Пайвастшавӣ

Чӣ тавр бояд муштарии Tcell шуд?

Муштарии мо шудан осон аст! Танҳо яке аз нақшаҳои тарофавии хизматрасоние, ки маҳс барои Шумо қулай аст, интихоб намоед. Бо нақшаҳои тарофавӣ Шумо метавонед дар ин ҷо ошно шавед. Агар интихоб бароятон мушкил бошад, операторони мо барои Шумо тарофаи аз ҳама қулай ва муфидтаринро пешниҳод мекунанд.

Ба шабакаи Tcell дар Марказҳои Хизматрасонии Ширкат ва нуқтаҳои дилерӣ пайваст шудан мумкин аст. Руйхат ва суроғаҳои Марказҳои Хизматрасонии Ширкат ва нуқтаҳои дилериро дар ин ҷо дидан мумкин аст.

    Шарти ҳатмӣ барои пайвастшавӣ ба шабака ин ташриф ба Маркази Хизматрасонии наздиктарин ва ё ба яке аз нуқтаҳои дилерии Ширкат мебошад. Бо худ доштани ҳуҷҷатҳои зерини тасдиқкунандаи шахсият зарур мебошад:

  • Шиносномаи шаҳрванди ҶТ;
  • Барои шаҳрвандони хориҷӣ бо худ доштани шиноснома ё шиносномаи бақайдгирӣ.

  • Ҳангоми пайвастшавӣ дар нуқтаҳои дилерии Ширкат бастаҳои ибтидоӣ, ки ҳар яке иборат аз:

    • SIM-кортҳои шакли мувофиқ;
    • Рақами муштаригӣ;
    • Шартномаҳо бо Ширкат оиди пешниҳод намудани хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ.

    Фарқияти арзиш байни бастаҳои ибтидоӣ дар фарқияти маблағ дар суратҳисоб ва арзиши худи пайвастшавӣ, арзиши SIM-корт, андозаи пардохти абонентӣ аз руи нақшаи тарофавӣ ва маблағи тавозуни ибтидоӣ, ки дар ихтиёри муштарӣ боқӣ мемонад.

    Таваҷҷӯҳ! Шумо метавонед рақами навро, танҳо аз руйхати рақамҳои озоди мавҷудбуда интихоб намоед. Аммо интихоби рақамҳо аз руи категорияҳои «VIP», «Мултиплатиновӣ+», «Мултиплатиновӣ», «Платиновӣ+», «Платиновӣ», «Тиллоӣ+», «Тиллоӣ», «Нуқрагӣ», «Биринҷӣ» аз руи нархномаи алоҳида арзиш мешавад. Маълумотро оиди арзиши чунин рақамҳо дар ин ҷо ва ё дар хадамоти иттиллоотӣ-маълумотрасонии Ширкат метавонед пайдо кунед. Арзиши рақамҳо бо асъори миллӣ ва бо назардошти ҳамаи андозҳо нишон дода шудааст.

    Арзиши рақамҳо аз руи категорияҳои «VIP», «Мултиплатиновӣ+», «Мултиплатиновӣ», «Платиновӣ+», «Платиновӣ», «Тиллоӣ+», «Тиллоӣ», «Нуқрагӣ», «Биринҷӣ» пардохти якдафъаинаи иловагӣ ба арзиши пайвастшавӣ ба ҳисоб рафта, барои пардохт мутобиқи категорияи интихобшудаи рақам ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи Тcell ҳатмӣ мебошад. Дар сурати терминатсия шудани рақами мушрарӣ ва бекор кардани Шартнома оиди пешниҳоди хизматрасониҳои алоқаи радиотелефонӣ дар шабакаи Tcell, новобаста аз сабабҳои бекоршавии он, маблағи барои пайвастшавии рақам ба шабака ва арзиши худи рақам новобаста аз категорияи он бар гардонида намешавад.

    Хотиррасон мекунем, ки рақами муштаригӣ моликияти Ширкат ба шумор меравад ва ба муштарӣ танҳо барои истифодаи дар давраи эътибор доштани Шартнома оиди хизматрасониҳои алоқаи кандуии радиотелефонӣ дар шабакаи Tcell дода мешавад.

    Таваҷҷӯҳ! Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки SMS-паёмҳои огаҳӣ оиди ҳолати тавозун (суратҳисоби рақами мушрарӣ) аз тарафи система ба таври автоматӣ, ҳангоми ба ҳадди 0,60 сомонӣ расидан, ҳангоми аз ҷониби муштарӣ истифодабарии хизматрасониҳо ва бастаҳои пулакӣ, ва инчунин ҳангоми ҳисобида шудани пардохти абонентӣ новобаста аз вақти шабонарӯз ирсол карда мешавад. Бо мақсади пешгирии изтироб ва нороҳатӣ аз SMS-паёмҳои воридотӣ дар вақти шабона, тавсия дода мешавад, ки таҷҳизоти (телефон) худро ба низоми бесадо (беззвучный режим) ё сатҳи садои мӯътадил гузоред.


printer.png

Чопи саҳифа