Хабарҳо









Ҷавонони Хуҷанд дар бораи технология дар «Tcell Debate Time» баҳс карданд


Tcell муштаракан бо American Space Khujand СҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” («Офис гражданских свобод») барои ҷавонони Хуҷанд, ки донишҷӯёни марказҳои забономӯзӣ ва муштариёни корпоративии ширкат мебошанд, мусобиқоти мубоҳисавии «Tcell Debate Time»-ро баргузор намуданд. Донишҷӯён дар мавзӯи “Фанноварӣ ва ҷомеъа” бо забони англисӣ бо ҳам баҳс карданд.

Ин сабқати илмӣ ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда, дар доираи чорабинии «Tcell Debate Time» сурат пазируфт ва дар он 8 даста аз марокизи забономӯзӣ назири «Аркон», «Be Smart», «Сириус», «Уилям Шекспир», «Гӯшаи Амрико» ва «Доно»-и шаҳри Хуҷанд, инчунин тимҳои «Ҷаҳонро биомӯз» ва «London»-и шаҳри Истаравшан ширкат доштанд.   

Ҳамаи дастаҳо омодагии хуб доштанд ва дар ҷараёни мубоҳиса ба гунаи олӣ баромад карданд. Мавзӯи интихобшуда низ барои ҷавонони муосир рӯзмарра ва зарурӣ маҳсуб меёбад. Бачаҳо вориди майдони баҳс гардида, саводу дониши худро ба намоиш гузоштанд. Онҳо аз вижагиҳои технология (фанноварӣ)-и ҷадид дар замони ҳозир, ҳуқуқи муаллиф, интеллекти маснӯъӣ ва қоидаҳои истифодаи иноватсияҳои нав хуб бохабар буданд.

Ғолибони турнирро ҷоизаҳои арзишманд ва шаҳодатномаҳо аз ширкати Tcell интизор буданд. Ҳар як иштирокчии даста, ки мақоми аввалро касб карданд, аз ҷониби ширкати Tсеll бо гаджет, трафики интернет ва дигар туҳфаҳо сарфароз гаштанд. Ин ҷавоиз барои онҳо ҷиҳати омӯзиши бештар ва аз худ кардани забон коромад аст.

Дар маросими эътои ҷоизаву тӯҳфаҳо ба ғайр аз намояндагони ширкати Tcell ва муштариёни корпоративӣ, инчунин Ҷеф Райденауер, роҳбари бахши иттиллоти Сафорати ИМА дар ҶТ иштирок доштанд.

Зимнан, масъулини Tcell ба иштирокчиён дар бораи сабки нави ширкат (тамғаи молӣ, бренд) нақл карда, барномаи ояндаи корхонаро барои чанд соли оянда, тақвияти бозори мухобиротии кишвар, рушди технологияро дар ҳаёти муосир шарҳ доданд.

Дар навбаи худ, иштирокчиён таасуроти худро аз баргузории сабқат баён дошта, умедворӣ карданд, ки дар оянда низ барои дар сатҳи хубу олӣ гузаронидани чунин мубоҳисаҳо ширкати Tcell ба онҳо кӯмак хоҳад кард.

Барои Tcell баргузор намудан ва пуштибонии тарҳҳои омӯзишӣ, мисоли «Tcell Debate Time» барои ҷавонон аз аҳамияти вижа бархӯрдор буда, ҷои муҳимеро дар татбиқи масъулияти иҷтимоии ширкат ишғол менамояд.

Бояд гуфт, «Tcell Debate Time» шароит ба вуҷуд овард, ки кулли муштариёни корпоративии ширкат, ки дар бахши омӯзишу парвариш фаъолият менамоянд, гирдиҳам биоянд.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.jpg

2.jpg

3.JPG

1441

Тақдими тӯҳфаҳо ба ғолибони даври аввали иқдоми «Пардохти муваффақ» аз Тсеll


Дар Душанбе ва Хуҷанд маросими эътои ҷавоиз ба барандагони аксияи бебохти “Пардохти муваффақ” аз ширкатҳои Tcell ва Hyundai баргузор шуд. Сарвари кулли ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев ғолибони иқдомро дар Душанбе бо ҷоизаҳо сарфароз гардонд. Дар Хуҷанд бошад, аснои баргузории намоишгоҳи байналмилалии “Суғд-2019”, ки Tcell шарики асосии ҳамоиш буд, эътои ҳадяҳо ҷараён гирифт.

