Интернет
Барномаҳои мобилӣ

Чӣ Гап

«Чӣ Гап» - нахустин барномаи мобилии миллии тоҷикӣ барои смартфонҳо мебошад, ки имкони РОЙГОН анҷом додани загҳои овозӣ, видео зангҳо ва мубодилаи паёмҳоро дар дохили барнома, ва ҳамчунин имконияти занг заданро ба рақамҳои мобилӣ ва шаҳрии Тоҷикистон бо нархҳои дастрас фароҳам меоварад.

Cамти зангҳо* Нархнома
«Чӣ Гап» ба «Чӣ Гап»
0
Зангҳои видеоӣ дар дохили «Чӣ Гап»
0
«Чӣ Гап» ба Tcell (бе барнома)
0,10 сомони
Занг ба дигар операторони мобилии Тоҷикистон
0,20 сомони
Занг дар самтҳои байналмилалӣ
Мувофиқи тарофабандии зангҳо 
дар самтҳои байналмилалӣ
SMS-хабарҳо (чат)
«Чи Гап» на «Чи Гап»
0
GPRS
Интиқоли маълумотҳо**
Мувофиқи тарофа

*  Нархҳо дар сомонӣ бо назардошти ААИ ва аксиз нишон дода шудаанд. 

** 
Трафик барои истифодабарии барнома аз баста, мувофиқи нархбандии тарофа ё шабакаи Wi-Fi ситонида мешавад.

  • Афзалият
    • «Чӣ Гап» - барномаи ройгоне аст, ки барои ҳамаи муштариёни Тоҷикистон ва тамоми дунё дастрас аст
    • Зангҳои муфид ба ҳамаи рақамҳо дар Тоҷикистон аз Росия ва аз ҳар нуқтаи дунё
    • Зангҳои овозӣ/видеоӣ дар дохили «Чӣ Гап» РОЙГОН
    • Хабарҳои РОЙГОН дар дохили «Чӣ Гап»
    • «Чӣ Гап» - барномаи қуллай бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ
    • Як рақам ва як ҳисоб барои зангҳои мобилӣ ва «Чӣ Гап»
    • Имкони доим ва дар ҳар ҷо дар алоқа будан
    • Надоштани пардохти абонентӣ
    • Усулҳои қуллай ва стандартии пур кардани ҳисоб дар Русия ба воситаи терминалҳои Qiwi
  • Бақайдгири
          Дар вакти истифода будрани барномаи VPN, барномаи «Чӣ Гап» фаъолият намекунад.

        Ки метавонад барномаро истифода барад?
    • Муштариёни Tcell;
    • Муштариёне, ки имконияти муроҷиат намудани ба маркази хизматрасони надоранд ё берун аз ҶТ қарор доранд.

        1 қадам: Истифодабарии барномаро чи тавр шурӯъ кард?
      • Боварӣ ҳосил кунед, ки шумо ба шабакаи 3G, 4G ва Wi-Fi пайваст ҳастед;
      • Боргирӣ намудани барнома аз AppStore ё Google Play вобаста аз системаи оператсионии телефони мобилии шумо.

      • 2 қадам: Чӣ тавр бояд бақайдгири намуд?

        Баъд аз боргирӣ ва сабт намудани барнома, дар саҳифаи асосӣ шумо бояд тугмачаи «Бақайдгири»-ро пахш намоед.

        1. Дар экран саҳифа бо саволи «Шумо рақам аз Tcell доред?» пайдо мешавад
        2. Тугмачаи «Бале»-ро пахш намоед
        3. Пас, рақами Tcell-и худро ворид намоед (шарти ҳатми: SIM-корт бояд дар телефон бошад барои қабул намудани рамз)
        4. Баъдан, ба шумо тариқи SMS рамз бо матни 6 аломат фиристода мешавад
        5. Далее, на указанный Вами номер, вы получите SMS с 6-значным паролем 
        6. Дар саҳифаи кушодашуда шумо бояд дар чое, ки ном (рақами Tcell) ва рамз ишора шудааст, онро ворид намоед ва ҳамин тавр шумо барномаи Чӣ Гап худро бақайд мегиред.

          Чӣ тавр аз хориҷ ба Тоҷикистон занг зад?
          Барои ройгон занг задан ба Точикистон, шумо бояд ба муштарие, ки занг занед, ки барномаи Чӣ Гап-ро дошта бошад. Шакли рақамчинӣ метавонад бо рамзи давлат ё ин ки бе рамзи давлат бошад.
          Барои занг задан ба Тоҷикистон бо нархи дастрас* ба муштариёне, ки барномаи «Чӣ Гап» надоранд, ба Шумо лозим аст, ки ба рақамҳои муштарии даъватшавандаро бо шакли рақами +992 рақамчини намуда, ба занги мобилӣ пахш намоед.
                
          * Нархҳоро дар ҷадвали боло нигоҳ кунед

  • Колл-сентр
        Колл-сентри «Чӣ Гап» - Ба Колл-сентри «Чӣ Гап» занг зада, Шумо метавонед ҳамаи маълумотро оиди барномаи Чӣ Гап дастрас намоед.
      • Чавоб ба ҳамаи саволҳои иттилоотӣ оид ба барномаи «Чӣ Гап»
      • Бастан ва кушодани рақам
      • Кумак расонидани бақайдгирӣ дар барномаи «Чӣ Гап»
      • Барқароркунии рамз

        Рақами Колл-сентр:
        +992 (77) 711 5555

        Реҷаи корӣ:
        24/7
  • Саволҳои тез такроршаванда

    Саволҳо Ҷавобҳо
    Оё ман метавонам дар ҳолати муштарии Tcell набудан ва дар Тоҷикистон қарор доштанам аз барномаи «Чӣ Гап» истифода барам?                                                                                                                                                                                                                                                                                                        

    Не, барои аз барномаи «Чӣ Гап» истифода бурдан лозим аст, ки пас аз расмиёти азқайдгузарӣ барои ба даст овардани логин, рамзи махфи ва ворид шудан ба барнома, рақами Tcell-ро харидорӣ намоед. Чунончи, барои истифодаи барнома дастрасӣ ба Интернет зарур аст, минбаъд, Шумо метавонед аз алоқаи мобилии ҳар гуна операторони мобилии дигар ё шабакаи Wi-Fiро истифода баред.

    Оё ман метавонам мавриди берун аз марзи Тоҷикистон қарор доштанам, аз барномаи «Чӣ Гап» истифода барам?

    Бале, метавонед, агар Шумо муштарии Tcell бо SIM-корт бошед, ба хизматрасонии роуминг (роуминги Воқеӣ ё Осон бо тавозуни мусбат зиёда аз 5 сомонӣ ва роуминги Байналмилалӣ зиёда аз 100 сомонӣ) пайваст бошед аз хизматрасониҳои алоқа ба воситаи барномаи мазкур, ҳангоми берун аз қаламрави Тоҷикистон қарор доштан истифода баред.

    Ман чӣ гуна метавонам SIM-корти Tcell-ро бо рақаме, ки аз он дар «Чӣ Гап» аз қайд гузаштаам, дастрас намоям?

