Баракат боз ҳам фоидаовартар шуд!

Акнун бо ҳар сатҳи нав дар барномаи «Баракат» шумо имкониятҳо ва имтиёзҳои бештар ба даст меоред.
- Холҳои бештар ҷамъ кунед - Ҳар қадар сатҳи шумо баландтар бошад, ҳамон қадар холҳои бештар мегиред. Масалан, дар сатҳи 1 — 1 сомонӣ = 1 хол, дар сатҳи 10 — 1 сомонӣ = 2 хол.
- Имкониятҳои навро боз кунед - Бо баланд шудани сатҳ, хизматрасониҳо, тӯҳфаҳо ва имтиёзҳои иловагӣ барои шумо дастрас мегарданд.
- Аз «Чархи тӯҳфаҳо» бештар баҳра баред - Сатҳи шумо имкониятҳо ва имтиёзҳои дастрасро дар «Чархи тӯҳфаҳо» муайян мекунад.
- Имтиёзи махсус барои муштариёни «Салом+ 130» ва болотар - Барои муштариёни тарофаҳои «Салом+ 130» ва болотар сатҳи 2 ба таври худкор муқаррар карда мешавад.
- Дар робита ба навсозии «Чархи тӯҳфаҳо» ва ҷорӣ шудани сатҳҳои нав, сатҳи баъзе муштариён мутобиқи шартҳои нави барнома тағйир дода мешавад.
Сатҳи худро баланд бардоред ва бо «Баракат» боз ҳам бештар имтиёз ба даст оред!