Интернет
Барномаҳои мобилӣ

Чӣ Гап

«Чӣ Гап» - нахустин барномаи мобилии миллии тоҷикӣ барои смартфонҳо мебошад, ки имкони РОЙГОН анҷом додани загҳои овозӣ дар дохили барнома, ва ҳамчунин имконияти занг заданро ба рақамҳои мобилӣ ва шаҳрии Тоҷикистон бо нархҳои дастрас фароҳам меоварад.

Ба «Чӣ Гап»-и нав гузаред! Ширкати Tcell аз дубора фаъол гардидани нусхаи таҷдидшудаи замимаи “Чӣ Гап”, яке аз барномаҳои маъмул ва дӯстдоштатарини иртиботӣ дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он хабар дод. Яке аз хусусиятҳои асосии замимаи нав, ин баланд будани сифати алоқа ҳангоми зангҳои овозӣ ба телефонҳои хонагӣ ва мобилӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Нусха(версия)-и пешинаи барнома ба наздикӣ ғайрифаъол ва хомӯш карда мешавад. Шитобед, замимаи “Чӣ Гап” аз Tcell-ро тавассути Play Market ва ё App Store боргирӣ кунед. Видео - дастурҳо барои ворид шудан ба замимаи нав барои корбарони қаблан сабтшуда ва фаъол:


Cамти зангҳо Нархнома
Пардохти абонентии ҳаррӯза*
0,50 сомонӣ
«Чӣ Гап» ба «Чӣ Гап»
0 сомонӣ
«Чӣ Гап» ба Tcell (бе барнома)
0,10 сомонӣ
Занг ба дигар операторони мобилии Тоҷикистон
0,20 сомонӣ
Занг дар самтҳои байналмилалӣ
Мувофиқи тарофабандии зангҳо 
дар самтҳои байналмилалӣ
SMS-хабарҳо
«Чӣ Гап» ба операторони мобилии Тоҷикистон
0.05 сомонӣ
«Чӣ Гап» ба операторони  байналмилалӣ
0.50 сомонӣ
GPRS
Интиқоли маълумотҳо**
Мувофиқи тарофа

    * Пардохт як бор ва ФАҚАТ ҳангоми занг задан ва ё аснои қабули занги даромад ба замима танҳо барои тарофаҳои "Аввалин * 2016", “Бизнесмен” ва “Ҳамкор” ситонида мешавад.

    ** Трафик барои истифодабарии барнома аз баста, мувофиқи нархбандии тарофа ё шабакаи Wi-Fi ситонида мешавад.
  • Афзалият
      • Бо нархи дастрас ба Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон занг занед.
      • Ирсоли SMS.
      • Тавозуни худро онлайн назорат кунед.
      • Ҳисоби худро пурра намоед (аз ҷумла, тавассути ТезСум).
      • Тавассути хизматрасонии "Муваққатӣ пардохт" аз Tcell қарзи муваққатӣ гиред.
      • Ба воситаи хизматрасонии «Интиқоли мобилӣ» аз тавозуни як рақами Tcell ба тавозуни дигар рақами Tcell маблағ гузаронед.
      • Пешниҳодҳои махсусро аз Tcell ба даст оваред ва аз хабар ва навгониҳои Tcell воқиф шавед.
  • Бақайдгири
            Дар вакти истифода будрани барномаи VPN, барномаи «Чӣ Гап» фаъолият намекунад.

          Ки метавонад барномаро истифода барад?
      • Муштариёни Tcell;

          1 қадам: Истифодабарии барномаро чи тавр шурӯъ кард?
        • Боварӣ ҳосил кунед, ки шумо ба шабакаи 3G, 4G ва Wi-Fi пайваст ҳастед;
        • Боргирӣ намудани барнома аз AppStore ё аз Google Play вобаста аз системаи оператсионии телефони мобилии шумо.

        • 2 қадам: Чӣ тавр бояд бақайдгири намуд?

          Баъд аз он ки Шумо барномаро насб кардед:

          1. Дар экран саҳфаи интихоби забон намоён мешавад.
          2. Забонро интихоб намуда, тугмаи “Идома”-ро пахш намоед.
          3. Омӯхтан ва қабули шартҳои созишнома ва пахши тугмаи “Идома додан”.
          4. Дар даричаи дигар рақами телефони худро дохил намоед (шарти ҳатмӣ: доштани сим-корт дар телефон барои гирифтани рамз ва бақайдгирии бомуваффақ аст).
          5. Баъдан, ба рақами нишондодаи Шумо SMS-паёмаки 5 рамздор ирсол мешавад, ки онро бояд ворид сохта, тугмаи “Ирсол”-ро пахш намоед.
          6. Шумо дар «Чӣ Гап» худро ба қайд мегиред.

            Чӣ тавр аз хориҷ ба Тоҷикистон занг зад?
            Барои ройгон занг задан ба Точикистон, шумо бояд ба муштарие, ки занг занед, ки барномаи Чӣ Гап-ро дошта бошад. Шакли рақамчинӣ метавонад бо рамзи давлат ё ин ки бе рамзи давлат бошад.
            Барои занг задан ба Тоҷикистон бо нархи дастрас* ба муштариёне, ки барномаи «Чӣ Гап» надоранд, ба Шумо лозим аст, ки ба рақамҳои муштарии даъватшавандаро бо шакли рақами +992 рақамчини намуда, ба занги мобилӣ пахш намоед.
                  
            * Нархҳоро дар ҷадвали боло нигоҳ кунед

  • Колл-сентр
          Колл-сентри «Чӣ Гап» - Ба Колл-сентри «Чӣ Гап» занг зада, Шумо метавонед ҳамаи маълумотро оиди барномаи Чӣ Гап дастрас намоед.
        • Чавоб ба ҳамаи саволҳои иттилоотӣ оид ба барномаи «Чӣ Гап»
        • Бастан ва кушодани рақам
        • Кумак расонидани бақайдгирӣ дар барномаи «Чӣ Гап»
        • Барқароркунии рамз

          Рақами Колл-сентр:
          +992 (77) 711 5555

          Реҷаи корӣ:
          24/7
  • Саволҳои тез такроршаванда

      Саволҳо Ҷавобҳо
      Оё ман метавонам дар ҳолати муштарии Tcell набудан ва дар Тоҷикистон қарор доштанам аз барномаи «Чӣ Гап» истифода барам?                                                                                                                                                                                                                                                                                                        

      Не, барои аз барномаи «Чӣ Гап» истифода бурдан лозим аст, ки пас аз расмиёти азқайдгузарӣ барои ба даст овардани логин, рамзи махфи ва ворид шудан ба барнома, рақами Tcell-ро харидорӣ намоед. Чунончи, барои истифодаи барнома дастрасӣ ба Интернет зарур аст, минбаъд, Шумо метавонед аз алоқаи мобилии ҳар гуна операторони мобилии дигар ё шабакаи Wi-Fiро истифода баред.

      Оё ман метавонам мавриди берун аз марзи Тоҷикистон қарор доштанам, аз барномаи «Чӣ Гап» истифода барам?

      Бале, метавонед, агар Шумо муштарии Tcell бо SIM-корт бошед, ба хизматрасонии роуминг (роуминги Воқеӣ ё Осон бо тавозуни мусбат зиёда аз 5 сомонӣ ва роуминги Байналмилалӣ зиёда аз 100 сомонӣ) пайваст бошед аз хизматрасониҳои алоқа ба воситаи барномаи мазкур, ҳангоми берун аз қаламрави Тоҷикистон қарор доштан истифода баред.

