Тарофаҳои Нав

Ҷадвали тарофаи нақшавии «Саломати»

Тарофаҳои “Саломатӣ”- ғамхорӣ барои бехатарии Шумо аз Tcell ва BIMA Insurance!

Salomati01.png


Пардохти абонентӣ: 40 смн

  • Маблағи суғурта*: 500 смн
  • Бастаи интернет трафик: 1500 МБ
  • Бастаи дақиқаҳо дар ҶТ: 100 дақиқа
  • Бастаи SMS дар дохили ҶТ: 100 SMS

Фармони пайвастшавӣ: *588*1#

Salomati02.png


Пардохти абонентӣ: 105 смн

  • Маблағи суғурта*: 500 смн
  • Бастаи интернет трафик: 8000 МБ
  • Бастаи дақиқаҳо дар ҶТ: 300 дақиқа
  • Бастаи SMS дар дохили ҶТ: 200 SMS

Фармони пайвастшавӣ: *588*2#




Ҳангоми ба охир расидани бастаи дақиқаҳо дар ҶТ, Шумо метавонед бастаҳои иловагиро барои суҳбати муфид бо наздикон харидорӣ намоед!



Бастаи дақиқаҳои иловагӣ Нарх Фармони пайвастшавӣ
50 дақиқа 7 сомонӣ
100 дақиқа 12 сомонӣ
150 дақиқа 18 сомонӣ
200 дақиқа 24 сомонӣ
300 дақиқа 29 сомонӣ
  • Донистан муҳим аст!
      1. Нархҳо бо назардошти ААИ ва андози аксизӣ нишон дода шудаанд.
      2. Тарофабандӣ – дақиқавӣ, ҳар як 60 сонияи нопурра то 1 дақиқа (60 сония) пурра карда мешавад.
      3. Нархи зангҳо аснои интиқол (ба дигар тарофа) мутобиқ ба арзиши тарофавӣ арзиш дорад.
      4. Арзиши зангҳои ирсолӣ (баромад) ба самтҳои байналмилалӣ мутобиқ ба тарофаҳои амалкунанда.
      5. Арзиши 1 дақиқаи занг аз руи хизматрасонии «Занг аз ҳисоби дуст» – 0.10 сомонӣ бо назардошти ҳамаи андозҳо. Таҳфифҳо ва бастаҳои дақиқаҳои ҷорӣ ҳангоми занг задан тавассути хизматрасонии «Занг аз ҳисоби дӯст» ҳисоб намегарданд. Ҳангоми зжанг задан аз суратҳисоб маблағ ситонида мешавад.
      6. Арзиши гузариш ба ҷадвали тарофаи нақшавии «Салмоати» аз тарофаҳои архивӣ – ройгон аст, гузариш тибқи тартиби яктарфа дастрас аст. Арзиши гузариш ба тарофаҳои ғайри архивӣ – ройгон, ҳангоми гузаштан ба нақшаҳои тарофавии «Саломати» бо нақшаҳои баробар ё калонтар, арзиши гузариш аз калонтар ба майда 0.50 сомониро ташкил медиҳад.
      7. Гузаштан аз ҷадвали тарофаи нақшавии «Саломати» ба тарофаҳои архивӣ ғайриимкон аст.
      8. Ҳангоми пардохт накардани пардохти абонентӣ, зангҳои баромад (содиротӣ), интернет, SMS ва MMS қатъ гардида, фақат имкони қабули зангҳои воридотӣ ва SMS боқӣ мемонад.
      9. Ҳангоми гузаштан аз як тарофаи нақшавии «Аъло» ба тарофаи дигари он, боқимондаи дақиқаҳо, трафики интернет ва SMS мӯҳлати амали тарофа нигоҳ дошта мешавад, агар ба шарте арзиши тарофаҳо баробар ё бештар бошад.
      10. Бастаи истифоданашудаи интернет барои тарофаи нақшавии «Саломати»дар давоми 3 моҳ (90 рӯз) чамъ мешавад. Ҳангоми насупурдани пардохти абонентӣ дар давоми 3 рӯз, бастаи ҷамъшуда бекор мешавад. Пас аз 90 рӯз бақияи ҷамъшудаи моҳи аввал бекор мешавад. Трафики боқимондаи SMS ва дақиқаҳо дар ҷадвали тарофаи нақшавии «Саломати» ҷамъ намешаванд ва ба моҳи дигар гузаронида намешаванд.
      11. Ҳангоми аз нав пайвастшавии тарофа, боқимондаи бастаи дақиқа, интернет ва SMS бо иловаи бастаи фаъолшуда изофа гардида, дар мӯҳлати истифодаи бастаи нав идома меёбад.
      12. Бастаи иловагии дақиқаҳо дар дохили ҶТ ба мӯҳлати амали пардохти муштарӣ вобаста ба тарофа иртибот дорад.
      13. Дар ҷадвали тарофавии «Аъло» бастаҳои G, Бастаҳои бемаҳдуд, Интернети бемаҳдуди шабона дастрас мебошанд.
  • Кӯмаки бима
      1. Маркази тамос (сall center)-и BIMA барои муштариён бо рақами 5511 дастрас аст.
      2. Мӯҳлати суғурта 1 моҳи тақвимӣ тибқи ПМ ба андозаи 500 ё 1000 сомонӣ муқаррар карда мешавад;
      3. Агар муштарӣ ПМ-ро напардозад, бима пешниҳод намешавад;
      4. Новобаста аз осеб (зарар) маблағи комили бима пардохта мешавад.
      5. Ҳангоми рух додани ҳодисаи нохуш ширкати BIMA-ро давоми 60 рӯз дар ҷараён гузоштан лозим аст;
      6. Қаламрави бима (суғурта) тамоми ҷаҳон ба ғайр аз нуқтаҳои даргирӣ ва ҷанг маҳсуб меёбад.
      7. Ҳангоми гузариш ба ТН Саломатӣ ба муштарӣ SMS-паёмак дар бораи бима ва иттилоъи зарурии тамос ирсол мешавад. www.bima.tj;
      8. Дар сурати ба ҳалокат расидани муштарӣ, наздикону пайвандони ӯ маблағи суғурташударо мутобиқи ТН гирифта метавонанд.
  • Ҳодисаҳои зерин бима карда намешаванд!
      1. Анҷоми амали барқасдона барои ба даст овардани маблағи бима;
      2. Дар натиҷаи худкушӣ ва иқдоми худкушӣ;
      3. Аснои ҷанг ва муноқишаҳои низомӣ;
      4. Дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз шароб (алкоҳол), инчунин ҳангоми заҳролудшавӣ дар натиҷаи истеъмоли моддаҳои нашъадор, доруворӣ ва / ё психотропӣ бидуни дорухати духтур;
      5. Амалҳое, ки ҳангоми мастӣ рух медиҳанд;
      6. Дар натиҷаи машғул шудан бо ҳама гуна намудҳои варзиш: пойгаи мошину мотосиклҳо, ҳама намуди аспсаворӣ, ҳавонавардӣ, кӯҳнавардӣ,варзишҳои размӣ ва тирандозӣ;
      7. Аснои идораи ҳама намуди нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва ё дар ҳолати мастӣ, инчунин мадҳушӣ аз маводи нашъа рондани нақлиёт;
      8. Бо сабабҳои мустақим ва ғайримустақим гирифторони маризиҳои равонӣ, фалаҷ ва саръ (эпилепсия);
      9. Дар натиҷаи ҳомиладорӣ, таваллуд ва/ё мушкилоти марбут ба ин.