Марҳилаи аввали аксия аз 1 май то 15 июн идома кард. Дар марҳилаи аввали аксияи “Пардохти муваффақ” аз Тсеll 10 барандаи ҷоизаҳо тавассути қуръапартоӣ муайян шуданд. Ҳамаи муштариёни ширкати Tcell аз саросари Тоҷикистон, ки ба тавозуни телефони мобилиашон аз 10 сомонӣ бештар маблағ гузарониданд, ба таври худкор (автоматӣ) иштирокчии иқдом гардиданд. Дар ин давр иштирокчиён 5 телефони ҳушманд (смартфон)-и  Samsung A30, 3 Smart TV Samsung, 1 MacBook ва 1 мошини сабукрави Hyundai Accent-ро бурд карданд!

Ҳамин тавр, Искандар Исоев- сокини ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон тариқи қуръапартоии рақамҳои тартибӣ нахустин барандаи шоҳҷоиза, яъне нақлиёти сабукрав гардид. Ӯ аз рӯи ихтисос байтор (духтури ҳайвонот) буда, хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзӣ аст. Ба қавлаш дар зодгоҳ ба кишоварзӣ шуғл меварзад. Искандар ҳамагӣ 11 ID-рақам дошт, ки дар бозӣ иштирок карданд. Ӯ то охир бовар намекард, ки барандаи шоҳҷоиза мегардад. Бахт ба рӯяш хандиду ҳоло соҳиби мошини гаронарзиши “Hyundai” шуд. 

«Ман фикр намекардам, ки як чунин имконият ҳаст, охир ман ҳамагӣ 11 ID-рақам доштам. Вақте аз ширкат ба ман занг зада гуфтанд, ки шумо ғолиби иқдом шудеду мошин бурд кардед, ҳатто бовар накардам. Ҳоло калиди мошин дар дастам аст ва худро воқеан хушбахт эҳсос менамоям! Ташаккур ба Tcell барои як чунин иқдомҳо!», мегӯяд Искандар Исоев.

Рӯйхати пурраи ID-рақамҳое, ки ҷоизаҳоро буридаанд дар ин нишонӣ мавҷуд аст: https://www.tcell.tj/content/news/successful-payment/

Пас аз анҷоми даври аввали аксияи «Пардохти муваффақ» марҳилаи дуюми иқдом (аз 15 июн то 29 июл) оғоз гардид. Иқдоми «Пардохти муваффақ»  бебохт аст, зеро муштарие, ки дар он иштирок мекунад, ҳеч гуна маблағи иловагӣ сарф наменамояд, барои иштирокчӣ шудан танҳо кофӣ аст, ки муштарӣ ба тавозуни телефони мобилиаш аз 10 сомонӣ бештар маблағ гузаронад. Маблағи муштарӣ дар тавозуни ӯ боқӣ мемонад, аз он комиссия ҳисобида намешавад ва муштарӣ онро барои интернет ва ё пайвастшавӣ ба дигар хизматрасониҳо сарф карда метавонад.

Барои ҳар як 10 сомонӣ ба муштарӣ SMS-паёмак бо ID-рақами инфиродӣ ирсол мегардад ва баъдан ин рақамҳо дар бурди ҷоизаҳо иштирок менамоянд. Таври мисол, агар Шумо ба тавозунатон 50 сомонӣ гузаронед, соҳиби 5 ID-рақам хоҳед шуд.

Тавозуни худро ба 10 сомонӣ пур карда, иштирокчии иқдом шавед! Ҷоизаҳо ва шоҳҷоиза дар даври дуввум ва марҳилаи сеюм Шуморо интизоранд!

Тафсилоти бештар дар бораи шартҳои иштирок дар иқдоми “Пардохти муваффақ” аз Tcell дар пайванди зер:

https://www.tcell.tj/content/news/conditions-of-the-promotion-successful-payment/

Tcell -- бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.


1.JPG


3.JPG


5.JPG

2.JPG

4.JPG
1769


Страницы: Пред. 1 ... 27 28 29 30 31 ... 63 След.