      Ман чӣ гуна метавонам SIM-корти Tcell-ро бо рақаме, ки аз он дар «Чӣ Гап» аз қайд гузаштаам, дастрас намоям?

      Шумо метавонед SIM-кортро аз марказҳои хизматрасонии дилхоҳи ширкати Tcell дастрас кунед. Барои ин лозим аст, ки шиносномаеро, ки аз руи он Шумо расмиёти азқайдгузарии «Чӣ Гап» анҷом дода будед, пешниҳод намуда, арзиши хизматрасонии иваз намудани SIM-кортро пардохт намоед.

      Ман метавонам барномаи «Чӣ Гап» -ро дар планшет ё компютер истифода барам? Айни замон барнома танҳо дар смартфонҳо дастрас аст.

      Барои бо барномаи «Чӣ Гап» истифода кардан, ба ман Интернет лозим аст?

      Бале, барномаи «Чӣ Гап»-ро танҳо бо Интернет тариқи Интернети Wi-Fi, шабакаи 3G ё 4G истифода бурдан мумкин аст.

      Чӣ гуна ман метавонам ба тавозуни «Чӣ Гап» пардохт намоям?

      Тавозуни аккаунти «Чӣ Гап» ва тавозуни рақами мобилии Tcell ягона мебошад. Онро ба воситаи терминалҳои худхизматрасонӣ, дар марказҳои хизматрасонии Tcell ё аз барномаи “ТезСум” ва “Сбербанк онлайн”

      Ман чӣ тавр дар дохили барномаи «Чӣ Гап» зангҳои садоӣ анҷом диҳам? 

      Агар, рақами даъватшаванда дар рӯйхати тамосҳои шумо сабт гардида бошад, шумо метавонед аз бахши “Тамосҳо” номи ӯро ворид намуда, аз рӯйхати тамосҳо ҷустуҷӯ намоед. Агар рақами даъватшаванда аллакай бо барномаи «Чӣ Гап» истифода намояд, дар мушахассоти ӯ тугмачаи “Занги ройгон” пайдо мегардад. Ҳангоми пахши тугмачаи “Занги ройгон” шумо метавонед ройгон сӯҳбат намоед. Агар рақами даъватшаванда Чӣ Гап надошта бошад, дар мушахассоти ӯ тугмачаи “Таклиф” намудан пайдо мегандад.

      Агар рақами ман боздошт, шикаст ё зери хатар қарор гирад, ман чӣ бояд кунам?

      Агар шумо бовар дошта бошед, ки касе дигар бо ҳисоби шумо аз барномаи «Чӣ Гап» истифода менамояд, шикаста шудааст ё зери хатар қарор дорад, фавран дар ин бора ба хадамоти техникӣ: ChiGap@tcell.tj хабар диҳед ва мо чораҳои зарури оиди барқарор намудани дастрасиро меандешем.

      Дар мавриде, ки ҳеҷ яке аз тамосҳои телефони ман дар руйхати тамосҳои «Чӣ Гaп» инъикос нашавад, чӣ бояд кард?

      - Боварӣ ҳосил кунед, ки Шумо зери фарогирии сигнали мавҷи Wi-Fi, 3G ва ё 4G қарор доред. «Чӣ Гап» танҳо дар сурати пайвастагии босифат ва мӯътадил ба шабакаи интернет ҳамоҳанг хоҳад шуд;
      - Таҷҳизоти худро хомуш карда аз нав даргирон созед.
      - Агар ҳеҷ яке аз усулҳои зикргардида мушкилиро ҳал накунад, барномаи «Чӣ Гап»-ро фавз карда аз нав боргузорӣ намоед.

      Дар ҳолати қабул нанамудани рамз, чӣ кор кунам? 

      - Рақами телефони худро санҷед. Боварӣ пайдо намоед, ки рақамро дуруст ворид намудаед;
      - Вазъи шабакаи худ ва роумингро санҷед;
      - Ба хадамоти техникӣ: ChiGap@tcell.tj хабар диҳед.

      Мизоҷони корпоративӣ метавонанд бо барномаи «Чӣ Гап» истифода намоянд?

      Бале, хизматрасонӣ дар ҳамаи тарофаҳои дастрас аст. 

      Барои кадом тарофаҳо метавон хизматрасонии «Чӣ Гап»-ро пайваст намуд? Барои ҳамаи тарофаҳои овозӣ.

  • Сиёсати корбурди маълумоти шахсӣ

              ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (минбаъд дар матн “Оператор”) ба корбурди маълумотҳои шахсии Муштарӣ хеле ҷиддӣ рафтор менамояд. Лутфан, маълумоти зеринро хонед, то ки бо сиёсати ҶСП «Индиго Тоҷикистон» оиди корбурди маълумоти шахсӣ (минбаъд дар матн “Сиёсат”) шинос шавед. Сиёсати мазкур тарзи қабул, ҷамъоварӣ ва истифодаи маълумот дар торнамо, ки дар суроғаи www.tcell.tj (“Торнамо”), барномаи “Чӣ Гап” (минбаъд дар матн “Барномаи “Чӣ Гап”) ва дар дигар пешниҳодҳову хизматрасониҳои (минбаъд дар матн дар якҷоягӣ “Хизматрасониҳо”) дар торнамои www.tcell.tj пешкаш мегардад, маълум менамояд.
              Бо баробари ба ин Торнамо ташриф овардан ё истифодабарии Хизматрасониҳо, Муштарӣ бо қоидаву шартҳое, ки дар Сиёсати мазкур тавсифшудааст, ки метавонад бо мурури замон тағийр ёбад, розӣ буда онҳоро қабул менамояд. Ҳар бор, ҳангоме ки Муштарӣ ба Торнамо ташриф меорад ё Хизматрасониҳоро истифода менамояд, Муштарӣ ба Оператор барои ҷамъоварӣ, истифода ва ошкори маълумоти пешниҳоднамудани Муштарӣ мувофиқи тартиботе, ки дар Сиёсати мазкур муқаррар гардидааст, розигии бевоситаи худро медиҳад.
              Шарҳи истилоҳоти истифодашуда: бо истифодаи ибораи “Маълумоти шахсӣ” дар Сиёсати мазкур, Оператор маълумоти шахсии Муштарӣ, ки барои муайян намудани ҳувияти Муштарӣ истифода мешавад, ба монанди: ному насаб, суроғаи зист, суроғаи имейли ва амсоли онҳоро, дар назар дорад. Бо истифодаи ибораи “Маълумоти беимзо” дар Сиёсати мазкур, мо маълумотеро дар назар дорем, ки бо воситаи он ҳувияти Муштарӣ ё ки ба маълумоти шахсии Муштарӣ алоқаманд нобуда, ба амсоли маълумотҳои маҷмӯъгашта, маълумоти умумии демографӣ ва суроғаҳои IP, ошкор намегардад. Маълумоти беимзо имкон намедиҳад, ки ҳувияти шахсӣ воқеӣ муайян гардад.

