Агар маблағ дар ҳисобатон тамом шавад – ягон фоҷеа нест! Ба дӯстонатон аз ҳисоби худи онҳо, ба воситаи хизматрасонии «Занг аз ҳисоби дӯст» аз ширкати Tcell занг занед.
Аз хизматрасонии мазкур ҳамаи муштариёни Tcell ҳангоми ба «0» сифр баробар будани маблағи тавозунашон истифода бурда метавонанд.
Ҳангоми қабули занги Шумо дустатон паёми овозӣ мешунавад. Ӯ метавонад рақами «1»-ро пахш намуда, занги Шуморо қабул кунад, ё алоқаро қатъ карда қабули зангро аз хисоби худ радъ намояд. Арзиши занг барои муштарии даъваткунанада ройгон, барои даъватшаванда - 0,0815 сомониро ба назардошти ҳамаи андозҳо ташкил мекунад (яклухтшавӣ дақиқавӣ). Тарофагузорӣ аз лаҳзаи пайвастшавии муштариён оғоз мегардад.
Ҳамчунин, дар сурати бароятон дастрас будани хизматрасонии «Пардохти муваққатӣ» имкон доред, ки хизматрасониро тариқи пахши рақами «1» дарҳол фаъол гардонед. Дар ин маврид, ба тавозуни Шумо маблағи максималии дастрас аз руи хизматрасонӣ ворид мегардад, ва пас аз чанд лаҳза Шумо метавонед мустақилона зангро анҷом диҳед.
USSD-фармон агар хоҳед, ки зангҳоро аз ҳисоби худ манъ кунед | |
USSD-фармон барои бозкардани зангҳо аз ҳисоби худ |
Чопи саҳифа