Хабарҳо



TezNet аз Tcell минтақаи фарогириашро тавсеа мебахшад!

Дар шаҳри Душанбе баъд аз маҳаллаи 82-юм, маҳаллаҳои 91 ва 101-и пойтахт минтақаҳои фарогирии Интернети баландсуръати хонагӣ тавассути технологияи GPON гардиданд. Дар Хуҷанд бошад маҳаллаҳои 13 ва 19 ба ин намуди Интернет пайваст шуданд. Минтақаҳои фарогирӣ бо суроғаҳои дақиқ дар пайванди зер мавҷуд аст: http://teznet.tj/tj/coverage-area/

1262

Ҳамаро бо омадани Соли нав табрик намуда, Интернет барои тамоми солро аз Tcell бурд кунед!

Tcell озмуни «Табрикоти бунафш»-ро эълон менамояд! Барои иштирок дар озмун ба Шумо лозим аст, ки табрикоти креативиро барои соли нави 2021 ба навор бигиред. 5 табрикоти ҷолибтарин ва эҷодкорона аз ширкати Tcell бастаи   "Солонаи бемаҳдуди 2021" -муоширати номаҳдуд дар дохили шабака ва мегабайтҳои Интернетро дар тӯли соли 2021 соҳиб мешаванд!
1702

Tcell минтақаи фарогирии 3G-ро дар ВМКБ тавсеа мебахшад!

Рушду тавсеаи шабака дар шароити баландкӯҳи ВМКБ вазифаи заҳматталаб ва душвор аст. Бо вуҷуди ин ҳама мушкилот Tcell мекӯшад, ки шабакаи худро дар минтақа васеъ карда, барои сокинон имкониятҳои нави технологиро фароҳам оварад.

1210

Tcell Business Academy шарики расмии конфронси T&DFEST "Upgrade омӯзиши корпоративӣ" дар Тоҷикистон гардид!

Оператори навовар ва пешсафи кишвар – ширкати Tcell ҳамчун анъана шарики кишварии конфронси T&DFEST дар бахши идоракунии кадрҳо, таълим ва тавсеа шудааст. Tcell аз ҳамаи хоҳишмандон даъват менамояд, ки ба ин чорабинии байналмилалӣ комилан ройгон ҳамроҳ шаванд!
1309


Муштариёни муҳтарам!

Ба иттилоъи Шумо мерасонем, ки дар қаламрави вилояти Суғд, то охири моҳи октябр, аз соати 00:00 то 01:00 барои беҳтарсозии сифати алоқа ва Интернет корҳои фаннӣ анҷом дода мешаванд. Аз ин сабаб, муваққатан дастрасӣ ба шабакаи 2G ва 3G мушкил мегардад. Барои нороҳатии эҳтимолӣ аз Шумо маъзарат мепурсем.
Tcell- и Шумо!
1254




Страницы: Пред. 1 ... 15 16 17 18 19 ... 63 След.