    Шумо метавонед SIM-кортро аз марказҳои хизматрасонии дилхоҳи ширкати Tcell дастрас кунед. Барои ин лозим аст, ки шиносномаеро, ки аз руи он Шумо расмиёти азқайдгузарии «Чӣ Гап» анҷом дода будед, пешниҳод намуда, арзиши хизматрасонии иваз намудани SIM-кортро пардохт намоед.

    Дар ҳолати фаромуш кардани рамзи махфиам, ман чӣ гуна ба «Чӣ Гап» ворид шуда метавонам?

    Шумо бояд ба тугмачаи «Рамзам фаромуш шуд»-ро пахш намоед ва рақами Tcell-и худро, ки шумо пештар бақайд гирифта будед, ворид намоед. Баъдан тугмачаи «SMS»-ро пахш намуда каме интизор шавед, ба Шумо баъд аз чанд сония ба тариқи SMS рамз бо матни 6 аломат фиристода мешавад ва шумо бояд онро ворид намуда “Тасдиқ” намуданро пахш намоед. Пас аз он, шумо вориди барномаи «Чӣ Гап» мешавед. 

    Ман метавонам барномаи «Чӣ Гап» -ро дар планшет ё компютер истифода барам? Айни замон барнома танҳо дар смартфонҳо дастрас аст.

    Барои бо барномаи «Чӣ Гап» истифода кардан, ба ман Интернет лозим аст?

    Бале, барномаи «Чӣ Гап»-ро танҳо бо Интернет тариқи Интернети Wi-Fi, шабакаи 3G ё 4G истифода бурдан мумкин аст.

    Ман чӣ тавр метавонам ҳисоби «Чӣ Гап»-и худро пур намоям?

    Аз баски тавозуни (ҳисоб) «Чӣ Гап»-и шумо бо тавозуни мобилии шумо як аст, шумо метавонед тавозуни худро тариқи: терминалҳои худхизматрасонӣ, марказҳои хизматрасонии Tcell пур намоед. Агар шумо дар Русия бошед, шумо метавонед тариқи терминалҳои худхизматрасонии QIWI тавозуни худро пур намоед. Гузаронидани маблағ ба тавозуни ҳисоб бо рубли русӣ бо қурби асъори бонки QIWI (Русия) сурат мегирад. Қурби асъор ҳангоми пардохт дар оинаи терминалҳои QIWI нишон дода мешавад.

    Ман чӣ тавр дустонамро дар «Чӣ Гап» пайдо кунам? 

    Дар бахши Тамосҳо, 2 тугмача вуҷуд дорад: яке «Тамосҳои телефон», дигаре тамоҳои «Чӣ Гап». Дар бахши “Тамосҳои телефон”, ҳамаи тасомҳое, ки дар телефони шумо вуҷуд дорад, нишон дода шудааст. Тамосҳое, ки аллакай дар барномаи «Чӣ Гап» бақайд гирифта шудаанд, дар бахши тамосҳои «Чӣ Гап» пайдо мешаванд. Ҳангоми ба тугмачаи «Чӣ Гап» пахш намудан, шумо ҳамаи дустоне, ки барномаи «Чӣ Гап»-ро истифода менамоянд, метавонед дарёфт намоед.

    Ман чӣ тавр дар дохили барномаи «Чӣ Гап» зангҳои садоӣ ва видеоиро анҷом диҳам? 

    Агар, рақами даъватшаванда дар рӯйхати тамосҳои шумо сабт гардида бошад, шумо метавонед аз бахши “Тамосҳо” номи ӯро ворид намуда, аз рӯйхати тамосҳо ҷустуҷӯ намоед. Агар рақами даъватшаванда аллакай бо барномаи «Чӣ Гап» истифода намояд, дар мушахассоти ӯ тугмачаи “Занги ройгон” пайдо мегардад. Ҳангоми пахши тугмачаи “Занги ройгон” шумо метавонед ройгон сӯҳбат намоед. Агар рақами даъватшаванда Чӣ Гап надошта бошад, дар мушахассоти ӯ тугмачаи “Таклиф” намудан пайдо мегандад.

    Рамзи барномаи «Чӣ Гап»-и худро чӣ тавр иваз намоям?

    Барои ин, ба шумо лозим аст ба тугмачаи Танзмоти Мушахассот пахш намуда, дар бахши сарҳисоб тугмачаи “Иваз кардани рамз”-ро пахш намоед. Сипас, рамзи мавҷуда ва баъдан рамзи навро ду маротиба ворид намоед. Ба шумо оиди бо мувафаққият иваз шудани рамз маълумот меояд. 

    Агар рақами ман боздошт, шикаст ё зери хатар қарор гирад, ман чӣ бояд кунам?

    Агар шумо бовар дошта бошед, ки касе дигар бо ҳисоби шумо аз барномаи «Чӣ Гап» истифода менамояд, шикаста шудааст ё зери хатар қарор дорад, фавран дар ин бора ба хадамоти техникӣ: ChiGap@tcell.tj хабар диҳед ва мо чораҳои зарури оиди барқарор намудани дастрасиро меандешем.

    Дар ҳолати дар барномаи «Чӣ Гап» пайдо нашуданиягон тамос дар рӯйхати тамосҳои, чӣ бояд кунам?

     - Бовар ҳосил намоед, ки шумо дар ҳудуди шабакаи Wi-Fi, 3G ё 4G қарор доред. «Чӣ гап» танҳо дар ҳолати пайвасти Интернетии хуб доштан, ҳамоҳанг месозад.
    - Рақаме, ки ба назари шумо «Чӣ гап»-ро истифода менамояд, онро ҳазф (нобуд) созед. Баъдан он рақамро бори дигар ворид намоед ва дубора тафтиш намоед, ки ҳамоҳангсозӣ анҷом ёфт.
    - Таҷҳизоти худро хомуш ва аз нав оғоз намоед.
    - Агар ягон роҳи дар боло пешниҳодгашта ёрӣ надиҳад, пас барномаро ҳазф (нобуд) намуда, онро аз нав боргирӣ ва насб намоед.

    Дар ҳолати қабул нанамудани рамз, чӣ кор кунам? 

    - Рақами телефони худро санҷед. Боварӣ пайдо намоед, ки рақамро дуруст ворид намудаед;
    - Вазъи шабакаи худ ва роумингро санҷед;
    - Ба хадамоти техникӣ: ChiGap@tcell.tj хабар диҳед.

    Мизоҷони корпоративӣ метавонанд бо барномаи «Чӣ Гап» истифода намоянд?

    Бале, хизматрасонӣ дар ҳамаи тарофаҳои дастрас аст. 

    Барои кадом тарофаҳо метавон хизматрасонии «Чӣ Гап»-ро пайваст намуд? Барои ҳамаи тарофаҳои овозӣ.

