз намудани рамз, SMS-ро бо матни:
<рамзи шахсӣ><фосила>PWD ё ПАР<фосила><рамзи нав> - ирсол намудан лозим аст
Намуна: 123456 PWD 765432 

PWD ва ПАР бояд бо ҳарфҳои калон навишта шавад.

Пас аз валшавӣ ба хизматрасониҳои зерин дастрас мешаванд:

- Тарофабандӣ барои васлшавӣ - ройгон
- Пардохти абонентӣ - нест
- Тарофабандии SMS-ҳои содиротӣ – тибқи тарофаи муштарӣ
- Тарофабандии SMS-хабарҳо ба рақамҳои 701, 704, 706, 707 – ройгон

  • SMS Махфӣ

    Хабарҳои бо рамз махфӣ кардаро ирсол намоед!
    SMS Махфӣ имконият медиҳад, ки SMS-хабарҳое, ки танҳо ба воситаи рамзи махфӣ хонда мешаванд, қабулу ирсол намоед.

    Дастурамал барои истифодабарӣ:
    Барои ба кор бурдани ин опсия, рамзе, ки пештар муқаррар карда будед, истифода баред. Дӯстоне, ки шумо ба онҳо хабарҳои махфӣ ирсол менамоед, бояд инчунин ба хизматрасонии бастаи «SMS-Экстра» пайваст шаванд ва рамз гузоранд. Барои ирсоли хабари махфӣ ба дӯстатон, ки ба опсия васл шудааст, чунин матн нависед:
    #<фосила>матни хабар.
    Намуна: # баъд аз 20 дақиқа ба ман занг зан.
    Барои хондани хабари махфӣ, ба рақами 707 фармони:
    <рамзи шахсӣ><фосила>G (лотинӣ) ё П (кирилликӣ) равон намоед
    Намуна:123456 G

  • SMS Рӯйхати сиёҳ

        SMS-хабарҳои нофорамро бекор намоед!
        SMS Рӯйхати сиёҳ имконияти танзими қабулу ирсоли SMS-хабарҳо аз шахсони лозимию нофорам медиҳад.

        Дастурамали идоракунӣ:
        Барои дохил намудани рақам ба Рӯйхати сиёҳ, SMS-хабарро ба рақами 704 бо матни:
        <рамзи шахсӣ><фосила>ADD ё АДД <фосила> <рақами муштарӣ бо намуди байналмиллалӣ> фиристодан лозим аст.
        Намуна: 123456 ADD 992935XXXXXX
        Барои хориҷ намудани рақам аз Рӯйхати сиёҳ, SMS-хабарро ба рақами 704 бо матни:
        <рамзи шахсӣ><фосила>DEL ё ДЕЛ<фосила> < рақами муштарӣ бо намуди байналмиллалӣ> фиристодан лозим аст
        Намуна: 123456 DEL 992935XXXXXX
        Барои гирифтани рӯйхати рақамҳое, ки ба Рӯйхати сиёҳ дохил шудаанд, SMS-хабарро ба рақами 704 бо матни:
        <рамзи шахсӣ ><фосила>N (лотинӣ) ё H (кирилликӣ) ирсол намудан лозим аст
        Намуна: 123456 N
        Ба Рӯйхати сиёҳи хизматрасонии «SMS Филтр» на зиёд аз 30 рақам дохил намудан мумкин аст.

  • SMS Мӯҳлатӣ

        Дӯстон ва наздиконатонро дар вақташ табрик намоед!
        SMS Мӯҳлатӣ имконот медиҳад, ки SMS-хабарро ба муштарӣ дар вақту соати муайян фиристед.

        Дастурамал барои истифодабарӣ:
        Агар шумо хоҳед, ки гиранда хабари шуморо дар фосилаи муайяни вақт гирад, SMS-ро чунин нависед:
        D<фосила><рӯзи хабар дар намуди DD.MM.YYYY HH:MI><фосила><матни хабар>
        Рӯзи хабар – рӯз ва соати дилхоҳи расонидани SMS. Рӯз ва вақтро дар намуди «DD.MM.YYYY» ва «HH:MM» нависед, чунки дар акси ҳол хабари шумо ҳамоно фиристода мешавад.
        Намуна: дӯсти шумо 10-уми октябр зодрӯз дорад, шумо барои табрики ӯ SMS-ро дар вақташ равон кардан мехоҳед. Барои ин ба рақами ӯ SMS бо матни:
        D 10.10.2012 12:00 Зодрӯз муборак! Ирсол намудан лозим аст.
        Агар шумо хоҳед, ки гиранда хабарро баъди фосилаи муайяни вақт гирад, чунин SMS нависед:
        M<фосила><миқдори дақиқа><фосила><матн>
        M – миқдори дақиқаҳое (аз 1 то 9999), ки баъд аз он хабарро бояд расонд.
        Намуна: M 45 Ура! Дарс тамом

  • SMS Котиб

    Котиби шахсии мобилии Шумо.
    SMS Котиб имкон медиҳад, ки намуди муфиди хабарро оиди банд будани шумо созиш медиҳад.

    Дастурамал барои истифодабарӣ:
    Барои илова намудани SMS-ҷавоб барои рақами муайян, ба рақами 706 SMS-хабарро бо матни:
    ADD ё АДД <фосила><рақам><фосила>МАТН-ро ирсол намоед
    Намуна:ADD 935ХХХХХХ Ман дар маҷлис.
    Барои илова намудани SMS-ҷавоб барои ҳамаи муштариён, ба рақами 706 SMS-хабарро бо матни:
    <матни хабар> фиристонед
    Намуна: Ман дар маҷлис.
    Барои бекор намудани ҳамаи хабарҳое, ки дар опсияи SMS Котиб барои муштарии муайян дохил шудаанд, SMS ба рақами 706 бо матни:
    DEL ё ДЕЛ <фосила><рақами муштарӣ> фиристед
    Намуна: DEL 935ХХХХХХ
    Барои бекор намудани ҳамаи хабарҳое, ки дар опсияи SMS Котиб барои тамоми муштариён дохил шудаанд, SMS ба рақами 706 бо матни:
    DEL ё ДЕЛ фиристед
    Намуна: DEL
    Матни ҷавоб набояд аз 128 рамзи лотинӣ ва ё 58 рамзи кирилликӣ зиёд бошад. Хабарҳои ҷавобӣ ба рақамҳои кӯтоҳ ва фиристодаҳои оператор равон шуда наметавонанд.

  • SMS Флэш

    Имконият медиҳад, ки SMS-и равоншуда дар дисплеи телефони гиранда нишон дода шавад.
    Мехоҳед бо дӯстонатон шӯхию бозӣ кунед – бо онҳо SMS-и “ғоибшаванда”-ро фиристонед! Баъд аз он, ки хабари ирсолшудаи шумо аз тарафи гиранда хонда шуд, он худ ба худ ба таври автоматикӣ аз хотири телефон тоза карда мешавад.

    Дастурамал барои истифодабарӣ:
    Барои фиристодани хабари «ғоибшаванда», хизматро фаъол накарда, SMS-ро ба намуди зерин нависед:
    !<фосила>матни хабар.
    Намуна: Имрӯз туро дар назди ЦУМ интизор мешавам


printer.png

Чопи саҳифа