Нашр
Хабарҳо

Ба зиёрати Ҳаҷ - бо иртиботи боэътимод аз Tcell!

16.07.2019

Тайи 7 соли ахир, шурӯъ аз соли 2012 ширкати Tcell ба таври анъана дар маросими муқаддаси мусулмонон ба зоирини тоҷик кӯмак мерасонад, ки бе сарфи зиёдатии маблағ дар роуминг ва зангҳои гаронарзиши байналмилалӣ ҳамеша бо наздикону пайвандонашон дар тамос бошанд. Соли гузашта беш аз 2000 ҳоҷӣ аз хидматрасонии роуминги Тсеll истифода бурда, ба он баҳои баланд доданд! Имсол низ Tcell дар давраи Ҳаҷҷ, аз 15 июл то 15 августи соли 2019 нархи зангҳоро дар роуминг барои Арабистони Саудӣ коҳиш дод!

Барои пайваст шудан ва барқарор кардани робита бо хона танҳо лозим аст, ки симкорти хонагӣ аз Tcell-ро гирифта, онро ба оператори маҳаллии Ettihad Etisalat (MOBILY) дар Арабистони Саудӣ пайваст намоед.

Васлшавӣ бо роуминги Tcell хеле осон аст: қабл аз хориҷ шудан аз кишвар фармони *607*1# -ро иҷро кунед. Дар сурати ба вуҷуд омадани мушкилот дар алоқа, муштариён метавонанд тавассути замимаи Tcell Chat фавран дархост/ариза бидиҳанд ва мустақиман аз кӯмаки хадамоти техникии Tcell бархӯрдор шаванд!

Дар давраи аз 15 июл то 15 сентябри соли 2019 дар роуминг (дар қаламрави Арабистони Саудӣ) тарифҳои зерин амал хоҳанд кард: Все входящие звонки – 2,20 сомони/мин;

·      Зангҳои содиротӣ ба Тоҷикистон – 4,20 сомонӣ/дақиқа;

·      СМС (паёмак) – 0,70 сомонӣ;

·      Интернет – 1,00 сомонӣ/Мб

Дар роуминг ҳамчунин хидматрасонии «Позвони Домой» (“Тамос бо Хона”) фаъол аст, ки тавассути он ба рақами дилхоҳ ва бо нархи зерин занг задан имкон дорад:

·      Хизматрасонии «Позвони домой» *135*992[рақами муштарии Tcell]# - 2,20 сомонӣ/дақиқа.

Барои Tcell дастгирии ҳамватаноне, ки нияти чунин сафари муҳимро доранд- аз ҳадафҳои аслии иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Бидуни шак ин сафар барои шахси мусалмон зарур буда, аҳамияти вижаеро қоил аст, зеро он қалби инсонро тавон бахшида, имонро қавӣ мегардонад, хайру эҳсонкориро дар вуҷуди онҳо зиёд мекунад.

Дар чунин сафари муҳим тамос бо хона ва наздикону пайвандон аз ҳама чизи зарурӣ аст. Дар давраи тавофи Хонаи Худо, соли гузашта аз хизматрасонии роуминги Тсеll беш аз 2000 ҳоҷӣ истифода бурда, дар ин муддат беш аз 50 000 занг (тамос) бо Ватан доштанд. Онҳо аз нархҳои дастраси Интернет ва алоқаи боэътимоди ширкат ҳаловат бурданд!

Ва ин ҳоло охири кору анҷоми истифодаи роуминги Tcell нест! Аснои истифода аз роумнги Тсеll дар давоми як моҳи тақвимӣ бо маблағи беш аз 100 сомонӣ муштарӣ ба таври автоматӣ иштирокчии иқдоми роумингии “Ҷомадони бунафш” мешавад! Ҳар моҳ, на дертар аз санаи 15-ум панҷ ғолиби бурд тариқи генератори рақамҳои тасодуфӣ интихобу муайян карда мешаванд. Дар охири сол бошад, ғолибонро боз як сюрприз- имконияти бурди роҳхати туристӣ ба яке аз самтҳои беҳтарини ҷаҳонгардӣ интизор аст!

Ширкат Tcell ба ҳама зоирин дар роҳи тақвияти имону поксозии қалбу рӯҳашон аснои сафар ба Хонаи Худо ва зиёрати амокини муқаддас комгориро таманно менамояд!

Хадж-02.png

 ___________

 Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Возврат к списку