  • Сиёсати корбурди маълумоти шахсӣ

            ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (минбаъд дар матн “Оператор”) ба корбурди маълумотҳои шахсии Муштарӣ хеле ҷиддӣ рафтор менамояд. Лутфан, маълумоти зеринро хонед, то ки бо сиёсати ҶСП «Индиго Тоҷикистон» оиди корбурди маълумоти шахсӣ (минбаъд дар матн “Сиёсат”) шинос шавед. Сиёсати мазкур тарзи қабул, ҷамъоварӣ ва истифодаи маълумот дар торнамо, ки дар суроғаи www.tcell.tj (“Торнамо”), барномаи “Чӣ Гап” (минбаъд дар матн “Барномаи “Чӣ Гап”) ва дар дигар пешниҳодҳову хизматрасониҳои (минбаъд дар матн дар якҷоягӣ “Хизматрасониҳо”) дар торнамои www.tcell.tj пешкаш мегардад, маълум менамояд.
            Бо баробари ба ин Торнамо ташриф овардан ё истифодабарии Хизматрасониҳо, Муштарӣ бо қоидаву шартҳое, ки дар Сиёсати мазкур тавсифшудааст, ки метавонад бо мурури замон тағийр ёбад, розӣ буда онҳоро қабул менамояд. Ҳар бор, ҳангоме ки Муштарӣ ба Торнамо ташриф меорад ё Хизматрасониҳоро истифода менамояд, Муштарӣ ба Оператор барои ҷамъоварӣ, истифода ва ошкори маълумоти пешниҳоднамудани Муштарӣ мувофиқи тартиботе, ки дар Сиёсати мазкур муқаррар гардидааст, розигии бевоситаи худро медиҳад.
            Шарҳи истилоҳоти истифодашуда: бо истифодаи ибораи “Маълумоти шахсӣ” дар Сиёсати мазкур, Оператор маълумоти шахсии Муштарӣ, ки барои муайян намудани ҳувияти Муштарӣ истифода мешавад, ба монанди: ному насаб, суроғаи зист, суроғаи имейли ва амсоли онҳоро, дар назар дорад. Бо истифодаи ибораи “Маълумоти беимзо” дар Сиёсати мазкур, мо маълумотеро дар назар дорем, ки бо воситаи он ҳувияти Муштарӣ ё ки ба маълумоти шахсии Муштарӣ алоқаманд нобуда, ба амсоли маълумотҳои маҷмӯъгашта, маълумоти умумии демографӣ ва суроғаҳои IP, ошкор намегардад. Маълумоти беимзо имкон намедиҳад, ки ҳувияти шахсӣ воқеӣ муайян гардад.

    1. Ҷамъоварӣ ва истифодаи маълумот
            Ҳангоми насб намудани Барномаи «Чӣ Гап» ва бақайдгирӣ дар «Чӣ Гап», Муштариро лозим аст рақами телефон, ному насаб, акс (ном ва акс ҳатмӣ нест), дар саҳифаи обунашавӣ нусхаи шиносномаро боргузорӣ намуда (барои муштариёне, ки муштарии Оператор нестанд) ва барои дастрас намудани рӯйхати тамосҳо дар таҷҳизоти Муштариро, иҷозат диҳад.
            Нусхаи рақамҳои телефонӣ ва номҳо аз рӯйхати тамосҳои Муштарӣ (аммо, ғайр аз суроғаи имейл, қайдҳо ва дигар маълумотҳои шахсӣ аз рӯйхати тамосҳо) дар серверҳо захира шуда танҳо барои мақсадҳои зерин истифода мешавад:
            a) огоҳӣ намудан оиди фаъолияти тамосҳои Шумо дар барномаи «Чӣ Гап»;
            b) муайян намудан, ки кадоме аз тамосҳои Муштарӣ аллакай истифодабарандаи барномаи «Чӣ Гап» аст;
            c) дуруст нишон додани номи тамосҳо — дар он намуде, ки дар рӯйхати тамосҳо нишондода шудааст – ҳангоми зангҳои воридотӣ;
            d) ҳамоҳангсозии тамосҳо ҳангоми оғоз намудани барномаи «Чӣ Гап» дар iOS.
    Нусхаи рӯйхати тамосҳо (номҳо ва рақамҳои телефонӣ) дар маркази иттилоотии барӯзшаванда захира мегардад. Дар маркази иттилоотии мазкур захираи иловагӣ ва таърихи онҳо насб намегардад. Ҳангоми нест кардани рӯйхати тамосҳо аз ҷониби Муштарӣ, маълумотҳо фавран ва абадан аз серверҳои Оператор пок карда мешавад.
    Рақами телефонии Муштарӣ бо мақсади муайян намудани ҳувият ҳамчун номи корбурд дар барномаи «Чӣ Гап» истифода мешавад.
    Оператор инчунин барои ҳар як иттилоот ва зангҳое, ки аз системаи Оператор мегузарад, хизматрасонии сабти муфассали зангҳо (CDR)-ро истифода мебарад.

    2. Статуси Онлайн и ва статуси "Дидашуд"
            Дигар истифодабарандагон ҳоли (статуси) пайвастшавии Муштарӣ ва ҳоли дида шудани пайёми ба Муштарӣ фиристода шударо мебинанд. Муштарӣ метавонад имконияти “Дидашуд”-ро аз танзимоти барнома бекор намояд.

    3. Паҳн ва ифшои маълумот  
            Оператор ягон маълумотро ба ҷониби сеюм, ғайр аз ҳолатҳои дар поён дарҷгардида, барои истифода, фурӯш ва ё паҳннамоӣ пешниҳод наменамояд. Оператор метавонад Маълумоти шахсиро дар ҳолатҳои зерин ифшо намояд:
            a) ҳангоми иҷро намудани талаботи қонунгузорӣ ва ё ҳалли додгоҳ нисбат ба Муштарӣ;
            b) ҳифзи ҳуқуқ ё моликият (аз он ҷумла иҷро намудани созишномаи мо);
            c) фароҳам овардани муҳофизати истифодабарандагони Хизматрасонии мо ё намояндагони ҷамъият дар ҳолатҳои фавқулода.
            Барои пешниҳод намудани маҳсулотҳои зарурии ҶСП «Индиго Тоҷикистон», мо метавонем гоҳе, агар чунин зарурат вуҷуд дошта бошад, Маълумоти шахсии шумо (ғайр аз рӯйхати тамосҳо ва амсоли онҳо) ва маълумотҳои интиқолшавандаро бо шарикони-таъминкунандагони боэътимоди хизматрасониҳо ва/ё агентҳо, масъалан: ширкатҳои молиявӣ (бонҳо) ва дигар таъминкунандагони молиявӣ ва хизматрасониҳои таҳлилӣ, кӯмаки мизоҷон ё хостинг, табодул намоем. ҶСП «Индиго Тоҷикистон» аз шахсони сеюми мазкур ҳамеша талаб менамояд, ки барои ҳифз намудани маълумоти шахсӣ ва маълумотҳои интиқолшаванда чораҳои зарурӣ ва техникӣ андешидашуда, инчунин, қонунгузориҳои дахлдор риоя гардад. ҶСП «Индиго Тоҷикистон» ҳеҷгоҳ, ғайр аз ҳолатҳое, ки қонун талаб менамояд, ба шахсони сеюм маълумот оиди рӯйхати тамосҳои шуморо пешниҳод наменамояд (дар поён бингаред).
    Оператор дар ҳолати вуҷуд доштани хатар барои амнияти давлат, чораҳои ҳифзи ҳуқуқ ё дигар вазифаҳои муҳими иҷтимоӣ, метавонад маълумотро пешниҳод намояд.
            Оператор метавонад гоҳ-гоҳ аз Муштарӣ маълумот оиди таҷрибаи истифодабарӣ, ки Оператор онро барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасони истифода мебарад, пурсад. Муштарӣ дар ҳеҷ ҳолат ӯҳдадор нест, ки чунин маълумотро пешниҳод намояд. Ҳама намуди маълумотҳо, ки Муштарӣ бо хоҳиши худ тариқи формаи тамос дар Торнамо ва ё дигар пурсишҳо, ки бо розигии Муштарӣ суръат мегирад, пешниҳод менамояд, барои омӯзиши фикру пешниҳодҳои Муштариён ва беҳбуд намудани нармафзор, маҳсулотҳо ва торнамои ҶСП «Индиго Тоҷикистон» истифода мешавад.
            Оператор метавонад ба Муштарӣ оиди хатогиҳо, мушкилот бо пешниҳод намудани хизматрасонӣ, пайём фиристад. Оператор инчунин ҳуқуқ дорад, бо истифода аз имейл ё СМС Шуморо оиди ҳар гуна даъвоҳои эҳтимолӣ, ки ба истифодаи барнома, торнамо ва ё маҳсулотҳо, аз он ҷумла, бидуни маҳдудият, даъвоҳо оиди вайрон гаштани ҳуқуқҳои шахсони сеюм, ки аз ҷониби Шумо суръат гирифтааст, хабардор созад.

