Хизматрасониҳо
Алоқаи доимӣ

Занг аз ҳисоби дӯст

Агар маблағ дар ҳисобатон тамом шавад – ягон фоҷеа нест! Ба дӯстонатон аз ҳисоби худи онҳо, ба воситаи хизматрасонии «Занг аз ҳисоби дӯст» аз ширкати Tcell занг занед.
Аз хизматрасонии мазкур ҳамаи муштариёни Tcell ҳангоми ба «0» сифр баробар будани маблағи тавозунашон истифода бурда метавонанд.
Ҳангоми қабули занги Шумо дустатон паёми овозӣ мешунавад. Ӯ метавонад рақами «1»-ро пахш намуда, занги Шуморо қабул кунад, ё алоқаро қатъ карда қабули зангро аз хисоби худ радъ намояд. Арзиши занг барои муштарии даъваткунанада ройгон, барои даъватшаванда - 0,0815 сомониро ба назардошти ҳамаи андозҳо ташкил мекунад (яклухтшавӣ дақиқавӣ). Тарофагузорӣ аз лаҳзаи пайвастшавии муштариён оғоз мегардад.

Ҳамчунин, дар сурати бароятон дастрас будани хизматрасонии «Пардохти муваққатӣ» имкон доред, ки хизматрасониро тариқи пахши рақами «1» дарҳол фаъол гардонед. Дар ин маврид, ба тавозуни Шумо маблағи максималии дастрас аз руи хизматрасонӣ ворид мегардад, ва пас аз чанд лаҳза Шумо метавонед мустақилона зангро анҷом диҳед.

USSD-фармон агар хоҳед, ки зангҳоро аз ҳисоби худ манъ кунед
USSD-фармон барои бозкардани зангҳо аз ҳисоби худ

Даъват ҳангоми риояи шартҳои зерин амалӣ мешавад:
  • Донистан муҳим аст!
        1. Барои муштариёне, ки аз руи тарофа пардохти муштаригии моҳона доранд, даъватро дар формати *86*рақами муштарӣ чидан зарур аст.
        2. Дар тарофаи Next 2016 хизматрасонӣ дастрас нест.
        3. Хизматрасонӣ мавриди зангҳо аз роуминг ва ё ҳангоми ба муштарии дар роуминги байналмиллалӣ қарор доштани муштари даъватшаванда дастрас нест.
        4. Арзиши занг ба воситаи хизматрасонии мазкур аз ҳисоби муштарии даъватшаванда ҳисобида мешавад.


  
printer.png

Чопи саҳифа