Роутерҳои 4G
Оператори пешсаф ва навовари кишвар – ширкати Tcell барои муштариён имконияти харидории роутерҳои 4G ва Mi-Fi -ро дар куллияи марказҳои хизматрасонӣ фароҳам овардааст!
4G Роутер | 760 сомонӣ | Бе трафик |
4G Роутер | 900 сомонӣ | 30 ГБ барои 1 моҳ |
4G Роутер | 1200 сомонӣ | 60 ГБ барои 1 моҳ |
Mi-Fi Роутер | 650 сомонӣ |
10 ГБ барои 1 моҳ |
- Арзиши 4G роутер аз трафики Интернети пайвастшуда вобаста аст. Ҳамин тавр, бо харидории роутери 4G бо нархи 900 сомонӣ, ба муштарӣ тарофаи «Бемаҳдуд L» бо трафики 30 Гб ба муддати 1 моҳ пайваст карда мешавад.
- 4G роутерҳое, ки аз марокизи хизматрасонии Tcell дастрас карда мешаванд, қуввадиҳанда (аккумулятор)-еро доро мебошанд, ки аз 2 то 3 соат бе барқ кор мекунанд.
- Ҳамчунин, ба корбарон пешниҳод мегардад, Mi-Fi роутерҳо (кисагӣ) -ро, ки бо тарофаи «Бемаҳдуд M» бо трафики 10 Гб муҷаҳҳаз мебошанд, харидорӣ намоянд. Mi-Fi Router- ҳои мазкур дорои манбаъи тавлиди қувва (power bank) буда, ба муштарӣ имкон медиҳанд, ки телефони худро қувва дода, ҳамзамон аз шабакаи Интернет истифода баранд.
- Вобаста ба талаботи инфиродӣ ва истифодабарии Интернет, ҳар як муштарӣ метавонад ҳамон бастаеро интихоб кунад, кил барояш аз нигоҳи ҳаҷм ва арзиш қонеъкунанда аст. Муфассал дар бораи тарофаи «Бемаҳдуд 4G»: https://www.tcell.tj/tarifs/unlimited-4g.php