    4. Бехатарӣ
            Оператор барои ҳифзи Маълумотҳои шахсӣ аз истифодаи нодуруст, гум ва дастрасии беиҷозат  чораҳои оқилонаро меандешад
    Бо вуҷуди он, ки Оператор ҳамаи чораҳои ҷисмонӣ, электронӣ ва тартиботиро барои ҳифзи Маълумоти шахсӣ пеша менамояд, Оператор наметавонад кафолат диҳад, ки Маълумоти шахсӣ аз дастрасии беиҷозат эъмин мебошад.

    5. Ворид намудани тағийротҳо ба Сиёсат
            Баъзан Оператор метавонад Сиёсатро аз нав дида барояд. Оператор ҳуқуқ дорад мисли даигар қоидаҳову тартиботҳо, дар лаҳзаи дилхоҳ Сиёсати мазкурро барӯз гардонад ё ба Сиёсати мазкур бо огоҳии пешакӣ ё бидуни он тағийрот ворид намояд. Аммо, Оператор Маълумоти шахсии шуморо бидуни розигии пешакии шумо, ғайр аз усулҳое, ки куллан аз усулҳое, ки дар Сиёсати мазкур дарҷ гардидааст фарқ дорад, истифода намебарад. Оператор бо мақсади ба истифодабарандагон фароҳам овардани имконияти шинос шудан, ки Оператор кадом намудаи маълумотҳоро ҷамъоварӣ менамояд ва маълумотҳо чӣ гуна ва дар кадом ҳолатҳо истифода мешаванд, Сиёсати барӯзшударо дар Торнамо нашр менамояд. Муштарӣ ӯҳдадор аст бо мақсади огаҳ будан аз тағийротҳо, гоҳ-гоҳ Сиёсати мазкурро аз нав хонда бо шарти онҳо шинос ва розигии худро диҳад. Тӯлонӣ истифодабарии Торнамо мазмуни розӣ будани Муштарӣ бо тағийротҳо ва шартҳои Сиёсатро дорад. Дар ҳолати розӣ набудани Муштарӣ бо он шартҳо, Муштарӣ набояд аз Торнамо, Барномаи «Чӣ Гап» ё дигар Хизматрасониҳо истифода кунад.

    6. Тағийрот ё ҳазф намудани маълумот
            Оператор бо сабабҳои техникӣ наметавонад муайян намояд, ки кай Муштарӣ барномаро ҳазф намуд. Аз ин сабаб, ҳангоми аз ҷониби Оператор мушоҳида нашудани фаъолият аз таҷҳизоти Муштарӣ дар мӯҳлати 90 рӯз, Оператор ҳисоб менамояд, ки Муштарӣ барномаро ҳазф намуд ва аз сервер рӯйхати тамосҳои Муштариро ҳазф менамояд. Аммо, бинобар бовар надоштани Оператор, ки Муштарӣ барномаро ҳазф намуд (зеро, масъалан, Муштарӣ шояд дар рухсати корӣ қарор дошта бошад), Оператор сарҳисоби Муштариро (рақами телефони пешниҳодгашта ва ID таҷҳизот) бекор наменамояд.

    7. Маълумотҳо барои тамос
    Муштариён ҳамаи саволҳое, ки ба Сиёсат рабт дорад, метавонанд ба суроғаи зерин фиристанд:
    ҶСП «Индиго Тоҷикистон» 
    Рӯдакӣ 34 (Tcell Plaza)
    Факс +992 37 223 21 23  
    Душанбе, Тоҷикстон

  • Созишномаи литсензия бо истифодабарандаи барномаи «Чй Гап»

      СОЗИШНОМАИ ЛИТСЕНЗИЯ БО ИСТИФОДАБАРАНДАИ БАРНОМАИ «Чй Гап»
       
      ҶСП “Идиго Тоҷикистон” (минбаъд дар матн “Оператор”), ки дар асоси Литсензияи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ таҳти рақами №11-022-Т аз 31.10.2011с. фаъолият менамояд, ба истифодабарандагон хизматрасониҳои зангҳои садоӣ, зангҳои видеоӣ ва пайёмҳои матнӣ тариқи барномаи литсензионӣ (минбаъд дар матн барномаи «Чӣ Гап») дар таҷҳизотҳои мобилӣ, ки барои боргирӣ ва насб намудан аз торнамои ҶСП «Индиго Тоҷикистон» дар суроғаи www.tcell.tj (минбаъд дар матн «торнамои Оператор») ва инчунин аз Google Play Market ва Apple AppStore (минбаъд дар матн «Сайт») дастрас аст, пешниҳод менамояд.
      Созишномаи литсензияи мазкур (минбаъд адр матн “Созишнома”) як санади қонунии ҳатмӣ ба ҳисоб рафта байни Оператор ва Муштарӣ ба имзо расида, дорои ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои Муштарӣ ва Оператор оиди истифодабарии барномаи “Чӣ Гап” мебошад. Бо баробари истифода бурдани барномаи “Чӣ Гап” Муштарӣ бо шартҳои Созишномаи мазкур, қоидаҳои махфияти Оператор шинос буда онҳоро қабул менамояд.  

      1. ТАВСИФИ УМУМИИ БАРНОМАИ ”ЧӢ ГАП”  
      1.1. Барномаи “Чӣ Гап” ба Муштарӣ имкон медиҳад зангҳои садоӣ ва видеоӣ, табодили пайёмакҳои фаврии чатӣ, қабули зангҳое, ки ба таҷҳизоти Муштарӣ ба амал меояд, содир намудани зангҳои содиротӣ ба таҷзиҳоти Муштарии Муштариёни Оператор, инчунин ба рақамҳои муштариёни дигар ширкатҳои мобилӣ, иҷро намояд.  

