Хабарҳо

Tcell Бобои барфии ҳақиқиро муаррифӣ мекунад – он бунафшранг аст!


Ширкати Tcell парда аз рӯи асрор мебардорад: ҳамин ҳоло ҳақиқат дар бораи Бобои барфии ҳақиқӣ маълум шуд- вай бунафшранг аст! Ва танҳо ӯ  тӯҳфаҳои ҳақиқиро инъом мекунад.


Дар саросари олам дар арафаи Соли нав ба назди одамони меҳрубону хушбахт Бобои барфӣ меояд. Тибқи анъана, Санта Клаус бо костюми сурх ва риши сафеди дароз ва ё Бобои барфии русӣ бо либосҳои обӣ (кабуд) ҳамроҳи наберааш Барфак (Снегурочка) вориди хонаву кошонаи шумо мешаванд. Дар Ӯзбекистони ҳамсоя Бобои барфи ҷомаи рах-рах мепӯшаду тоқии сурх дорад. Дар Қирғизистон бошад, либоси Бобои барфӣ сафеди нақшдор аст, аммо дар Гурҷистон ӯ ранги сафед ва сиёҳро авлотар медонад.    

Имсол Tcell парда аз рӯи асрор мебардорад: Бобои барфии ҳақиқӣ- бунафшранг аст! Ва фақат ӯ ҳадяи беҳтарину ҳақиқиро пешниҳод мекунад- гуфтугӯи бемаҳдуд дар тамоми соли 2019!

Бобои барфии бунафшранг меҳмони сокинони Душанбе, Хуҷанд, Бохтар (собиқ Қӯргонтеппа), Кӯлоб, Турсунзода ва Хоруғ гардида, ба ҳамагон тӯҳфаҳои арзишманду ҳақиқиро пешниҳод менамояд! Бобои барфӣ дар фурӯшгоҳҳои бузург, раставу бозор, хиёбон ва ҷойҳои серодам пайдо шуда, бо сокинон сайру гашт хоҳад кард.

Ҳангоми вохӯрӣ бо Бобои бунафшранг зарур аст рамзеро ном баред, ки дар ҳама саҳифаҳои Тселл дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва радиои “Love Radio” эълон хоҳад шуд. Барои ироаи рамз (посух)-и дуруст, Бобои барфӣ тӯҳфа- “Солонаи бемаҳдуд”-ро ба сокинон тақдим менамояд

«Солонаи белимит 2019» аз Tcell – ин суҳбати бемаҳдуд дар дохили шабака ва мегабайтҳои интернет давоми соли 2019 аст.

Шонс (имконият)-и пайваст шудан ва ё тӯҳфа кардани хизматрасонии “Солонаи белимит 2019”-ро аз даст надиҳед! Аз эълону навгониҳои Tcell дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram, VK, OK, Viber ва Telegram, инчунин радиои “Love Radio”-ро пайгирӣ намоед, рамзро дар ёд дошта бошед ва ҳангоми рӯбарӯ шудан бо Бобои барфии Бунафшранг онро гуфта, соҳиби ҳадяи арзишманд- иртиботи бемаҳдуд аз Tcell шавед!

Facebook: https://www.facebook.com/tcell.tj/
Instagram: https://www.instagram.com/tcell.tj/
VK: https://vk.com/tcell
OK: https://ok.ru/tcell.tj

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Violet_Santa_tj.jpg

1819

Дар мавриди "Ҷумъаи сиёҳ", ки имкон дорад дар он беҳтарин молҳоро бо тахфифҳои ҳайратовар харид намуд, оё шунидаед?


"Ҷумъаи сиёҳ"




Шуморо хушҳол кардан мехоҳем: Tcell бо иқдоми "Ҷумъаи сиёҳ" ҳамроҳ мешавад!
Танҳо аз 23 то 25 ноябри соли 2018 бастаи Интернети 1000 мегабайт ва 5000 мегабайтро бо тахфифи 50% харидорӣ кардан мумкин аст!

Фармон барои пайвастшавӣ ба 1000 МБ *870*1000#, барои пайвастшавӣ ба 5000 МБ *870*5000#
1679

Эълон

Аз соати 17:00 рӯзи 20.11.2018 то 21.11.2018 баъзе аз муштариёни Тcell бо сабабҳои новобаста аз Ширкат, мушкили дастрасӣ ба интернет ва зангҳои дохилиро доштанд. Мутахассисони ширкат барои дар зудтарин фурсат бартараф намудани мушкилӣ саъю кӯшиш намуданд. Ширкати Tcell аз шумо барои нороҳати маъзарат мепурсад. Ташаккур барои дарки шумо!
Барои тамоми муштариёне, ки дар ин муддат мушкилии дастрасӣ ба хизматрасониҳои шабака ва интернетро доштанд, аз тарафи ширкат ҳамчун ҷуброн бастаи 300 мегабайт интернет ва 50 дақиқаҳои иловагӣ дар дохили ЧТ пешниход карда мешавад.

1938

Эълон

Дар ҳоли ҳозир баъзе аз муштариёни Тcell бо сабабҳои новобаста аз Ширкат, мушкили дастрасӣ ба интернет ва зангҳои дохилиро доранд. Мутахассисони ширкат кӯшиш доранд, дар зудтарин фурсат мушкилро ҳал намоянд. Ширкати Tcell аз шумо барои ин мушкилот маъзарат мепурсад.   
Ташаккур барои дарки шумо!
1685

Муштариёни Tcell тавозуни худро метавонанд тавассути «Корти миллӣ» пурра намоянд!


