Роуминг
Роуминги воқеӣ ва осон

Пайвастшавӣ ва шартҳои пешниҳод

Чи тавр хизматрасонии роуминги худро тафтиш намоям?

Барои санҷиши хизматрасонии роуминг амалӽои зеринро анҷом додан лозим аст:


Чӣ тавр хизматрасонии «Роуминги воқеӣ»-ро пайваст кардан мумкин аст?

Барои пайваст намудани хизматрасонии «Роуминги воқеӣ» амалӽои зеринро анҷом додан лозим аст:

Пайвастшавӣ ба хизматрасонии «Роуминги воқеӣ» бояд қабл аз ӽудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун гаштан анҷом дода шавад. Пайвастшавӣ ва хомӯш намудани хизматрасонӣ - РОЙГОН.

Чӣ тавр хизматрасонии «Роуминги осон»-ро пайваст кардан мумкин аст?

Барои пайваст намудани хизматрасонии «Роуминги осон» амалӽои зеринро анҷом додан лозим аст:

Пайвастшавӣ ба хизматрасонии «Роуминги Осон» бояд қабл аз ӽудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун гаштан анҷом дода шавад. Пайвастшавӣ ва хомуш намудани хизматрасонӣ - РОЙГОН.

Ӽадди хомуш гардидани хизматрасонӣ ва пардохти тавозун:

Ҳангоми расидани тавозуни мусбӣ ба 58 дирам ё аз он камтар, хизматрасонӣ ба таври автоматӣ қатъ карда мешавад. Ҳангоми пурра кардани тавозун ба 5 сомонӣ ва зиёда аз он, хизматрасонӣ ба таври автоматӣ боз карда мешавад.

Тарофабандӣ дар роуминг чӣ гуна сурат мегирад?

Ӽисобида шудани маблағ аз тавозуни муштарӣ барои истифодаи хизматрасониӽои «Роуминги воқеӣ» ё «Роуминги Осон» дар реҷаи вақти воқеӣ амалӣ карда мешавад.

SMS-ӽои воридотӣ тарофабандӣ намешаванд, яъне ройгонанд, хизматрасониҳои боқимонда мутобиқи нархномаӽои хизматрасониҳои РБА, ки дар ин ҷо оварда шудааст, тарофабандӣ мешаванд.

Ӽангоми дар роуминг қарор доштан, ӽамчунин, аз хизматрасонии ройгони «Ба ман занг занед», ки барои фиристодани смс-хабар ба муштариёни Tcell бо дархости ба Шумо занг задан имкон медиҳад, истифода бурдан мумкин аст. Маълумоти муфассалро дар ин ҷо дарёфт карда метавонед.

Барои муштарии аз Тоҷикистон ба рақами телефони муштарии дар роуминг қарордошта зангзадаистода, занги мазкур байналмилалӣ ба шумор намеравад ва ӽамчу занги муқаррарӣ ба рақами муштарии шабакаи Tcell тарофабандӣ карда мешавад. 

Кулли хизматрасониӽои дар шабакаи Tcell фаъолгардонидашуда, масалан, бастаҳои Интернет, дақиқаӽои бонусӣ, контент ва дигар хизматрасониӽо, ӽангоми дар роуминг қарор доштани муштарӣ амал намекунанд.

Занг ба хадамоти иттилоотӣ – маълумотрасонии ширкати Tcell пулакӣ буда, ӽамчун занги содиротӣ ба Тоҷикистон мутобиқи нархномаи шабакаи интихобшуда тарофабандӣ мешавад.

Хангоми дар роуминг қарор доштан тавсия дода мешавад, ки хизматрасонии интиқоли зангӽо (переадресаия) ба рақамҳои дигар муштариён хомуш карда шавад, бинобар он, ки интиқоли зангҳо ба таври автоматӣ сурат гирифта, мутобиқи тарофабандии зангҳои содиротӣ дар роуминг ӽисобида мешавад. Инчунин, пеш аз сафар тавсия карда мешавад, ки хизматрасонии «Ӽамеша дар алоқа» бинобар ӽамчун занги воридотӣ ӽисобида шудани занги ба почтаи овозӣ интиқолшуда, хомуш карда шавад. Маълумоти муфассал дар ин ҷо.


printer.png

Чопи саҳифа