      1. Ҷамъоварӣ ва истифодаи маълумот
              Ҳангоми насб намудани Барномаи «Чӣ Гап» ва бақайдгирӣ дар «Чӣ Гап», Муштариро лозим аст рақами телефон, ному насаб, акс (ном ва акс ҳатмӣ нест), дар саҳифаи обунашавӣ нусхаи шиносномаро боргузорӣ намуда (барои муштариёне, ки муштарии Оператор нестанд) ва барои дастрас намудани рӯйхати тамосҳо дар таҷҳизоти Муштариро, иҷозат диҳад.
              Нусхаи рақамҳои телефонӣ ва номҳо аз рӯйхати тамосҳои Муштарӣ (аммо, ғайр аз суроғаи имейл, қайдҳо ва дигар маълумотҳои шахсӣ аз рӯйхати тамосҳо) дар серверҳо захира шуда танҳо барои мақсадҳои зерин истифода мешавад:
              a) огоҳӣ намудан оиди фаъолияти тамосҳои Шумо дар барномаи «Чӣ Гап»;
              b) муайян намудан, ки кадоме аз тамосҳои Муштарӣ аллакай истифодабарандаи барномаи «Чӣ Гап» аст;
              c) дуруст нишон додани номи тамосҳо — дар он намуде, ки дар рӯйхати тамосҳо нишондода шудааст – ҳангоми зангҳои воридотӣ;
              d) ҳамоҳангсозии тамосҳо ҳангоми оғоз намудани барномаи «Чӣ Гап» дар iOS.
      Нусхаи рӯйхати тамосҳо (номҳо ва рақамҳои телефонӣ) дар маркази иттилоотии барӯзшаванда захира мегардад. Дар маркази иттилоотии мазкур захираи иловагӣ ва таърихи онҳо насб намегардад. Ҳангоми нест кардани рӯйхати тамосҳо аз ҷониби Муштарӣ, маълумотҳо фавран ва абадан аз серверҳои Оператор пок карда мешавад.
      Рақами телефонии Муштарӣ бо мақсади муайян намудани ҳувият ҳамчун номи корбурд дар барномаи «Чӣ Гап» истифода мешавад.
      Оператор инчунин барои ҳар як иттилоот ва зангҳое, ки аз системаи Оператор мегузарад, хизматрасонии сабти муфассали зангҳо (CDR)-ро истифода мебарад.

      2. Статуси Онлайн и ва статуси "Дидашуд"
              Дигар истифодабарандагон ҳоли (статуси) пайвастшавии Муштарӣ ва ҳоли дида шудани пайёми ба Муштарӣ фиристода шударо мебинанд. Муштарӣ метавонад имконияти “Дидашуд”-ро аз танзимоти барнома бекор намояд.

      3. Паҳн ва ифшои маълумот  
              Оператор ягон маълумотро ба ҷониби сеюм, ғайр аз ҳолатҳои дар поён дарҷгардида, барои истифода, фурӯш ва ё паҳннамоӣ пешниҳод наменамояд. Оператор метавонад Маълумоти шахсиро дар ҳолатҳои зерин ифшо намояд:
              a) ҳангоми иҷро намудани талаботи қонунгузорӣ ва ё ҳалли додгоҳ нисбат ба Муштарӣ;
              b) ҳифзи ҳуқуқ ё моликият (аз он ҷумла иҷро намудани созишномаи мо);
              c) фароҳам овардани муҳофизати истифодабарандагони Хизматрасонии мо ё намояндагони ҷамъият дар ҳолатҳои фавқулода.
              Барои пешниҳод намудани маҳсулотҳои зарурии ҶСП «Индиго Тоҷикистон», мо метавонем гоҳе, агар чунин зарурат вуҷуд дошта бошад, Маълумоти шахсии шумо (ғайр аз рӯйхати тамосҳо ва амсоли онҳо) ва маълумотҳои интиқолшавандаро бо шарикони-таъминкунандагони боэътимоди хизматрасониҳо ва/ё агентҳо, масъалан: ширкатҳои молиявӣ (бонҳо) ва дигар таъминкунандагони молиявӣ ва хизматрасониҳои таҳлилӣ, кӯмаки мизоҷон ё хостинг, табодул намоем. ҶСП «Индиго Тоҷикистон» аз шахсони сеюми мазкур ҳамеша талаб менамояд, ки барои ҳифз намудани маълумоти шахсӣ ва маълумотҳои интиқолшаванда чораҳои зарурӣ ва техникӣ андешидашуда, инчунин, қонунгузориҳои дахлдор риоя гардад. ҶСП «Индиго Тоҷикистон» ҳеҷгоҳ, ғайр аз ҳолатҳое, ки қонун талаб менамояд, ба шахсони сеюм маълумот оиди рӯйхати тамосҳои шуморо пешниҳод наменамояд (дар поён бингаред).
      Оператор дар ҳолати вуҷуд доштани хатар барои амнияти давлат, чораҳои ҳифзи ҳуқуқ ё дигар вазифаҳои муҳими иҷтимоӣ, метавонад маълумотро пешниҳод намояд.
              Оператор метавонад гоҳ-гоҳ аз Муштарӣ маълумот оиди таҷрибаи истифодабарӣ, ки Оператор онро барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасони истифода мебарад, пурсад. Муштарӣ дар ҳеҷ ҳолат ӯҳдадор нест, ки чунин маълумотро пешниҳод намояд. Ҳама намуди маълумотҳо, ки Муштарӣ бо хоҳиши худ тариқи формаи тамос дар Торнамо ва ё дигар пурсишҳо, ки бо розигии Муштарӣ суръат мегирад, пешниҳод менамояд, барои омӯзиши фикру пешниҳодҳои Муштариён ва беҳбуд намудани нармафзор, маҳсулотҳо ва торнамои ҶСП «Индиго Тоҷикистон» истифода мешавад.
              Оператор метавонад ба Муштарӣ оиди хатогиҳо, мушкилот бо пешниҳод намудани хизматрасонӣ, пайём фиристад. Оператор инчунин ҳуқуқ дорад, бо истифода аз имейл ё СМС Шуморо оиди ҳар гуна даъвоҳои эҳтимолӣ, ки ба истифодаи барнома, торнамо ва ё маҳсулотҳо, аз он ҷумла, бидуни маҳдудият, даъвоҳо оиди вайрон гаштани ҳуқуқҳои шахсони сеюм, ки аз ҷониби Шумо суръат гирифтааст, хабардор созад.

      4. Бехатарӣ
              Оператор барои ҳифзи Маълумотҳои шахсӣ аз истифодаи нодуруст, гум ва дастрасии беиҷозат  чораҳои оқилонаро меандешад
      Бо вуҷуди он, ки Оператор ҳамаи чораҳои ҷисмонӣ, электронӣ ва тартиботиро барои ҳифзи Маълумоти шахсӣ пеша менамояд, Оператор наметавонад кафолат диҳад, ки Маълумоти шахсӣ аз дастрасии беиҷозат эъмин мебошад.