      2. ИСТИЛОҲҲО ВА ШАРҲИ ОНҲО  
      2.1. Муштарӣ – шахси воқеӣ (шаҳрванд), соҳибкори инфиродӣ ё шахсони ҳуқуқӣ, ки бо Оператор шартномаи муносиб оиди хизматрасониҳо ва вогузорӣ намудани Рақами (рақамҳои) муштарӣ имзо намудааст, мебошад.  
      2.2. Рақам – рақаме, ки дар шабакаи алоқа аз ҷониби Оператор ба Муштарӣ вогузорӣ шуда,  дар шабакаи алоқа таҷҳизоти муштариро бо/бидуни Сим‑корти Оператор дар он, айнан муайян менамояд.
      2.3. Таҷҳизоти муштарӣ – таҷҳизоти интиҳоии қонунӣ истифодашавандаи Муштарӣ, ки ба Муштарӣ бо воситаи пайваст намудни таҷҳизоти мазкури интиҳоӣ дар шабакаи алоқаи Оператор барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои Оператор истифода мешавад, мебошад.  
      2.4. Мушахассоти Муштарӣ – бахши Утоқи муштарӣ буда, дар он мушахассоти шахсии ӯ: ному насаб, мушахассоти шиноснома ва дигар маълумотҳо, ки Муштарӣ ҳангоми бақайдгирӣ дар барномаи “Чӣ Гап” ҳатман ворид менамояд.  
      2.5. Зангҳои IP-to-IP – зангҳое (садоӣ ва видеоӣ), ки тариқи барномаи “Чӣ Гап” дар шабакаи IP (аз ҷониби Муштарии барномаи “Чӣ Гап” истифодабаранда ба ҷониби Муштарии барномаи “Чӣ Гап” истифодабаранда) оғоз ё хотима мегардад.  
      2.6. Зангҳои SIP IN – зангҳое, ки дар шабакаи телефонӣ оғоз ёфта дар шабакаи IP (ба ҷониби Муштарии барномаи “Чӣ Гап” истифодабаранда) хотима мегардад.  
      2.7. Зангҳои SIP OUT – зангҳое, ки дар шабакаи IP (аз ҷониби муштарии барномаи “Чӣ Гап” истифодабаранда) оғоз ёфта дар шабакаи телефонӣ (ба Муштарие, ки ҳангоми қабули занг барномаи “Чӣ Гап” истифода наменамояд) хотима мегардад.  
      2.8. Чат – воситаи мубодилаи пайёмҳо тариқи шабакаи роёна (компютер) дар режими воқеӣ, инчунин тариқи барномае, ки барои рӯй додани чунин мубодила шароит фароҳам меорад.  
      2.9. Ҳисоби шахсӣ – сабти номи ҳисобдори таҳлилӣ дар ХМИ-и Оператор, ки ба Муштарӣ амалиёт дар ҳисоби шахсӣ оиди пешниҳоди хизматрасонӣ ва пардохти онҳо нишон медиҳад, муқаррар мегардад.  
      2.10. Номи корбар – Рақами муштарӣ ва рамз, ки барои ворид шудан ба барномаи “Чӣ Гап” муқаррар шудааст.  
      2.11. Ҳисоби Муштарӣ – сабт дар базаи мушаххасоти Платформаи барномаи “Чӣ Гап”, ки дар он маълумот оиди Муштарӣ ва аз он ҷумла, вале на маҳдуд ба, Номи корбар нигаҳ дошта мешавад.  
      2.12. Боздошт – масдудияти дастрасии Муштарӣ ба барномаи “Чӣ Гап” аз ҷониби Оператор аз он ҷумла, вале на маҳдуд ба ҳолатҳое, ки дар ҳисоби Муштарӣ вуҷуд надоштани маблағи кофӣ барои истифодаи барномаи “Чӣ Гап”, ё пешниҳод намудани маълумоти нодуруст, кӯҳна, нопурра ҳангоми пур намудани Мушахассоти Муштарӣ, суръат мегирад.  
      2.13. Ҳол – функсияи барномаи “Чӣ Гап”, ки барои дидани вазъи ҳамсӯҳбат имкон медиҳад: “онлайн”, “ғоиб будан”, “ҳузур надоштан”, “пинҳон” ва ғайроҳо. Муштарӣ вобаста ба ҳоли худ метавонад ҳоли худро интихоб намояд ё ки ҳол бо тарзи автоматикӣ тағийр меёбад.  

      3. ФУНКСИЯҲОИ БАРНОМАИ “ЧӢ ГАП”
      3.1. Барномаи “Чӣ Гап” ба Муштарӣ имкон медиҳад функсияҳои зеринро истифода барад:  
      • Содир ва қабул намудани зангҳои садоӣ ва видеоӣ тариқи IP-to-IP;  
      • Содир ва қабул намудани зангҳо ба/аз шабакаҳои телефонӣ (SIP IN ва SIP OUT);  
      • Мубодилаи чат-пайёмҳо тариқи IP-to-IP;  
      • Илова намудан ё тағийр додани мушахассоти шахсии худ;  
      • Ҷустуҷӯ намудани дигар Муштариёни барномаи “Чӣ Гап” аз рӯи маълумоти мушахассгардида;  
      • Идора намудани ҳоли худ дар барномаи “Чӣ Гап”;  
      • Аз сарчашмаи Оператор насб намудани барӯзгардонии барномаи “Чӣ Гап”.
      3.2. Дастрасии функсияҳо аз Ҳоли ҳозир будани дигар Муштарӣ, мавҷуд будани рақами телефон дар рӯйхати тамосҳо, инчунин мавҷуд будани барномаи “Чӣ Гап” дар таҷҳизоти дигар Муштарӣ вобаста аст.  
      3.3. Функсияҳои барномаи “Чӣ Гап” метавонад бо ихтиёри Оператор дар ҳама ҳолат тағийр ёбад, ки бо он тағийротҳо Муштариён метавонанд аз торнигори Оператор ё аз Сайт шинос шаванд.  

