Интернет
Опсияҳо ва Хизматрасониҳо

Опсияи «Саломатӣ»

ғамхорӣ дар бораи саломатии Шумо аз Tcell ва BIMA Insurance!


Унвони опсия Нархи опсия Маблағи (суғурта)* Фармони пайвастшавӣ
Саломатӣ 5
5 сомонӣ
500 сомонӣ
Саломатӣ 10
10 сомонӣ
1000 сомонӣ

  • Донистан муҳим аст!
      1. Нархҳо бо назардошти ААИ ва андози аксизӣ нишон дода шудаанд.
      2. Опсия барои пайваст кардан дар ҳама тарофаҳои ширкати Тcell дастрас аст.
      3. Срок действия опции 30 дней со дня подключения.
      4. Муҳлати эътибори пардохти бима 60 рӯз аст.
      5. Пешниҳоди кӯмаки бимавӣ (суғуртавӣ)
      a. Ба муштарӣ маркази тамос (хизматрасонӣ)-и ширкат BIMA 5511 дастрас аст.
      b. Давраи суғурта 1 моҳи тақвимӣ ба маблағи 500 ё 1000 сомонӣ мутобиқи опсия муқаррар карда мешавад;
      c. Агар муштарӣ ПМ-ро пардохт накунад, суғурта (бима) пешниҳод намешавад;
      d. Новобаста аз осеб ҳаҷми суғурта пурра пардохт мешавад;
      e. Ҳангоми рӯй додани нохушӣ дар давоми 60 рӯз ширкати BIMA-ро огоҳ кардан зарур аст;
      f. Қаламрави суғурта (бима) тамоми ҷаҳон ҳисобида мешавад, ба ғайр аз нуқтаҳое, ки муноқишаҳои ҷангӣ идома доранд;
      g. Ҳангоми гузаштан ба ТН Саломатӣ ба муштарӣ паёмак дар бораи суғурта ва маълумот аз www.bima.tj ирсол мешавад;
      h. Агар муштарӣ суғурта шуда бошад, аснои фавт (марг) хешовандони ӯ метавонанд маблағи суғуртаро мутобиқи ТН бигиранд;
      6. Суғурта (бима) намешаванд!
      a. Қасдан расонидани зарар барои гирифтани маблағи суғурта;
      b. Дар натиҷаи худкушӣ ё кӯшиш (қасд)-и худкушӣ;
      c. Ҳангоми ҷанг ва муноқишаву низоъҳо;
      d. Бар асари заҳролудшавӣ аз майзадагӣ, инчунин ҳангоми заҳролудшавӣ дар натиҷаи истеъмоли моддаҳои нашъадор, доруворӣ ва / ё психотропӣ бе дорухати духтур;
      e. Ба далели амалҳои ҳангоми мастӣ анҷомшуда;
      f. Дар натиҷаи машғул шудан бо ҳама гуна намудҳои варзиш: автомобилӣ, мотосикл, ҳама намуди варзиш мусобиқа, варзиши ҳавоӣ, кӯҳнавардӣ, санъати ҳарбӣ, тирандозӣ;
      g. Аснои идора кардани воситаи нақлиёт бе санад (бе ҳуқуқи рондан), ё дар ҳолати мастӣ;
      h. Бо сабабҳои бевосита ва бавосита, ки ба бемориҳо рӯҳӣ, фалаҷ ва саръ иртибот доранд;
      i. Дар натиҷаи ҳомиладорӣ, таваллуд ва ё мушкилии вобаста ба ин омилҳо.