      5. Ворид намудани тағийротҳо ба Сиёсат
              Баъзан Оператор метавонад Сиёсатро аз нав дида барояд. Оператор ҳуқуқ дорад мисли даигар қоидаҳову тартиботҳо, дар лаҳзаи дилхоҳ Сиёсати мазкурро барӯз гардонад ё ба Сиёсати мазкур бо огоҳии пешакӣ ё бидуни он тағийрот ворид намояд. Аммо, Оператор Маълумоти шахсии шуморо бидуни розигии пешакии шумо, ғайр аз усулҳое, ки куллан аз усулҳое, ки дар Сиёсати мазкур дарҷ гардидааст фарқ дорад, истифода намебарад. Оператор бо мақсади ба истифодабарандагон фароҳам овардани имконияти шинос шудан, ки Оператор кадом намудаи маълумотҳоро ҷамъоварӣ менамояд ва маълумотҳо чӣ гуна ва дар кадом ҳолатҳо истифода мешаванд, Сиёсати барӯзшударо дар Торнамо нашр менамояд. Муштарӣ ӯҳдадор аст бо мақсади огаҳ будан аз тағийротҳо, гоҳ-гоҳ Сиёсати мазкурро аз нав хонда бо шарти онҳо шинос ва розигии худро диҳад. Тӯлонӣ истифодабарии Торнамо мазмуни розӣ будани Муштарӣ бо тағийротҳо ва шартҳои Сиёсатро дорад. Дар ҳолати розӣ набудани Муштарӣ бо он шартҳо, Муштарӣ набояд аз Торнамо, Барномаи «Чӣ Гап» ё дигар Хизматрасониҳо истифода кунад.

      6. Тағийрот ё ҳазф намудани маълумот
              Оператор бо сабабҳои техникӣ наметавонад муайян намояд, ки кай Муштарӣ барномаро ҳазф намуд. Аз ин сабаб, ҳангоми аз ҷониби Оператор мушоҳида нашудани фаъолият аз таҷҳизоти Муштарӣ дар мӯҳлати 90 рӯз, Оператор ҳисоб менамояд, ки Муштарӣ барномаро ҳазф намуд ва аз сервер рӯйхати тамосҳои Муштариро ҳазф менамояд. Аммо, бинобар бовар надоштани Оператор, ки Муштарӣ барномаро ҳазф намуд (зеро, масъалан, Муштарӣ шояд дар рухсати корӣ қарор дошта бошад), Оператор сарҳисоби Муштариро (рақами телефони пешниҳодгашта ва ID таҷҳизот) бекор наменамояд.

      7. Маълумотҳо барои тамос
      Муштариён ҳамаи саволҳое, ки ба Сиёсат рабт дорад, метавонанд ба суроғаи зерин фиристанд:
      ҶСП «Индиго Тоҷикистон» 
      Рӯдакӣ 34 (Tcell Plaza)
      Факс +992 37 223 21 23  
      Душанбе, Тоҷикстон

  • Созишномаи литсензия бо истифодабарандаи барномаи «Чй Гап»

        СОЗИШНОМАИ ЛИТСЕНЗИЯ БО ИСТИФОДАБАРАНДАИ БАРНОМАИ «ЧӢ ГАП»

        ҶСП “Идиго Тоҷикистон” (минбаъд дар матн “Оператор”), ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, ба истифодабаранда (минбаъд дар матн “Муштарӣ” хизматрасониҳо тариқи барномаи литсензионӣ (минбаъд дар матн “Чӣ Гап”) барои таҷҳизотҳои мобилӣ, ки барои боргирӣ ва насб намудан дар торнамои www.tcell.tj ва www.chigap.tj (минбаъд дар матн “Торнамои Оператор”) ва инчунин дар Google Play ва AppStore (минбаъд дар матн “Мағозаи барномаҳо” дастрас мебошад, пешниҳод менамояд.

        Созишномаи литсензияи мазкур (минбаъд дар матн “Созишнома”) як санади қонунии ҳатмӣ ба ҳисоб рафта байни Оператор ва Муштарӣ ба имзо расида, дорои ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои Муштарӣ ва Оператор оиди истифодабарии барномаи “Чӣ Гап” мебошад. Бо баробари истифода бурдани барномаи “Чӣ Гап” Муштарӣ бо шартҳои Созишномаи мазкур ва инчунин сиёсати корбурди маълумоти шахсии Оператор, ки қисми ҷудонашавандаи ин Созишнома мебошад, эътироф ва қабул менамояд.

        1. ТАВСИФИ УМУМИИ БАРНОМАИ ”ЧӢ ГАП”
        1.1. Барномаи “Чӣ Гап” ба Муштарӣ имкон медиҳад зангҳои садоиро иҷро ва қабул намояд, зангҳои содиротиро ба таҷҳизотҳои Муштарии Муштариҳои Оператор, ва инчунин ба рақамҳои муштариёни дигар ширкатҳои мобилӣ, фиристондани паёмҳои кӯтоҳ ва дигар хизматрасониҳои дар барномаи “Чӣ Гап” дастрас бударо истифода барад.

        2. ИСТИЛОҲҲО ВА ШАРҲИ ОНҲО
        2.1. Муштарӣ – шахси воқеӣ (шаҳрванд), ки бо роҳи бастани Шартномаи оммавӣ оид ба пешниҳоди хизматрасонии алоқа бо ҷудо намудани рақами Муштарӣ ва (ё) рамзи мушаххас барои ин мақсадҳо ба Шартномаи мазкур ҳамроҳ шудааст.
        2.2. Шартномаи Муштарӣ - (Шартномаи оммавӣ), ки байни Оператор ва Муштарӣ дар бораи пешкаш намудани хизматрасонии алоқа баста шуда ва дар торнамои Оператор интишор шудааст.
        2.3. Рақами муштарӣ - рақам ва / ё рамзи беназири мушаххас (ё гурӯҳи рақамҳо / рамзҳо), ки ба Муштарӣ барои истифодаи муваққатӣ ҳангоми бастани Шартномаи Оммавӣ дода шудааст, ки бо дигар таҷҳизоти Муштарӣ пайваст карда мешавад ва ба муштарӣ имкон медиҳад, ки дар шабакаи Оператор шинохта шавад.
        2.4. Таҷҳизоти муштарӣ – таҷҳизоти интиҳоии қонунӣ истифодашавандаи Муштарӣ, барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои Оператор истифода мешавад, мебошад.
        2.5. Мушахассоти Муштарӣ – бахши Утоқи муштарӣ буда, дар он мушахассоти шахсии ӯ: ному насаб, мушахассоти шиноснома ва дигар маълумотҳоро дарбар мегирад.
        2.6. Зангҳои IP-to-IP – зангҳое, ки тариқи барномаи “Чӣ Гап” дар шабакаи IP (аз ҷониби Муштарии истифодабарандаи барномаи “Чӣ Гап” ба ҷониби Муштарии дигар истифодабарандаи барномаи “Чӣ Гап”) оғоз ё хотима мегардад.
        2.7. Зангҳои SIP IN – зангҳое, ки дар шабакаи телефонӣ оғоз ёфта дар шабакаи IP бо воситаи барномаи “Чӣ Гап” (зангҳое, ки ба ҷониби Муштарии истифодабарандаи барномаи “Чӣ Гап” омада расидааст) хотима мегардад.
        2.8. Зангҳои SIP OUT – зангҳое, ки дар шабакаи IP (аз ҷониби муштарии барномаи “Чӣ Гап” истифодабаранда) оғоз ёфта дар шабакаи телефонӣ (ба Муштарие, ки ҳангоми қабули занг барномаи “Чӣ Гап” истифода наменамояд) хотима мегардад.
        2.9. Ҳисоби шахсӣ – сабти номи ҳисобдори таҳлилӣ дар низоми биллингии Оператор, ки ба Муштарӣ амалиёт дар ҳисоби шахсӣ оиди пешниҳоди хизматрасонӣ ва пардохти онҳо нишон медиҳад, муқаррар мегардад.
        2.10. Воридшавӣ - Рақами Муштарии Муштарӣ ва рамзи муштарӣ, ки барои ворид шудан ба Барномаи “Чӣ Гап” пешбинӣ шудааст.
        2.11. Ҳисоби Муштарӣ – сабт дар базаи мушаххасоти Платформаи барномаи “Чӣ Гап”, ки дар он маълумот оиди Муштарӣ ва аз он ҷумла, вале на маҳдуд ба, Номи корбар нигаҳ дошта мешавад.
        2.12. Боздошт – маҳдудияти дастрасии Муштарӣ ба барномаи “Чӣ Гап” аз ҷониби Оператор аз он ҷумла, вале на маҳдуд ба ҳолатҳое, ки дар ҳисоби Муштарӣ вуҷуд надоштани маблағи кофӣ барои истифодаи барномаи “Чӣ Гап”.