      4. МАҲДУДИЯТИ ИСТИФОДАБАРИИ БАРНОМАИ “ЧӢ ГАП”
      4.1. Созишномаи мазкур то лаҳзаи барҳам додани он аз ҷониби Муштарӣ ё аз ҷониби Оператор эътибор дорад. Муштарӣ метавонад дар лаҳзаи дилхоҳ Созишномаи мазкурро бекор намояд ва/ё бо ихтиёри худ аз истифодаи барномаи “Чӣ Гап” даст кашад.
      4.2. Оператор дар навбати худ дар лаҳзаи дилхоҳ метавонад Созишномаи мазкурро бо Муштарӣ бекор намояд, муваққатан ё то абад дар ҳолатҳои зерин имкони истифода бурдани барномаи “Чӣ Гап” аз ҷониби Муштариро роҳ надиҳад:
      4.2.1. риоя накардани шартҳои Созишномаи мазкур аз ҷониби Муштарӣ;
      4.2.2. агар Оператор асос дошта бошад, ки Муштарӣ бо истифода аз барномаи “Чӣ Гап” қонуншиканӣ ё ҳуқуқи ҷониби сеюмро вайрон менамояд;
      4.2.3. агар Оператор асос дошта бошад, ки Муштарӣ кӯшиш беинсофона ё барои манофеи шахсии худ аз барномаи “Чӣ Гап” истифода менамояд;
      4.2.4. агар Оператор асос дошта бошад, ки Ҳисоби Муштарӣ аз ҷониби шахси сеюм бо мақсади фиребгарӣ истифода мегардад;
      4.2.5. агар бинобар бо ворид намудани тағийрот дар қонунгузорӣ ва (ё) санадҳои ҳуқуқии воҳидҳои танзимкунандаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурят пайдо шавад;
      4.2.6. агар ҳангоми бақайдгирӣ дар барномаи “Чӣ Гап” Муштарӣ маълумоти нодуруст, кӯҳна, нопурра пешниҳод намояд;
      4.3. Ҳамаи маводҳои аз ҷониби Муштарӣ нашршаванда, фиристодашаванда, қабулшаванда тариқи барномаи барномаи “Чӣ Гап”, аз он ҷумла, вале на маҳдуд ба матни Ҳол, аксҳо, видео ва дигар робитаҳо якҷоя «Маводҳои Муштарӣ» номида мешавад. Чунин Маводҳои Муштарӣ метавонад дар доираи барномаи “Чӣ Гап” аз ҷониби Муштарӣ ҷойгузорӣ ва нашр гардад ва онро дигар Муштариёни барномаи “Чӣ Гап” метавонанд бубинанд. Муштарӣ эътироф менамояд ва розӣ ҳаст, ки ҳар Маводҳои Муштарӣ метавонад аз ҷониби дигар Муштариён, ки дорои Рақами муштарӣ ва барномаи “Чӣ Гап”, ки дар таҷҳизоте муштарӣ насб шудааст, дида шавад.
      4.4. Оператор нисбат ба ягон Маводҳои Муштарӣ кафолат намедиҳад. Муштарӣ барои Маводҳои шахсии худ, ва барои натиҷаи ҷойгузорӣ ва нашрнамоии Маводҳои Муштарии худ комилан ӯҳдадор мебошад. Маводҳои Муштарӣ мавқеъ ва/ё муносибати Оператор ба онҳоро баён наменамояд, ва Оператор барои саҳеҳӣ, дурустӣ ва ҳолати ҳуқуқии ягон Маводҳои Муштарӣ кафолат намедиҳад.
      4.5. Ҳангоми истифодабарии барномаи “Чӣ Гап” Муштарӣ метавонад бо маълумоте, ки мумкин аст таҳқиромез, ношоиста ё номатлут ҳисобида шавад, бархӯрад. Бо вуҷуди ин, бо такия ба таваккал Муштарӣ барои истифодаи барномаи “Чӣ Гап” розӣ мегардад ва Оператор дар назди Муштарӣ барои мундариҷае, ки мумкин аст таҳқиромез, ношоиста ё номатлут ҳисобида шавад, ӯҳдадор немегардад.
      4.6. Оператор барои дастрас намудани истифодабарии барномаи “Чӣ Гап” дар ҳар ҷо ӯҳдадор нест. Муштарӣ бо ихтиёри худ барномаи “Чӣ Гап”-ро истифода менамояд ва барои риояи қонунҳои амалкунанда худаш ӯҳдадор аст. Оператор ҳақ дорад дар ҳама ҳолат ҳангоми риоя нашудани шартҳои Созишномаи мазкур ва/ё фармони мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастрасии Муштари ба барномаи “Чӣ Гап”-ро тағийр, боздошт, бартараф ва ё масдуд намояд.  

      5. ТАРОФАГУЗОРӢ 
      5.1. Барномаи “Чӣ Гап” тарофагузории зангҳои  SIP OUT аз рӯи истифодаи он ва мутобиқи тарофаҳои Оператор ки дар торнамои Оператор нашр шудааст, ба назар мегирад.
      5.2. Зангҳои садоӣ ва видеоии SIP IN, IP-to-IP ва чатҳои IP-to-IP дар барномаи “Чӣ Гап”, ғайр аз пардохти хизматрасонҳои интиқоли маълумот мутобиқи нақшаи тарофавии амалкунандаи Муштарӣ дар ҳамон замон, тарофагузорӣ намешавад.
      5.3. Ҳисоббарорӣ аз ҳисоби шахсии Муштарӣ, ки ба ӯ Рақами Муштарӣ тааълуқ дорад, суръат гирифта мувофиқи тарофагузории амалкунандаи барномаи “Чӣ Гап” ҳисоб карда мешавад. Бо тарофаҳои барномаи “Чӣ Гап” метавон аз торнамои Оператор шинос шуд.
      5.4. Агар Муштарӣ дар як вақт бо чанд Муштариёни дигар дар режими телеконфронс зангҳои садоӣ тариқи SIP OUT оғоз намояд, дар ин ҳолат зангҳо аз рӯи миқдори зангҳо (Муштариёни дар конфронс иштироккунанда), мутобиқи тарофаҳои муқарраргаштаи барномаи “Чӣ Гап” тарофагузорӣ мегардад.
      5.5. Оператор ҳақ дорад дар ҳама ҳолат бо пешакӣ огаҳ намудани Муштарӣ ба тарофаҳои барномаи “Чӣ Гап” тағийрот ворид намояд, ки бо он тағийротҳо аз торнамои Оператор шинос шудан мумкин аст.
      5.6. Оператор ҳақ дорад яке ва ё ҳама функсияҳои барномаи “Чӣ Гап”-ро барои истифода, дар муддати муайян, ройгон пешниҳод намояд.
          
