Роуминг
Роуминги байналмилалии автоматӣ

Пайвастшавӣ ва шартҳои пешниҳод

Чи тавр хизматрасонии роуминги худро тафтиш намоям?

Барои санҷиши хизматрасонии роуминг амалӽои зеринро анҷом додан лозим аст:


Чӣ тавр хизматрасонии роумингро пайваст/хомуш кардан мумкин аст?

Хизматрасонии Роуминги байналмиллии автоматӣ (минбаъд «РБА»)
Фаъолгардонии хизматрасонӣ барои шахсони воқеӣ дар маркази хизматрасонӣ, ҳангоми пешниҳоди шиноснома ва ариза; барои шахсони ҳуқуқӣ – дар асоси дархости хаттӣ тариқӣ факс ё почтаи электронӣ ба унвонии супервайзер ё сервис менеҷери дахлдор бо зикри Муштарие, ки дар рақамаш хизматрасонии роуминг бояд пайваст карда шавад, сурат мегирад.

Хизматрасонӣ пас аз фаъолгардонӣ, ӽангоми тавозуни мусбии матлубан зиёда аз 100 сомонӣ дастрас мешавад.

Ҳангоми дар роуминг қарор доштан, нигоҳ доштани тавозуни мусбат дар анозаи зиёда аз 50 сомонӣ тавсия карда мешавад, зеро вазъияте имконпазир аст, ки ҳангоми он баъди пурра кардани тавозун дар муддати як шабонарӯз хизматрасониҳои роуминг дастнорас боқӣ мемонанд, маълумоти муфассал оиди чӣ гуна пурра кардани тавозун ин ҷост.

Тарофабандии РБА чӣ тавр сурат мегирад?

Ӽисобида шудани маблағ аз тавозуни муштарӣ барои истифодаи хизматрасониҳои роуминг дар реҷаи пас-пардохт дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи истифодаи хизматрасонӣ дар роуминг (яъне пас аз он ки муштарӣ аз хизматрасонӣ истифода мекунад, на дар вақти воқеӣ) сурат мегирад, ва ин метавонад сабаби ӽосил гардидани тавозуни манфии (қарзӣ) муштарӣ шавад.

СМС-ӽои воридотӣ ӽисобида намешаванд, яъне ройгонанд, боқимонда хизматрасониҳо мутобиқи тарифабандии хизматрасониҳои РБА, ҳар моҳи тақвимӣ азнав мегарданд. Маълумоти муфассалро оиди нархҳо метавонед дар Хадамоти иттиллоотӣ-маълумотрасонӣ гиред.


Ӽангоми дар роуминг қарор доштан, метавонед инчунин аз хизматрасонии ройгони «Ба ман занг занед», ки бароятон фиристодани смс-хабарро ба муштариёни Tcell бо дархости ба Шумо занг задан имкон медиҳад, истифода баред. Тафсилотро дар ин ҷо дарёфт кардан мумкин аст.

Барои муштарии аз Тоҷикистон ба рақами телефони дар роуминг қарордошта зангзадаистода, занги мазкур байналмилалӣ набуда, ӽамчу занги муқаррарӣ ба рақами муштарии шабакаи Tcell тарофабандӣ карда мешавад.

Кулли хизматрасониӽои дар шабакаи Tcell фаъолгардонидашуда, масалан, бастаҳои Интернет, дақиқаӽои бонусӣ, контент ва дигар хизматрасониӽо, ӽангоми дар роуминг қарор доштани муштарӣ амал намекунанд.

Занг ба хадамоти иттилоотӣ – маълумотрасонии ширкати Tcell пулакӣ буда, ӽамчун занги содиротӣ ба Тоҷикистон мутобиқи тарофабандии шабакаи интихобшуда ӽисобида мешавад.

Хангоми дар роуминг қарор доштан тавсия дода мешавад, ки хизматрасони интиқоли зангӽо (переадресаия) ба рақамҳои дигар муштариени хомуш карда шавад, бинобар он, ки ӽангоми интиқоли зангҳо ба таври автоматӣ сурат гирифта, мутобиқи тарофабандии зангҳои содиротӣ дар роуминг ӽисобида мешавад. Инчунин, пеш аз сафар тавсия карда мешавад, ки хизматрасонии «Ӽамеша дар алоқа» бинобар ӽамчун занги воридотӣ ӽисобида шудани занги ба почтаи овозӣ интиқолшуда, хомуш карда шавад. Маълумоти муфассал дар ин ҷо.


printer.png

Чопи саҳифа