        3. ФУНКСИЯҲОИ БАРНОМАИ “ЧӢ ГАП”
        3.1 Барномаи “Чӣ Гап” ба Муштарӣ имконият медиҳад, ки функсияҳои зеринро истифода барад, аз ҷумла, аммо маҳдуд накарда:
        • Содир ва қабул намудани зангҳо;
        • Фиристондани пайёмҳои кӯтоҳ;
        • Илова намудан ё тағийр додани мушахассоти шахсии худ;
        • Назорати тавозуни рақами Муштарӣ
        • Пурра намудани тавозуни рақами Муштарӣ;
        3.2 Дастрасии функсияҳо аз мавҷуд будани барномаи “Чӣ Гап” дар таҷҳизоти Муштарӣ ва ҳамчунин аз мавҷуди барномаи “Чӣ Гап” дар таҷҳизоти дигар Муштарӣ вобаста аст.
        3.3. Функсияҳои барномаи “Чӣ Гап” метавонад бо ихтиёри Оператор дар ҳама ҳолат тағйир ёбад, ки бо он тағйиротҳо Муштариён метавонанд аз Мағозаи Барномаҳо ва ё аз Торнамои Оператор шинос шаванд.

        4.МАҲДУДИЯТИ ИСТИФОДАБАРИИ БАРНОМАИ “ЧӢ ГАП”
        4.1. Созишномаи мазкур то лаҳзаи барҳам додани он аз ҷониби Муштарӣ ё аз ҷониби Оператор эътибор дорад. Муштарӣ метавонад дар лаҳзаи дилхоҳ Созишномаи мазкурро бекор намояд ва/ё бо ихтиёри худ аз истифодаи барномаи “Чӣ Гап” даст кашад.
        4.2. Оператор дар навбати худ дар лаҳзаи дилхоҳ метавонад Созишномаи мазкурро бо Муштарӣ бекор намояд, муваққатан ё то абад дар ҳолатҳои зерин имкони истифода бурдани барномаи “Чӣ Гап” аз ҷониби Муштариро роҳ надиҳад: 4.2.1. риоя накардани шартҳои Созишномаи мазкур аз ҷониби Муштарӣ;
        4.2.2. агар Оператор асос дошта бошад, ки Муштарӣ бо истифода аз барномаи “Чӣ Гап” қонуншиканӣ ё ҳуқуқи ҷониби сеюмро вайрон менамояд;
        4.2.3. агар Оператор асос дошта бошад, ки Муштарӣ кӯшиш беинсофона ё барои манофеи шахсии худ аз барномаи “Чӣ Гап” истифода менамояд;
        4.2.4. агар Оператор асос дошта бошад, ки Ҳисоби Муштарӣ аз ҷониби шахси сеюм бо мақсади фиребгарӣ истифода мегардад;
        4.2.5. агар бинобар бо ворид намудани тағийрот дар қонунгузорӣ ва (ё) санадҳои ҳуқуқии воҳидҳои танзимкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурят пайдо шавад;
        4.2.6. агар ҳангоми бақайдгирӣ дар барномаи “Чӣ Гап” Муштарӣ маълумоти нодуруст, кӯҳна, нопурра пешниҳод намояд;
        4.3 Ҳамаи маводҳои аз ҷониби Муштарӣ нашршаванда, фиристодашаванда, қабулшаванда тариқи барномаи барномаи “Чӣ Гап”, аз он ҷумла, вале на маҳдуд ба матни Ҳол, аксҳо, видео ва дигар робитаҳо якҷоя «Маводҳои Муштарӣ» номида мешавад. Чунин Маводҳои Муштарӣ метавонад дар доираи барномаи “Чӣ Гап” аз ҷониби Муштарӣ ҷойгузорӣ ва нашр гардад ва онро дигар Муштариёни барномаи “Чӣ Гап” метавонанд бубинанд. Муштарӣ эътироф менамояд ва розӣ ҳаст, ки ҳар Маводҳои Муштарӣ метавонад аз ҷониби дигар Муштариён, ки дорои Рақами муштарӣ ва барномаи “Чӣ Гап”, ки дар таҷҳизоте муштарӣ насб шудааст, дида шавад.
        4.4 Оператор нисбат ба ягон Маводҳои Муштарӣ кафолат намедиҳад. Муштарӣ барои Маводҳои шахсии худ, ва барои натиҷаи ҷойгузорӣ ва нашрнамоии Маводҳои Муштарии худ комилан ӯҳдадор мебошад. Маводҳои Муштарӣ мавқеъ ва/ё муносибати Оператор ба онҳоро баён наменамояд, ва Оператор барои саҳеҳӣ, дурустӣ ва ҳолати ҳуқуқии ягон Маводҳои Муштарӣ кафолат намедиҳад.
        4.5. Ҳангоми истифодабарии барномаи “Чӣ Гап” Муштарӣ метавонад бо маълумоте, ки мумкин аст таҳқиромез, ношоиста ё номатлут ҳисобида шавад, бархӯрад. Бо вуҷуди ин, бо такия ба таваккал Муштарӣ барои истифодаи барномаи “Чӣ Гап” розӣ мегардад ва Оператор дар назди Муштарӣ барои мундариҷае, ки мумкин аст таҳқиромез, ношоиста ё номатлут ҳисобида шавад, ӯҳдадор немегардад.
        4.6. Оператор барои дастрас намудани истифодабарии барномаи “Чӣ Гап” дар ҳар ҷо ӯҳдадор нест. Муштарӣ бо ихтиёри худ барномаи “Чӣ Гап”-ро истифода менамояд ва барои риояи қонунҳои амалкунанда худаш ӯҳдадор аст. Оператор ҳақ дорад дар ҳама ҳолат ҳангоми риоя нашудани шартҳои Созишномаи мазкур ва/ё фармони мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастрасии Муштари ба барномаи “Чӣ Гап”-ро тағийр, боздошт, бартараф ва ё масдуд намояд.
        4.7. Оператор аз иҷрои қисман ё пурраи ӯҳдадориҳои худ, инчунин иҷро накардан ва / ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳои худ оид ба Шартномаи мазкур озод карда мешавад, агар иҷро накардани ин ӯҳдадориҳо дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда ба амал омада бошад. Илова ба ҳолатҳои фавқулодда, ки ба таври умум қабул шудаанд, тарафҳо инчунин ба мувофиқа расиданд, ки амалҳои Ҳукумат, мақомоти давлатӣ ва / ё ташкилотҳо, ки боиси маҳдуд шудани қобилияти Оператор дар расондани Хизматрасониҳо ва / ё тағир додани шакл ва тартиби пардохт, ҷараёни насб, озмоиш ва танзими техникии таҷҳизот мебошанд.

