Хизматрасониҳо
Пур кардани ҳисоб

Пур кардани ҳисоб дар Русия!

Муштарии мӯҳтарами Tcell!

Акнун, ҳангоми дар ҳудуди Русия буданатон, Шумо метавонед аз ҳисоби худ ва ё ҳисоби муштарии дигари Tcell-ро ба осонӣ пур намоед:

1. Тамоми терминалҳои QIWI.
Дар тамоми ҳудуди Русия беш аз 120 000 QIWI-терминалҳо вуҷуд доранд, ки нишонаашонро шумо метавонед бо истиноди зерин гузашта бинед: https://qiwi.com/replenish/map.action
Пуркунии ҳисоб бо рублҳои русиягӣ бо қурби QIWI Бонк (Русия) амалӣ мешавад. Қурб ҳангоми пуркунии ҳисоб дар экрани терминал нишон дода мешавад.
Дастурамали муфассалро оиди пуркунии ҳисоб Шумо дар инҷо меёбед: http://www.youtube.com/watch?v=wCVpbw0wxW8

2. Тавассути ҳисоби телефони мобилӣ ва пардохти онлайн бо PayFon24.
Барои пардохт кардан, ба https://payfon24.ru/tcell гузаред ва шакли пардохтро пур намоед. Аввал раками телефони мобилии муштарии Tcell-ро ки Шумо мехохед пур кунед, баъд раками телефонии мобилии Шумо дар Русия, ки аз хисобаш маблаг мегузаронед ва маблаги пардохтро ворид кунед.
Барои гузаронидани пардох комиссия ситонида мешавад, ки андозаи он дар поёни шакли пардохт нишон дода мешавад. Баъди пур кардани шакли пардохт тугмаи "Пардохт"-ро пахш кунед.
Сипас SMS-ро бо дархости тасдиқ намудани амалиёт интизор шавед. Сипас пардохтро тасдиқ кунед. 

3. Акнун муштариёни русиягии «МТС», «Мегафон», «Билайн» ва «Tele2» метавонанд, ҳисоби наздикон ва дӯстони худ – муштариёни Tcell Тоҷикистонро бо як ангуштзанӣ, осон ва оддӣ пурра намоянд.
То 15 000 рублро аз ҳисоби рақамҳои русиягии худ муштариёни «МТС», «Мегафон», «Билайн» ва ё «Tele2» метавонанд ҳар вақт, шабонарўзӣ, новобаста ба маҳалли қарор доштанашон интикол намоянд. Барои ин, ба саҳифаи низоми пардохтии «МОБИ.Деньги» ворид шудан ё ин, ки SMS-паёмро бо ишораи маблағи пардохт ба рақами 3116 ирсол намудан кофӣ аст.

Барои пардохт кардани хизматрасониӽои алоқаи мобилии Tcell Тоҷикистон, муштариёни «МТС», «Мегафон», «Билайн» ва ё «Tele2» метавонанд, ба воситаи SMS-паём аз телефони мобилии худ тавозунро пурра намоянд:

а. Ирсоли SMS ба рақами кутоӽи 3116 бо матни (намуна):

ин ҷо: XXXXXXX - рақами барои пурра кардани ҳисоб;
100 - маблағ бо рублӽои русӣ. Маблағи интиқол бо рубли русӣ нишон дода мешавад, хамчун адади бутун, бе фосила ё нуқтаву вергул, то 15000 рубли русӣ нишон дода мешавад.

б. Гирифтани SMS-паём аз Оператор бо маълумоти оид ба ӽисобида шудани маблағ ва хоӽиши тасдиқ намудани розигӣ барои пардохт.

в. Ирсол намудани SMS-паёми ҷавобии тасдиқкунанадаи пардохт.

г. Гирифтани SMS-паёми ҷавобӣ бо зикри хизматрасонии пардохтшуда ва маблағи ӽисобидашуда.

Шартҳои пешниӽоди хизматрасониӽои «МТС»
Шартҳои пешниӽоди хизматрасониӽои «Мегафон» 
Шартҳои пешниӽоди хизматрасониӽои «Билайн»
Шартҳои пешниӽоди хизматрасониӽои «Tele2»

Таваҷҷӯӽ:
Маблағӽо ба ӽисоби асосии Tcell Тоҷикистон гузаронида мешавад. Табдили асъор бо қурби муайянкардаи Бонки Марказии Федератсияи Русия дар лаҳзаи интиқол сурат мегирад. Ҳангоми табдил 3,5% аз ҳаҷми маблағи интиқол ситонида мешавад. Ҳангоми гузаронидани маблағҳои пулӣ аз телефонӽои мобилии «МТС», «Мегафон», «Билайн» ва ё «Tele2» ба рақами телефони Tcell Тоҷикситон комиссия бо тартиби зерин ӽисобида хоӽад шуд:

МТС – 3%
Мегафон – 6%
Билайн – 6% 
Tele2 – 7%

Пардохти комиссионӣ иловатан аз рақам ӽисобида мешавад, масалан: Агар Шумо рақами муштарии Tcell Тоҷикистонро аз рақамҳои «Мегафон» ба маблағи 100 рубли русӣ пурра намоед, пас дар SMS-паёми тасдиқкунанда дархост барои ӽисобидашудани 106 рубл мерасад.

4. Пурра намудани хисоби муштариени Tcell дар толорхои «Связной». Пардохт дар кассаи толор, аз тарафи кассир кабул гардида фоизи хизматрасони ба 0,5% баробар аст.


printer.png

Чопи саҳифа