Бозии интеллектуалии «2048»

Хизматрасонии «Бозии 2048» орзуҳои дӯстдорони бозиҳои мобилиро амалӣ менамояд. Акнун барои ғолибият дар бозӣ метавон бурдҳои пулиро ба даст овард.

Бозии «2048» дар ҳақиқат шавқовар аст ва баробари ин на танҳо барои хуш гузаронидани вақт дар навбат ё нақлиёти ҷамъиятӣ лозим аст, балки ин вақт боз фоидаовар сарф мегардад. Бозии «2048» фикрронии мантиқӣ, маҳорати нақшабандии стратегӣ ва тасаввуроти фазоиро сайқал медиҳад.

Қоидаҳои бозӣ:

Майдони бозии «2048» квадрати тарафҳояш 4х4 мебошад, ки дар ҳолати оғоз ду катаки он аллакай кушода аст. Онҳо метавонанд дар дилхоҳ мавқеъ ҷойгир гарданд, вариантҳои ҷойгиршавии аввала – «2» ва «2», «2» ва «4», «4» ва «4» аст. «Рақамҳоро» метавон ба яке аз чор тараф ҷой иваз кард (агар мавқеи он халал нарасонад), дар ин ҳолат, ду катаки қимматашон якхела ҳангоми ба ҳамдигар бархӯрдан, ба як катак табдил меёбанд ва қиммати онҳо ҷамъ мешавад. Хусусияти бозии «2048» дар он аст, ки тамоми майдони бози то сарҳад ҷой иваз мекунад, на қатор ё сутунчаҳои алоҳида. Пас аз ҳар як чунин ҷойивазкунӣ дар катаки холии тасодуфӣ рақами нави қимматаш «2» ё «4» пайдо мегардад. Дар ҳолати пур шудани ҳамаи катакчаҳо ва набудани имконияти якҷоя кардани онҳо, бозӣ бохта ҳисоб мешавад.

Дар бози холҳо ҳисоб карда мешаванд. Холҳои бозира ҳозира ва натиҷаи беҳтарини фардӣ дар кунҷи рости болоӣ пайдо мегардад. Бозингаре ғолиб ҳисобида мешавад, ки дар давоми 24 соат натиҷаи беҳатрини холҳоро ба даст орад. Соати 00:01 ҳамарӯза 10 нафар ғолибон муайян мешаванд, ки бурди пулиро ба даст меоранд ва баъд натиҷаҳои ҳамаи бозингарон ба сифр баробар карда мешавад.

Маблағи хизматрасонӣ 0,9 сомониро ташкил медиҳад. Ба бозингар 3 кӯшиш дар бозии «2048» дода мешавад. Ба ғайр аз он дар давоми рӯз бозингар метавонад кӯшишҳои иловагиро дархост намояд, ки ҳар як кӯшиши навбатӣ низ 0,9 сомонӣ арзиш дорад.

Фонди мукофотии ҳаррӯза 170 сомониро ташкил медиҳад, ки он байни 10 нафар ғолибон бо таносуби зерин тақсим карда мешавад:

  • Ҷои якум – 75 сомони,

  • Ҷои дуюм – 30 сомони

  • Ҷои сеюм – 20 сомони

  • Ҷойҳои 4-5 – 10 сомони ба ҳар як ғолиб

  • Ҷойҳои 6-10 – 5 сомони ба ҳар як ғолиб

Дастраси ба бозии «2048»: https://bit.ly/3v88ASV