        5. ТАРОФАГУЗОРӢ
        5.1. Барномаи “Чӣ Гап” тарофагузории зангҳоро мутобиқи тарофаҳои Оператор, ки дар торнамои Оператор нашр шудааст, ба назар мегирад.
        5.2. Ҳисоббарорӣ аз ҳисоби шахсии Муштарӣ, суръат гирифта мувофиқи тарофагузории амалкунандаи барномаи “Чӣ Гап” ҳисоб карда мешавад.
        5.3. Агар Муштарӣ дар як вақт бо чанд Муштариёни дигар дар режими телеконфронс зангҳои садоӣ тариқи SIP OUT оғоз намояд, дар ин ҳолат зангҳо аз рӯи миқдори зангҳо (Муштариёни дар конфронс иштироккунанда), мутобиқи тарофаҳои муқарраргаштаи барномаи “Чӣ Гап” тарофагузорӣ мегардад.
        5.4. Оператор ҳақ дорад дар ҳама ҳолат бо огоҳии пешакӣ мувофиқи Шартномаи Муштарӣ тағйротҳо ба барномаи “Чӣ Гап” ворид намояд ва ба Муштариён тавассути Торнамои Оператор ва бо роҳҳои дигари огоҳ кардан огоҳӣ намояд.
        5.5. Оператор ҳақ дорад яке ва ё ҳама функсияҳои барномаи “Чӣ Гап”-ро барои истифода, дар муддати муайян, ройгон пешниҳод намояд.

        6. ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРӢ ДАР БАРНОМАИ “ЧӢ ГАП”
        6.1. Муштарӣ аз Мағозаи Барномаҳо ва ё торнамои Оператор барномаи “Чӣ Гап”-ро боргирӣ менамояд;
        6.2. Муштарӣ мувофиқи дастурамал оиди насбгардонӣ дар таҷҳизоти муштарӣ барномаи “Чӣ Гап”-ро насб менамояд;
        6.3. Ҳангоми Муштарӣ доштани рақами мавҷудаи фаъол, Муштариро лозим аст мутобиқи дастурамал рақами фаъоли худро ворид намуда бо шартҳои Созишнома розӣ шуда онҳоро қабул менамояд.
        6.4. Барои гузаштани ҷараёни бақайдгирӣ дар Барномаи “Чӣ Гап”, Муштарӣ рақами фаъолӣ худро нишон медиҳад, ва баъд аз он бо воситаи SMS бо таври автоматикӣ рамзи ба таҷҳизоти худ омадаро барои ворид шудан ба Барномаи “Чӣ Гап” қабул менамояд, ин ҷараён ба Муштарӣ имкон медиҳад, ки дар Барномаи “Чӣ Гап” ба қайд гирифта шавад ва онро истифода барад.
        6.5. Муштарӣ ӯҳдадор аст, ки мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хавфҳои марбут бо истифодаи мавод, иттилоот, хизматрасонӣ ва маҳсулот дар Интернет, ки дар натиҷаи истифодаи барномаи “Чӣ Гап” ба вай дастрас шудааст, мустакилона масъулият бардорад.
        6.6. Оператор танҳо барои Хизматрасониҳои аз ҷониби Оператор дар барномаи “Чӣ Гап” пешниҳодшуда ҷавобгар мебошад ва барои хизматрасониҳои тарафи сеюм тавассути барномаи Барномаи “Чӣ Гап” масъул намебошад.

        7. РОЗИГӢ БАРОИ ИСТИФОДАИ МАЪЛУМОТҲО
        7.1 Оператор маълумотҳои истифодабарии барномаи “Чӣ Гап” аз ҷониби Муштариро, аз он ҷумла маълумоти шахсии Муштариро мутобиқи қоидаҳои тасдиқшудаи махфият аз ҷониби Оператор, ба даст меорад, ҷамъ менамояд ва аз он истифода менамояд.
        7.2 Бо баробари бо барномаи “Чӣ Гап” истифода бурдани Муштарӣ, ӯ бо он, ки Оператор метавонад маълумотҳои техникӣ ва маълумоти мувофиқшуда, аз он ҷумла, вале на маҳдуд ба маълумоти техникии таҷҳизоти Муштарӣ, маълумот оиди система ва барномаи музофотӣ, ки аз ҷониби Оператор барои барӯзгардонӣ/ворид намудани тағийрот ба функсияҳои барномаи “Чӣ Гап”, ва дигар хизматрасониҳои ба барномаи “Чӣ Гап” тааълуқдошта (дар ҳолати вуҷуди он) ҷамъ мегардад, истифода намояд.

        8. ТАҒИЙРОТ БА СОЗИШНОМАИ МАЗКУР
        8.1 Оператор дар ҳама ҳолат метавонад ба Созишномаи мазкур тағийрот ворид намояд. Тағийротҳо дар торнамои Оператор ва Мағозаи Барномаҳо нашр гашта аз замони нашри он эътибор дорад.
        8.2 Муштариён оиди тағийротҳо ба Созишномаи мазкур ва ё қатънамоии Созишномаи мазкур 10 (даҳ) рӯз пеш эътибор гирифтани чунин тағийротҳо огаҳ мегарданд. Созишномаи мазкур аз лаҳзаи дар огоҳӣ мушахассшудаи он тағийрёфта ё қатъгардида ҳисобида мешавад.
        8.3 Агар Муштарӣ дар давоми 10 (даҳ) рӯз аризаи норозигии худ оиди ворид намудани тағийротҳо ба Созишномаро ё радди қабули тағийротҳоро ба ҷониби Оператор ирсол нанамояд, ва/ё баъди эътибор гирифтани чунин тағийротҳо бо барномаи “Чӣ Гап” истифодабариро давом диҳад, чунин тағийротҳо аз ҷониби Муштарӣ қабулшуда ҳисобида мешавад.

