Хизматрасониҳо
Хизматрасониҳои абонентӣ

Конференс-алоқа

Функсияи «Конференс-алоқа» имкон медиҳад, ки якбора бо 5 муштарӣ, аз он ҷумла, муштариёни шабакаи телефонии шаҳрии стасионарӣ муошират намоед. 

Барои ташкил додани конференсия бо телефон муштарӣ-ташаббускор бояд чунин амалиётро гузаронад:

Барои пайваст намудани иштирокчиёни дигари конференс-алоқа (на зиёд аз 5) муштарӣ-ташаббускор рақамҳои телефонҳои онҳоро ба таври оддӣ мегирад. Муштариёни пештар пайвастшуда ба ҳолати доштани занг гузашта, ҳамдигарро то васлкунии онҳо ба муошират аз тарафи муштарӣ-ташаббускор намешунаванд.

Муштариёни дигар-иштирокчиёни конференсия низ метавонанд сӯҳбатҳои конфиденсиалӣ гузаронанд (занго қабул кунанд ё ба касе ба ғайр аз иштирокчиёни конференсия дар тамос шаванд), дар ин ҳолат иштирокчиёни конференсия ҳамдигарро намешунаванд, яъне дар режими доштани зангҳо қарор мегиранд.
Ҳангоми конференсия муштарӣ-ташаббускор метавонад яке аз иштирокчиён ва ё ҳамаи сӯҳбатро қатъ гардонад.
Барои анҷоми иштирок дар конференсия ҳар яки аз иштирокчиёни он метавонад кори конференсияро ба таври оддӣ алоқаро канда анҷом расонад.
Функсия ба муштарие, ки аз функсияи «Интизорӣ/доштани занг» истифода мебарад, пешниҳод мешавад.

Тарофабандӣ барои муштарӣ-ташаббускор мутобиқи нақшаи тарофавӣ алоҳида барои ҳар як муштарӣ-иштирокчиёни пайвастшуда ситонида мешавад.


printer.png

Чопи саҳифа