      6. ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРӢ ДАР БАРНОМАИ “ЧӢ ГАП”
      6.1. Муштарӣ аз торнамои Оператор ва ё Сайт барномаи “Чӣ Гап”-ро боргирӣ менамояд;
      6.2. Муштарӣ мувофиқи дастурамал оиди насбгардонӣ дар таҷҳизоти муштарӣ барномаи “Чӣ Гап”-ро насб менамояд;
      6.3. Ҳангоми Муштарӣ доштани рақами мавҷудаи фаъол, Муштариро лозим аст мутобиқи дастурамал рақами фаъоли худро ворид намуда бо шартҳои Созишнома розӣ шуда онҳоро қабул менамояд.
      6.4. Ҳангоми Муштарӣ надоштани рақами мавҷудаи фаъол, Муштариро лозим аст ҷараёни бақайдгириро гузарад, ки дар натиҷаи он Муштарӣ соҳиби Рақам ва Номи корбар мегардад.
      6.5. Барои соҳиби Рақам ва Номи корбар гаштан, Муштариро лозим аст:
      6.5.1. Маълумотҳои зеринро, ки ба Мушахассоти Муштарӣ тааълуқ дорад, ҳатман пешниҳод намояд:
      • Ному насаб;
      • Рақами шиносномаи амалкунанда;
      • Рӯзи таваллуд;
      • Рақами мобилии фаъол, ки бояд бо формати байналмиллалӣ ворид шавад, ё суроғаи электронӣ барои қабул намудани Номи корбар пешниҳод гардад;  
      6.5.2. Акс/нусхаи шиносномаи амалкунандаро, ки он нусха бояд мувофиқи формат дарҷгардида сифат ва андозаи муносиб дошта, боргузорӣ намояд.
      6.5.3. Муштарӣ дар барномаи “Чӣ Гап” бо Созишнома ва шартҳои он шинос шуда, тариқи пахши тугмачаи «Бо шартҳои Созишнома розӣ ҳастам» розигии худро медиҳад;
      6.6. Баъди мутобиқи банди 6.3 ё 6.4-6.5 гузаштани бақайдгирӣ, Муштарӣ Номи корбарро ба Рақам ё суроғаи электронии пешниҳоднамудааш қабул менамояд. Ворид намудани Номи корбар ба Муштарӣ имкон медиҳад ҷараёни бақайдгириро дар барномаи “Чӣ Гап” хотима дода ба ӯ имкони истифода пешниҳод мегардад.
      6.7. Дар ҳолате, ки агар ҳангоми бақайдгирӣ бо формати дигар пур намудани яке аз маълумотҳо, ба Муштарӣ аз нав пешниҳод намудани маълумот ва дубора гузаштани ҷараёни бақайдгирӣ ва қабули Номи корбар пешниҳод мегардад. Дар ҳолати аз ҷониби Муштари иҷро нагаштани талаботҳои пешниҳоди маълумот ва/ё аз пешниҳод гаштани маълумоти номувофиқ, Оператор ҳақ дорад бақайдгириро барои Муштарӣ радд ё онро масдуд намояд.
      6.8. Ҳангоми дар ҷараёни бақайдгирӣ, мутобиқи шартнома оиди пешниҳоди хизматрасонӣ ва рақам пешниҳод гаштани Рақаб ба Муштарӣ, бо онҳо метавон аз торнамои Оператор шинос шуд.
      6.9. Муштарӣ мустақилона барои пешниҳоди маълумот дар Мушахассоти Муштарӣ мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст.  

      7. РОЗИГӢ БАРОИ ИСТИФОДАИ МАЪЛУМОТҲО
      7.1. Оператор маълумотҳои истифодабарии барномаи “Чӣ Гап” аз ҷониби Муштариро, аз он ҷумла маълумоти шахсии Муштариро мутобиқи қоидаҳои тасдиқшудаи махфият аз ҷониби Оператор, ба даст меорад, ҷамъ менамояд ва аз он истифода менамояд.
      7.2. Бо баробари бо барномаи “Чӣ Гап” истифода бурдани Муштарӣ, ӯ бо он, ки Оператор метавонад маълумотҳои техникӣ ва маълумоти мувофиқшуда, аз он ҷумла, вале на маҳдуд ба маълумоти техникии таҷҳизоти Муштарӣ, маълумот оиди система ва барномаи музофотӣ, ки аз ҷониби Оператор  барои барӯзгардонӣ/ворид намудани тағийрот ба функсияҳои барномаи “Чӣ Гап”, ва дигар хизматрасониҳои ба барномаи “Чӣ Гап” тааълуқдошта (дар ҳолати вуҷуди он) ҷамъ мегардад, истифода намояд.   

      8. ТАҒИЙРОТ БА СОЗИШНОМАИ МАЗКУР
      8.1. Оператор дар ҳама ҳолат метавонад ба Созишномаи мазкур тағийрот ворид намояд. Тағийротҳо дар торнамои Оператор нашр гашта аз замони нашри он эътибор дорад.
      8.2. Муштариён оиди тағийротҳо ба Созишномаи мазкур ва ё қатънамоии Созишномаи мазкур 10 (даҳ) рӯз пеш эътибор гирифтани чунин тағийротҳо огаҳ мегарданд. Созишномаи мазкур аз лаҳзаи дар огоҳӣ мушахассшудаи он тағийрёфта ё қатъгардида ҳисобида мешавад.
      8.3. Агар Муштарӣ дар давоми 10 (даҳ) рӯз аризаи норозигии худ оиди ворид намудани тағийротҳо ба Созишномаро ё радди қабули тағийротҳоро ба ҷониби Оператор ирсол нанамояд, ва/ё баъди эътибор гирифтани чунин тағийротҳо бо барномаи “Чӣ Гап” истифодабариро давом диҳад, чунин тағийротҳо аз ҷониби Муштарӣ қабулшуда ҳисобида мешавад.  

      9. ӮҲДАДОРИҲОИ МУШТАРӢ
      9.1. Муштарӣ барои ҳамаи амалиётҳое, ки дар Ҳисоби муштарӣ рӯй медиҳад, ӯҳдадор аст ва дар ҳолати ғайриқонунӣ истифода шудан ва ё вайроншавии бехатарии Ҳисоби муштарӣ, Муштарӣ саривақт Операторро огаҳ месозад. Оператор барои зараре, ки ба ҷониби Муштарӣ дар натиҷаи истифодабарии барномаи “Чӣ Гап” бо/бидуни хабар доштани Муштарӣ расонида шудааст, ӯҳдадор намебошад.
      9.2. Муштарӣ ҳақ надорад:
      9.2.1. маълумоте, ки барои Муштарӣ тааълуқ надорад онро ба даст орад, гӯш диҳад, вайрон намояд ё дар мубодилаи он монеъ шавад;
      9.2.2. бо мақсади ғалатсозӣ, несткунӣ, зараррасонӣ, тақлидкорӣ ва ё шикасти пуррагии барномаи “Чӣ Гап”-ро аз ягон барномаҳои кодӣ - «вирусҳоb компютерӣ», «троянҳои компютерӣ», «кирмҳои компютерӣ», «бомбаҳои суст амалкунанда» истифода намояд;
      9.2.3. бидуни розигии гирандагони пайёмҳои тӯдаи тиҷоратӣ (инчунин бо номи «СПАМ» машҳуранд), ки мутобиқи муқаррароти амалкунандаи қонунгузорӣ манъ гаштаанд, ё бо мақсади «фишинг» («ба даст овардани маълумоти боарзиш), ё бо мақсади «фарминг» (равона намудани трафик ба ягон торнамоҳои махсус), ё бардурӯғ намудани ҳувияти худ ё тақлидкории алоқаи худ ба дигар ҷониб ё ширкат, аз барномаи “Чӣ Гап” истифода намояд;
      9.2.4. ба дигар Муштариён маводҳои характери таҳқиромездошта ё маводҳои эҳтимолан ба шахсони ба балоғат нарасида, маводҳои дорои характери қабеҳ ё дигар маводҳои хатактери номатлубдоштаро фиристад;
      9.2.5. кӯшиш намояд барои сохтани мамоният ё носозӣ ба ҷониби сеюм барои таҳдид ё дахолат кардан ба ҳаёти шахсии ҷониби сеюм, барномаи “Чӣ Гап”-ро истифода барад;
      9.2.6. Маводҳои Муштарӣ, ки аз рӯи қонун ба ҷониби сеюм тааълуқ дорад, ғайр аз ҳолатҳое, ки вақте ки Муштарӣ розигии шахсони дорои чунин ҳуқуқҳоро дорад, истифода барад;
      9.2.7. барои ба даст овардани маълумоти махфӣ, аз он ҷумла, номи дигар Муштариён барномаи “Чӣ Гап”-ро истифода барад;
      9.2.8. барои дастрас будани функсияҳои барномаи “Чӣ Гап”, хусусан, тариқи ҳуҷумҳои DOS (denialofservice – қатъи хизматрасонӣ) ё DDoS (distributeddenialofservice – қатъи хизматрасонии тавзифшуда), таъсир намояд ва ё кӯшиш намояд таъсир намояд.  

