Роуминг
Дигар имкониятҳо

Донистан муҳим аст

Чӣ тавр дар шабакаи роуминг-шарики Tcell қайд шудан мумкин аст?

Ӽангоми ба кишвари дигар расидан зарур аст, ки телефони худро гирон кунед, пас аз он шабакаи дастрас дар ҳудуди роуминг-шарики мазкур ба таври автоматӣ ба интихоб мешавад. Ба истифодабарандагони смартфонҳо тавсия дода мешавад, ки азнавсозии автоматии барномаҳои телефонро тарқи интернети мобилӣ хомӯш карда дар танзимоти телефон шабакаи 2G, ё стандарти дугонаи 2G/3G-ро интихоб карда шавад.

Дар сурати пас аз чанд вақт дар дисплеи телефон пайдо нашудани код ва / ё номи шабакаи роуминг-шарик, шабакаи зарурӣ бояд ба таври дастӣ дар менюи телефон интихоб карда шавад. Дар ҳолати ба таври автоматӣ интихоб шудани шабакаи дигар низ интихоби шабакаи зарурӣ бояд ба таври дастӣ анҷом дода шавад. Бо сабаби рўйпўши ноустувори шабакаи интихобшуда, телефон ба шабакаи роуминг шарики дигаре, ки сигнали мавҷаш қавитар мебошад гузаштанаш мумкин аст. Ҳамин, ки дар дисплеи телефон коди шабака ва / ё номи роуминг шарик пайдо шуд, метавон зангҳои содиротӣ анҷом дод, инчунин аз ҳамаи хизматрасониҳои дар шабакаи мазкур дастрас истифода кард. Баъдан ҳангоми иҷрои ҳар як занг, тавсия дода мешавад, ки аз қайди телефон дар шабакаи роуминг шарики интихобшуда боварӣ ҳосил кунед.

Вақте, дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштан ва фаъол будани хизмарасонии Роуминг ба таври автоматӣ гузариши телефон ба шабакаи дастраси роуминг-шарикони кишварҳои ҳамсоя имконпазир аст. Дар чунин ҳолат, агар муштарӣ хоҳиши аз хизмаратсонӣ истифода бурданро надошта бошад, лозим аст, ки дар телефони мобилии худ шабакаи Tcellро ба таври дастӣ интихоб намояд (вобаста ба тамғаи телефон) ё хизматрасонии Роумингро дар менюи телефони худ хомӯш кунад.

Чӣ тавр ҳангоми дар роуминг қарор доштан занг задан ва SMS-паём ирсол намудан мумкин аст?

Ба рақамҳои Tcell +992 93 ХХХ ХХ ХХ, +992 92 ХХХ ХХ ХХ, +992 77 ХХХ ХХ ХХ, +992 50 ХХХ ХХ ХХ
Ба рақамҳои шаҳрии Тоҷикистон +992; коди шаҳр; рақами телефон
Ба рақамҳои телефонҳои мобилии Тоҷикистон +992; коди шабакаи мобилӣ; рақами телефон
Ба рақамҳои телефони дигар давлатҳо ва кишвархои иқомат + коди давлат; код шаҳр; рақами телефон
Ба рақамҳои мобилии дилхоҳ операторони дигар + коди давлат; коди шабака; рақами телефон

Бо сабабҳои техникӣ дар роуминг баъзе рақамҳои телефонӽои воридотӣ муайян карда мешавад, ё нодуруст муайян карда мешавад

Чӣ тавр аз хизматрасонии интиқоли маълумот (Интернет) ҳангоми дар роуминг қарор доштан бояд истифода кард?

То ба хориҷа сафар кардан тавсия дода мешавад, ки аз дастрасии хизматрасонии интиқоли маълумотӽо (Интренет) дар кишвари барои иқомат интихобшуда боварӣ ӽосил кунед. Маълумоти мазкур дар қисмати Тарофаҳо (барои хизматрасониҳои "РБА" ва "Роуминги Сабук ва Роуминги Воқеӣ") оварда шудааст.

Пайвастшавӣ ба Интернет дар роуминг метавонад ба хароҷоти барзиёд барои интиқоли маълумот оварда расонад, аз ин рӯ, махсусан соҳибони смартфонҳо, телефонашон дорои функсияи мунтазами «Роуминг маълумотҳо» мебошад, бояд ботаваҷҷуҳ бошанд зеро, ки телефон дар чунин ҳолат, шабонаруз интиқоли маълумотҳоро дастгирӣ намуда, бе огаҳии истифодабанда ба Интернет ворид мегардад. Барои истифодабарии Интернет функсии «Роуминги махлумот» бояд даргирон бошад, аммо пас аз истифодабарӣ, тавсия мекунем, ки онро ба таври дастӣ хомӯш кунед. Ҳамин тариқ, тавозуни худро аз хароҷоти иловагӣ эмин нигоҳ доштан мумкин аст.

Дар сурати набудани хизматрасонии интиқоли маълумот (Интернет) ҳангоми дар роуминг қарор доштан, бояд дар танзимоти телефон, интиқоли маълумотҳо дар сатри APN нуқтаи дастрасии “tcell”-ро илова карда шавад.


printer.png

Чопи саҳифа

Навидҳои Tcell

Доимо хабардор бошед
Ахбороти Tcell ва пресс-релизҳо
дар ин ҷо

Тамос бо мо

Барои тамос бо мутахассисони ширкат тариқи воситаҳои бароятон қулай муроҷиат намоед

Ҳисобкунаки Интернет

Восита барои интихоби интернети муфид

Онлайн-мушовир

Ҳангоми пайдо шудани саволҳо ба онлайн-хадамоти дастгири мурочиат намоед