Хизматрасониҳо
Хизматрасониҳои абонентӣ

Simфония

Хизматрасонии «Simфония» барои ҳамаи муштариёни Tcell имкон медиҳад, ки зангҳои оддии интизориро ба мусиқии дӯстдошта ва ё ибораҳои шӯх табдил диҳед. Бо ин шумо метавонад ба шахсони зангзада тӯҳфаи ногаҳонӣ кунед, онҳоро дар ҳайрат гузоред, ба онҳо каме кайфияти хуш бахшед. Ба ғайр аз ин, хизматрасонӣ функсияҳои зиёди гуногун дорад.

Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, метавонед ба рақами кӯтоҳи 220 (Шуъбаи иттилоотӣ-маълумотдиҳии Simфония) муроҷиат намоед. Арзиши занг ба рақами кӯтоҳи 220: 1-ум дақиқа ройгон аст, аз 2-ум дақиқа, арзиши ҳар як дақиқа - 10 дирам.

Инчунин метавонед ба IVR рақами 222 занг занед ва мусиқиҳоро бо жанрҳо ва категорияҳои гуногун фармоиш намоед. 10 дақиқаи аввали занг ба рақами 222 ройгон аст. Баъдан нархи як даққиқаи занг 6 дирамро ташкил медиҳад.

  • Чӣ тавр хизматрасониро бояд фаъол намуд?
    1. Фаъолкунии хизматрасонӣ:
      USSD: star.gif2.gif2.gif2.gifstar.gif1.gifhash.gifUntitled-2-111111`.gif,
      SMS – ба рақами 222 бо матни «On»
      IVR – ба рақами 222
    2. Хизматрасонӣ барои ҳамаи PrePaid ва PostPaid тарофаҳо дастрас аст.
    3. Барои фаъол намудани хизматрасонӣ, дар ҳисоби муштарӣ ҳамагӣ 0,26 сомонӣ маблағ доштан кофӣ аст.
  • Нархҳо ва амали хизматрасонӣ
    • Пардохти абонентии ҳаррӯза 0,25 cомонӣ (бо назардошти ААИ ва аксиз).
    • Хизматрасонӣ аз тарафи худи муштарӣ ва ё нокифоя будани суратҳисоби муштарӣ қатъ карда мешавад.
    • Пардохт барои мусиқӣ фақат як бор ситонида мешавад (нархи мусиқӣ аз категорияаш вобастагӣ дорад).
    • Нархи мусиқӣ аз категория вобаста аст: 3,00 сомонӣ, 4,50 сомонӣ, 6,00 сомонӣ (бо назардошти ААИ ва аксиз).
  • Бартарӣ барои муштариён
    • Барои фаъол намудани хизматрасонӣ, дар ҳисоби муштарӣ ҳамагӣ 0,26 сомонӣ маблағ доштан кофӣ аст
    • Муштарӣ барои мусиқи фақат якбор маблағ пардохт менамояд. Мусиқиҳо дар профили муштарӣ нигоҳ дошта мешаванд, ба шарте ки агар муштарӣ блок карда нашавад ё дар муддати то 60 рӯз фаъол набошад
    • Муштарӣ метавонад дар мавриди дилхоҳ аз мусиқиҳо истифода барад
  • Дастурамал барои истифодабарии хизматрасонии Simфония
    Муштарӣ метавонад ба хизматрасонии «Simфония» ба тарзҳои зерин пайваст шавад:
    1. USSD-фармон: star.gif2.gif2.gif2.gifstar.gif1.gifhash.gifUntitled-2-111111`.gif
    2. SMS: «On»-ро ба рақами 222 ирсол карда.
    3. IVR-меню: Яъне ба рақами 222 занг зада аз паи дастурамали овозӣ кор намудан.
    4. Пайвастшавӣ ройгон аст. Пардохти абонентӣ 0,25 сомонӣ дар як рӯз.
  • Мусиқиро чӣ тавр фармоиш бояд дод?
    Мусиқиро чунин фармоиш додан мумкин аст:
    1. Тариқи USSD-фармони: star.gif2.gif2.gif2.gifstar.gif (коди мусиқи) hash.gifUntitled-2-111111`.gif 
    2. Тариқи SMS-фармон: SMS-ро бо коди мусиқи ба рақами 222 ирсол намудан лозим аст
    3. Тариқи гирифтани рақам, 2202+коди мусиқи ва тугмачаи занг. Баъди шунидани мусиқи, бо пахш намудани 1 мусиқи ба профили муштарӣ сабт мешавад
    4. Тариқи IVR-меню: Ба рақами 222 бояд занг зада, аз рӯи дастурамали овозӣ кор кард. 10 дақиқаи аввали занг ба рақами кӯтоҳ ройгон аст. Баъд нархи як дақиқаи зангро 6 дирам ташкил медиҳад.
    5. Тариқи сомонаи http://simfoniуa.tcell.tj
  • Функсияҳо ва опсияҳои иловагии хизматрасонӣ
    1. Барои гирифтани рӯйхати «сурудҳои беҳтарин», SMS-ро бо калимаи top рақами кӯтоҳи 222 равон намудан лозим аст. 
    2. Функсияи «Гӯшкунии мустақими мусиқӣ». 2202+коди мусиқӣ гирифта, тугмачаи зангро пахш кунед, то мусиқиро гӯш намоед.
    3. Функсияи Copy RBT - имкон медиҳад, ки муштарии нусхаи оханги муштарии дигари Tcell-ро ба ҷои гудоки худ насб кунад. Барои нусхабардории мусиқии дӯст, ҳангоми занг ба муштарии ва гӯш кардани оҳанг, муштари бояд *1 -ро пеш аз он, ки муштарӣ чавоб медихад, пахш намояд. Оханге, ки муштарии A шунид, ба ҷои гудок насб карда мешавад. Арзиши охангхо 3,00, 4,50 ё 6,00 сомониро ташкил медиҳад. Агар муштарӣ хизматрасонии фаъоли "Симфония" надошта бошад, хизматрасонӣ ба таври худкор хангоми нусхабардорӣ фаъол меградад.

    4. Барои қатъгардонии хизматрасонии «Simфония», фармони: star.gif2.gif2.gif2.gifstar.gif2.gifhash.gifUntitled-2-111111`.gif-ро равон кардан лозим аст.
  • Донистан муҳим аст!
    Агар рақами муштарӣ бо сабаби кофӣ набудани маблағ дар ҳисоб, нофаъолӣ ва ё ба кори хизматрасонӣ дар муддати 60 рӯз таваққуф гузоштааст, профили ӯ пура хориҷ карда мешавад.

printer.png

Чопи саҳифа