      10. ҚОИДАИ БОЗГАРДОНИДАНИ МАБЛАҒ
      10.1. Агар Муштарӣ барои тарофагузоришавии зангҳо тариқи барномаи “Чӣ Гап” на аз рӯи тарофаи Оператор бовар дошта бошад, ӯ ҳуқуқ дорад дар давоми 30 (сӣ) рӣз аз лаҳзаи нодуруст рӯй додани чунин тарофагузорӣ ба тарзи хаттӣ ба Оператор аризаи худро пешниҳод намояд. Талаботҳо оиди бозгардонидани маблағ баъди гузаштани 30 (сӣ) рӯз аз лаҳзаи нодуруст рӯй додани чунин тарофагузорӣ беэътибор дониста мешавад.
      10.2. Оператор, агар гумон дошта бошад, ки: (а) Муштарӣ кӯшиш дорад беинсофона аз қоидаҳои бозгардонидани маблағ сӯиистифода менамояд, масъалан, як чанд маротиба аризаи барои бозгардонидани як маблағи баҳсшаванда (оне, ки пештар баҳсшудааст) пешниҳод менамояд; (б) Муштарӣ шартҳои Созишномаи мазкурро риоя наменамояд; (в) аз рӯи маълумотҳои ба Оператор буда, Муштарӣ бо мақсади фиребгарӣ ё дар ҳолате, ки Ҳисоби муштарӣ аз ҷониби сеюм ба мақсадҳои қаллобӣ истифода мегардад, ҳақ дорад ариза оиди бозгардонидани маблағро радд намояд.  

      11. МОЛИКИЯТИ ХУСУСӢ
      11.1. Барномаи “Чӣ Гап”, аз он ҷумла торнамои Оператор, инчунин нишони тиҷоратии “Чӣ Гап” ва нусхаи онҳо бо ҳуқуқҳои муаллиф ва дигар қонунгузориҳо оиди моликияти маънавӣ махфуз гаштааст.
      11.2. Оператор соҳиби ном, ҳуқуқи муаллиф ва дигар ҳуқуқҳои маънавии барномаи “Чӣ Гап” ва нусхаи онҳо, тағийротҳо ба он, ва барномаи асосӣ (аз он ҷумла баёнҳои Муштариён оиди барномаи “Чӣ Гап”) ба ҳисоб меравад.
      11.3. Мутобиқи шартҳои муқарраргаштаи шарти 13-ум, ҳуқуқҳо нисбат ба литсензияи барномаи ҷониби сеюм махфуз шудаанд. Бо литсензияи барнома розӣ шудан, Шумо бо шартҳои муқарраргаштаи шарти 13-уми литсензияи барнома, розӣ ҳастед.    

      12. ҲАЛЛИ БАҲСҲО
      12.1. Ҳамаи баҳсҳо ва шикоятҳое, ки аз Шартномаи мазкур, бармеоянд бояд бо роҳи гуфтушунидҳо ҳал карда шаванд. Дар ҳолате, ки агар Ҷонибҳо бо роҳи гуфтушунидҳо ба созиш наоянд, баҳсҳо тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба додгоҳи иқтисодӣ пешниҳод мегардад.    

      13. БАРНОМАИ ШАХСОНИ СЕЮМ
      13.1. Дар ин барнома, барномаи шахсони сеюм истифода шудааст, ки таҳти шартҳои литсензияиҳои зерин муқаррар шудаанд:

      Qt 4.4.0: Копирайт (C) 2008-2010 Ширкати Нокия ва / ё ширкатҳои ба он тааълуқ. Нусхаи мазкур барои тиҷорати шартномаи литсензиявӣ омода шудааст. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред:  http://qt.nokia.com/products/licensing/licensing # qt-commercial-license

      PJSIP 1.8: Копирайт (C) 2009 Teluu LLP. Нусхаи мазкур барои тиҷорати шартномаи литсензиявӣ омода шудааст. Оиди шартҳои литсензия, тавассути имейлҳои зерин тамос гиред: contact@teluu.com

      Майкрасофт Visual Studio 2010 C / C + + Library of Operation: Копирайт (C) 2010 Майкрасофт Корпорейшн. Оиди шатҳои литсензия, лутфан ба шартномаи литсензиявӣ, ки тариқи Visual Studio 2010 пешниҳод гаштааст, нигаред.

      OpenSSL: Копирайт (C) 1998-2008 Лоиҳаи OpenSSL. Ҳамаи ҳуқуқҳо махфузанд. Копирайт (C) 1995-1998 Eric Young. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: http://www.openssl.org/source/license.html

      log4cxx: Копирайт (C)  Apache Software Foundation. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: http://www.apache.org/licenses/LICENSE-2.0

      libSRTP: Копирайт (C) 2001-2006 аз Cisco Systems, Inc. Ҳамаи ҳуқуқҳо махфузанд. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: http://srtp.sourceforge.net/license.html   

      PortAudio: Копирайт (C) 1999-2000 Phil Burk. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: http://portaudio.com/license.html

      SPEEX: Копирайт (C) 2002-2005 Xiph.org Foundation, Жан-Марк Валин, Дейвид Роу, EpicGames, Analog Devices. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: http://www.speex.org/docs/manual/speex-manual/node15.html

      GSM Codec 06.10: Копирайт (C) 1992, 1993, 1994 аз Ҷутта Дегенер ва Карстен Борманн. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: http://www.pjsip.org/licensing.htm

      FFmpeg Кодек lib: Копирайт (C) 2000-2008 Фабрис Беллар, ихтироъкунандаи FFmpeg. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: http://www.gnu.org/licenses/old-licenses/lgpl-2.1.html , http://www.ffmpeg.org/legal.html

      Ogg, Theora: Копирайт (C) 2011 Xiph.org Foundation. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: http://www.xiph.org/licenses/bsd/

      x264 Commercial Software: Копирайт (C) x264, LLC. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: http://x264licensing.com

      AVC: Копирайт (C) 2014 MPEG LA LLC. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: http://www.mpegla.com

      iLBC Codec : Копирайт (C) 2011 The WebRTC project authors. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: http://trac.pjsip.org/repos/wiki/PJSIP-Detail-License#iLBCCodec

      MediaStreamer2 : Копирайт (C) Belledonne Communications. Нусхаи мазкур барои тиҷорати шартномаи литсензиявӣ омода шудааст. Оиди шартҳои литсензия, тавассути имейлҳои зерин тамос гиред: contact@belledonne-communications.com             

      Android-ViewBadger: Копирайт (C) 2011 readyState Software Ltd. Оиди шартҳои литсензия, ба инҷо нигаред: https://github.com/jgilfelt/android-viewbadger/blob/master/LICENSE


Сиёсати корбурди маълумоти шахси (PDF)

скачать.png

printer.png

Чопи саҳифа