Саҳмиядорони Tcell

Саҳмдори ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (рамзи молӣ Tcell)

AKFED - Фонди Оғо Хон оид ба рушди иқтисодӣ 

Фонди Оғо Хон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст. Ташкилоти Оғо Хон оид ба рушд (AKDN) шабакаи оҷонсиҳои инфиродӣ оид ба тараққиёт мебошад, ки ҳадафашон дар беҳбуд намудани имконот ва шароитҳои зисти аҳолии кишварҳои мавриди тараққӣ аст. Оҷонсиҳои AKDN бар манфиати тамоми ҷамъият, новобаста аз миллат, ҷинс ва мазҳаб фаъолият мекунанд. Ҳадафи асосии AKDN дар этикаи ғамхорӣ ба табақаҳои камбизоат дида мешавад. Ҳадафҳои AKDN дар Тоҷикистон – гузоштани саҳм ба ташаккулёбии ҷумҳурии дар соҳаи иқтисод фаъол, дар соҳаи сиёсат устувор, дар соҳаи маданият гуногун ва тоқатпазиру мӯътадил. Бисёре аз лоиҳаҳои AKDN, ҳам дар соҳаҳои маданию маънавӣ, ҳам дар соҳаҳои иқтисодӣ ба тоҷикитониён маъмуланд.

Ахбороти муфассалтар оиди AKFED дар сомонаи: www.akdn.org/akfed


printer.png

Чопи саҳифа