        9. ӮҲДАДОРИҲОИ МУШТАРӢ
        9.1. Муштарӣ барои ҳамаи амалиётҳое, ки дар Ҳисоби муштарӣ рӯй медиҳад, ӯҳдадор аст ва дар ҳолати ғайриқонунӣ истифода шудан ва ё вайроншавии бехатарии Ҳисоби муштарӣ, Муштарӣ саривақт Операторро огаҳ месозад. Оператор барои зараре, ки ба ҷониби Муштарӣ дар натиҷаи истифодабарии барномаи “Чӣ Гап” бо/бидуни хабар доштани Муштарӣ расонида шудааст, ӯҳдадор намебошад.
        9.2. Муштарӣ ҳақ надорад:
        9.2.1. маълумоте, ки барои Муштарӣ тааълуқ надорад онро ба даст орад, гӯш диҳад, вайрон намояд ё дар мубодилаи он монеъ шавад;
        9.2.2. бо мақсади ғалатсозӣ, несткунӣ, зараррасонӣ, тақлидкорӣ ва ё шикасти пуррагии барномаи “Чӣ Гап”-ро аз ягон барномаҳои кодӣ - «вирусҳоb компютерӣ», «троянҳои компютерӣ», «кирмҳои компютерӣ», «бомбаҳои суст амалкунанда» истифода намояд;
        9.2.3. бидуни розигии гирандагони пайёмҳои тӯдаи тиҷоратӣ (инчунин бо номи «СПАМ» машҳуранд), ки мутобиқи муқаррароти амалкунандаи қонунгузорӣ манъ гаштаанд, ё бо мақсади «фишинг» («ба даст овардани маълумоти боарзиш), ё бо мақсади «фарминг» (равона намудани трафик ба ягон торнамоҳои махсус), ё бардурӯғ намудани ҳувияти худ ё тақлидкории алоқаи худ ба дигар ҷониб ё ширкат, аз барномаи “Чӣ Гап” истифода намояд;
        9.2.4. дар байни муштариёни дигар паҳн намудани маводҳои характери таҳқиромездошта ё маводҳои эҳтимолан ба шахсони ба балоғат нарасида, маводҳои дорои характери қабеҳ ё дигар маводҳои хатактери номатлубдоштаро фиристад;
        9.2.5. кӯшиш намояд барои сохтани мамоният ё носозӣ ба ҷониби сеюм барои таҳдид ё дахолат кардан ба ҳаёти шахсии ҷониби сеюм, барномаи “Чӣ Гап”-ро истифода барад;
        9.2.6. маводҳои Муштарӣ, ки аз рӯи қонун ба ҷониби сеюм тааълуқ дорад, ғайр аз ҳолатҳое, ки вақте ки Муштарӣ розигии шахсони дорои чунин ҳуқуқҳоро дорад, истифода барад;
        9.2.7. барои ба даст овардани маълумоти махфӣ, аз он ҷумла, номи дигар Муштариён барномаи “Чӣ Гап”-ро истифода барад;
        9.2.8. барои дастрас будани функсияҳои барномаи “Чӣ Гап”, хусусан, тариқи ҳуҷумҳои DOS (denialofservice – қатъи хизматрасонӣ) ё DDoS (distributeddenialofservice – қатъи хизматрасонии тавзифшуда), таъсир намояд ва ё кӯшиш намояд таъсир намояд.

        10. ҚОИДАИ БОЗГАРДОНИДАНИ МАБЛАҒ
        10.1. Агар Муштарӣ барои тарофагузоришавии зангҳо тариқи барномаи “Чӣ Гап” на аз рӯи тарофаи Оператор бовар дошта бошад, ӯ ҳуқуқ дорад дар давоми 30 (сӣ) рӣз аз лаҳзаи нодуруст рӯй додани чунин тарофагузорӣ ба тарзи хаттӣ ба Оператор аризаи худро пешниҳод намояд. Талаботҳо оиди бозгардонидани маблағ баъди гузаштани 30 (сӣ) рӯз аз лаҳзаи нодуруст рӯй додани чунин тарофагузорӣ беэътибор дониста мешавад.
        10.2 Оператор, агар гумон дошта бошад, ки:
        (а) Муштарӣ кӯшиш дорад беинсофона аз қоидаҳои бозгардонидани маблағ сӯиистифода менамояд, масъалан, як чанд маротиба аризаи барои бозгардонидани як маблағи баҳсшаванда (оне, ки пештар баҳсшудааст) пешниҳод менамояд;
        (б) Муштарӣ шартҳои Созишномаи мазкурро риоя наменамояд;
        (в) тибқи далелҳои мавҷудаи Оператор, ки Муштарӣ барномаи “Чӣ Гап”-ро хилофи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад.

        11. МОЛИКИЯТИ ХУСУСӢ
        11.1 Барномаи “Чӣ Гап”, аз он ҷумла торнамои Оператор, инчунин нишони тиҷоратии “Чӣ Гап” ва нусхаи онҳо бо ҳуқуқҳои муаллиф ва дигар қонунгузориҳо оиди моликияти маънавӣ махфуз гаштааст.
        11.2. Оператор соҳиби ном, ҳуқуқи муаллиф ва дигар ҳуқуқҳои маънавии барномаи “Чӣ Гап” ва нусхаи онҳо, тағийротҳо ба он, ва барномаи асосӣ (аз он ҷумла баёнҳои Муштариён оиди барномаи “Чӣ Гап”) ба ҳисоб меравад.
        11.3. Мутобиқи шартҳои муқарраргаштаи шарти 13-ум, ҳуқуқҳо нисбат ба литсензияи барномаи ҷониби сеюм махфуз шудаанд. Бо литсензияи барнома розӣ шудан, Шумо бо шартҳои муқарраргаштаи шарти 13-уми литсензияи барнома, розӣ ҳастед.

        12. ҲАЛЛИ БАҲСҲО
        12.1. Ҳамаи баҳсҳо ва шикоятҳое, ки аз Шартномаи мазкур, бармеоянд бояд бо роҳи гуфтушунидҳо ҳал карда шаванд.
        12.2. Дар ҳолате, ки агар Ҷонибҳо бо роҳи гуфтушунидҳо ба созиш наоянд, баҳсҳо мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба амал бароварда мешаванд.

        13. БАРНОМАИ ШАХСОНИ СЕЮМ
        13.1. Дар барномаи “Чӣ Гап”, барномаи шахсони сеюм истифода шудааст.

        14. СИЁСАТИ КОРБУРДИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ
        14.1. Сиёсати мазкур тарзи қабул, ҷамъоварӣ ва истифодаи маълумот дар Торнамои Оператор, барномаи “Чи Гап” ва дар дигар пешниҳодҳову хизматрасониҳо, ки бо воситаи барномаи “Чи Гап” пешкаш мегардад (минбаъд дар матн дар якҷоягӣ “Хизматрасониҳо”) муайян менамояд.
        14.2. Бо баробари ба Торнамои Оператор ташриф овардан ё истифодабарии Хизматрасониҳо, Муштарӣ бо қоидаву шартҳое, ки дар Сиёсати мазкур тавсифшудааст, ки метавонад бо мурури замон тағийр ёбад, розӣ буда онҳоро қабул менамояд. Ҳар бор, ҳангоме ки Муштарӣ ба Торнамои Оператор ташриф меорад ё Хизматрасониҳоро истифода менамояд, Муштарӣ ба Оператор барои ҷамъоварӣ, истифода ва ошкори маълумоти пешниҳоднамудани Муштарӣ мувофиқи тартиботе, ки дар Сиёсати мазкур муқаррар гардидааст, розигии бевоситаи худро медиҳад.
        14.3. Дар Сиёсати мазкур “Маълумоти шахсӣ” маънои маълумот дар бораи Муштариро дорад, ки барои муайян намудани ҳувияти Муштарӣ истифода мешавад, ба монанди: ному насаб, суроғаи зист, суроғаи имейли ва амсоли онҳоро, дар назар дорад.
        14.4.“Маълумоти беимзо” маънои маълумотеро, ки бо воситаи он ҳувияти Муштарӣ ё ки ба маълумоти шахсии Муштарӣ алоқаманд нобуда, ба амсоли маълумотҳои маҷмӯъгашта, маълумоти умумии демографӣ ва суроғаҳои IP, ошкор намегардад. Маълумоти беимзо имкон намедиҳад, ки ҳувияти шахсӣ воқеӣ муайян гардад.
        14.5. Ҳангоми насб кардани барномаи “Чи Гап” ва сабти ном дар Барномаи “Чи Гап”, Муштарӣ барои муайянсозӣ рақами Муштариро истифода мебарад ва ба рӯйхати тамосҳои таҷҳизоти Муштарӣ дастрасӣ медиҳад.
        14.6. Оператор ягон маълумотро ба ҷониби сеюм, ғайр аз ҳолатҳои дар поён оварда, барои истифода, фурӯш ва ё паҳннамоӣ пешниҳод наменамояд. Оператор метавонад Маълумоти шахсиро дар ҳолатҳои зерин ифшо намояд:
        a) ҳангоми иҷро намудани талаботи қонунгузорӣ ва ё ҳалли додгоҳ нисбат ба Муштарӣ;
        b) ҳифзи ҳуқуқ ё моликият (аз он ҷумла иҷро намудани созишномаи мо);
        c) фароҳам овардани муҳофизати истифодабарандагони Хизматрасонии мо ё намояндагони ҷамъият дар ҳолатҳои фавқулода.
        14.7. Барои пешниҳод намудани маҳсулотҳои зарурӣ Оператор метавонад гоҳе, агар чунин зарурат вуҷуд дошта бошад, Маълумоти шахсиро (ғайр аз рӯйхати тамосҳо ва амсоли онҳо) ва маълумотҳои интиқолшавандаро бо шарикони-таъминкунандагони боэътимоди хизматрасониҳо ва/ё агентҳо, масъалан: ширкатҳои молиявӣ (бонкҳо) ва дигар таъминкунандагони молиявӣ ва хизматрасониҳои таҳлилӣ, кӯмаки мизоҷон ё хостинг, табодул намояд. Оператор аз шахсони сеюми мазкур ҳамеша талаб менамояд, ки барои ҳифз намудани маълумоти шахсӣ ва маълумотҳои интиқолшаванда чораҳои зарурӣ ва техникӣ андешидашуда, инчунин, қонунгузориҳои дахлдор риоя гардад. Оператор ҳеҷгоҳ, ғайр аз ҳолатҳое, ки қонун талаб менамояд, ба шахсони сеюм маълумот оиди рӯйхати тамосҳои шуморо пешниҳод наменамояд. Оператор дар ҳолати вуҷуд доштани хатар барои амнияти давлат, чораҳои ҳифзи ҳуқуқ ё дигар вазифаҳои муҳими иҷтимоӣ, метавонад маълумотро пешниҳод намояд.
        14.8. Оператор метавонад гоҳ-гоҳ аз Муштарӣ маълумот оиди таҷрибаи истифодабарӣ, ки Оператор онро барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасони истифода мебарад, пурсад. Муштарӣ дар ҳеҷ ҳолат ӯҳдадор нест, ки чунин маълумотро пешниҳод намояд. Ҳама намуди маълумотҳо, ки Муштарӣ бо хоҳиши худ тариқи формаи тамос дар Торнамо ва ё дигар пурсишҳо, ки бо розигии Муштарӣ суръат мегирад, пешниҳод менамояд, барои омӯзиши фикру пешниҳодҳои Муштариён ва беҳбуд намудани баррасӣ, Хизматрасониҳо ва торнамои Оператор истифода мешавад.
        14.9. Оператор метавонад ба Муштарӣ оиди хатогиҳо, мушкилот бо пешниҳод намудани хизматрасонӣ, пайём фиристад. Оператор инчунин ҳуқуқ дорад, бо истифода аз имейл ё СМС Шуморо оиди ҳар гуна даъвоҳои эҳтимолӣ, ки ба истифодаи барнома, торнамо ва ё маҳсулотҳо, аз он ҷумла, бидуни маҳдудият, даъвоҳо оиди вайрон гаштани ҳуқуқҳои шахсони сеюм, ки аз ҷониби Шумо суръат гирифтааст, хабардор созад.
        14.10.Оператор барои ҳифзи Маълумотҳои шахсӣ аз истифодаи нодуруст, гум ва дастрасии беиҷозат чораҳои оқилонаро меандешад. Бо вуҷуди он, ки Оператор ҳамаи чораҳои ҷисмонӣ, электронӣ ва тартиботиро барои ҳифзи Маълумоти шахсӣ пеша менамояд, Оператор наметавонад кафолат диҳад, ки Маълумоти шахсӣ аз дастрасии беиҷозат эъмин мебошад.

        15. МАЪЛУМОТҲО БАРОИ ТАМОС Муштариён ҳамаи саволҳое, ки марбут ба Созишнома, метавонанд ба суроғаи зерин фиристанд:
        ҶСП “Индиго Тоҷикистон” Хиёбони Рӯдакӣ,
        34 (Tcell Plaza) 734025,
        ш.Душанбе, Тоҷикистон
        Email: chigap@tcell.tj
  • Ба “Чӣ Гап”-и нав гузаред!
      Барои гузаштан ба барномаи нави “Чӣ Гап” зарур аст, ки замимаро боргирӣ ва насб созед. Тартиби ворид шудани корбарони аллакай сабтшуда ва фаъол чунин аст:

    • Қадами 1: Дар саҳифаи ворид намудани рақам тугмаи "Барқарорсозӣ" -ро пахш кунед;
    • Қадами 2: Рақами сабтшударо ворид намоед ва навиштаи "Қабули SMS бо рамз"-ро пахш намоед;
    • Қадами 3: Ҳама сатрҳои ҳатмиро пур кунед (Ном, Насаб, № Шиноснома, 5 рақаме, ки бо онҳо иртибот доред ва рақами алтернативӣ) ва тугмаи "Тасдиқ" -ро клик кунед. Маълумоти Шумо аз ҷониби Хадамоти дастгирӣ тафтишу тасдиқ карда мешавад ва ба рақами алтернативии Шумо SMS бо рамз ирсол мегардад;
    • Қадами 4: Пас аз гирифтани SMS бо рамз, Шуморо зарур аст, ки дубора ба саҳифа барои дохил кардани рақам ворид шавед ва тугмаи “Барқарорсозӣ” пахш намоед;
    • Қадами 5: Рақами бақайдгирифташударо дар сатр дохил кунед ва тугмаи "Ман аллакай рамз дорам" -ро клик кунед;
    • Қадами 6: Рақами сабтшуда ва рамзро, ки ба рақами дигар (алтернативӣ)-и Шумо ирсол шуда буд, ворид намоед.
    • Шумо ба барномаи ҷадиди “Чӣ Гап” бомуваффақият ворид шудед!

      «Чӣ Гап» аз ҷониби ширкати Tcell моҳи апрели соли 2015 роҳандозӣ гардида, аввалин замимаи мобилии миллии Тоҷикистон барои гӯшиҳои ҳушманд (смартфон)-ҳо маҳсуб меёбад, ки тавассути он Шумо ҳамеша имкон доред, онлайн бошед ва бо телефонҳои хонагиву мобилии Тоҷикистон бо нархҳои дастрас занг занед. Дар ин муддат, барномаи “Чӣ Гап” миёни онҳое, ки мехоҳанд ҳамеша бо наздикону пайвандонашон аз тамоми гӯшаву канори дунё дар иртибот бошанд, маҳбубияти хосаро касб кард.