«Корти миллӣ»



Ширкати Tcell ва Спитамен Бонк дар мавриди хизматрасонии ҷадид, ки тавассути он имкони пурра кардани ҳисоби телефонҳои мобилӣ аз тариқи кортҳои бонкии “Корти миллӣ” имконпазир мешавад, эълон намуданд! Ин кортҳо дар ҳама бонкҳои кишвар дастрас мебошанд.

Муштариёни Tcell имкон доранд тавозуни телефонҳои ҳамроҳи худро бе пардохти иловапулӣ (комиссия) ва дар реҷаи шабонарӯзӣ пур намоянд, барои ин фақат бо худ доштани корти бонкии “Корти миллӣ” аз бонки дилхоҳ зарур аст

Ин амалро мешавад хеле содда анҷом дод: ба бахши «Хизматрасониҳо» -и сомонаи Tcell ворид гардида, шарти «Пурра кардани тавозун тавассути кортҳои “Корти миллӣ”-ро интихоб намоед.  

Дар ин қисмат чунин шартҳоро иҷро кардан зарур аст: рақами кортро нишон медиҳед, ному насаби соҳиби кортро менависед, муҳлати анҷоми эътибори корт CVV2 (CVC2)-ро хонапурӣ мекунед. Баъдан, муштарӣ бояд пардохтро тавассути рамзи SMS-паёмак тасдиқ намояд. Маблағ аз ҳисоби корт ба рақами нишондода гузаронида мешавад. Тавозунро тариқи дилхоҳ рақами Тселл пурра кардан мумкин аст. 

«Мо кӯшиш мекунем, ки барои муштариён беҳтарин ва мақбултарин шароитҳои хизматрасониро роҳандозӣ намоем. Тавозуни телефон метавонад дар вақти барои шумо ноқулай ба охир расад: нисфи шаб, дар роҳ ва ё аснои суҳбати зарурӣ, ки гуфтугӯи мустақим дар ин лаҳза хеле зарур аст. Бо хидматрасонии пурра кардани тавозун тавассути кортҳои “Корти миллӣ” муштариёни мо ба ҷустуҷӯи банкомат намепардозанд. Тариқи ин намуд хизматрасонӣ тавозуни худро метавонед пурра намоед, ба ҳисоби рақами дӯстону пайвандон маблағ гузаронед», - қайд карданд дар ширкат.

Пурра кардани тавозун тавассути кортҳои «Корти миллӣ» бе иловапулӣ, дар пайванди зер дастрас аст: https://pay.spitamen.com/tcell/

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

smi_post2.png

1694

Tcell ба кор даромадани НБО-и Роғунро табрик мегӯяд!


Ба кор даромадани НБО-и Роғун



16 ноябри соли 2018 – барои ҳамаи Тоҷикистон рӯзи таърихист! Дар ин рӯз, ки ҳамасола ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил мегардад, чархаи нахустини неругоҳи Роғун ба кор даромад ва ин иқдом бозгӯ аз он аст, ки қадами ҷиддӣ ва устувор дар роҳи даст ёфтан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, инчунин иҷро шудани яке аз ҳадафҳои асосии рушди стратегӣ дар ҷумҳурӣ гузошта шуд! Tcell ҳамаи сокинони Роғунро табрик гуфта, ба онҳо мегабайтҳои ройгон (бепул)-и интернет ҳадя кард. Ҳамзамон, барои ҳамаи онҳое, ки дар баҳрабардории чархаи аввалини неругоҳ ширкат доранд, иртиботи боэътимодро пешниҳод намуд.
   

Ба кор даромадани НБО-и Роғун, ки аз бузургтарин тарҳҳои энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд,- қадами устувор барои бунёди низоми энергетикии кишвар аст. Зимни ҳар як суханронӣ ва суҳбатҳои телевизиониаш райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба мавзӯъи неругоҳи мазкур дахл карда, иброз медорад, ки рушди бонизом ва вусъатноки иқтисоди кишварро бе таъмини истиқлолияти энергетикӣ дар ҳама бахшҳо тасаввур кардан ғайримкон аст.

Ширкати Tcell, ки ширкати тамоюлаш иҷтимоист ва бахши иқтисодро дастгирӣ менамояд, дар маросими баҳрабардорӣ ва ба кор даровардани бузургтарин тарҳи гидроэнергетикии Тоҷикистон кӯмак расонд. Дар қаламрави иншооти мазкур истгоҳи мавҷпарокании Тcell насб гардида, барои ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ: намояндагони кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои дипломатӣ ва хабарнигорон иртиботи боэътимодро фароҳам овард.

Ширкати Tcell ба ин муносибат ва иди ҳақиқӣ куллияи сокинони Роғунро табрик гуфта, ба сифати ҳадя дар рӯзи ба кор даромадани чархаи нахустини НБО ба ҳар як муштарӣ 100 Мб Интернет тӯҳфа кард!  

Чанд моҳ қабл бошад, 15 000 сокини Роғун аз имконияти нави технологӣ аз Tcell баҳраманд гардиданд. Tcell аввалин ширкати телекомуникатсионӣ аст, ки дар шаҳри Хоруғ шабакаи 4G-ро роҳандозӣ кард. Муштариёни ширкат аллакай аз имкониятҳои иртиботи 4G бо суръати то 50Mbit/s истифода мекунанд!

«Рушди бомароми иқтисодии корхонаҳо дар шароити феълӣ бе иртиботи боэътимод ва роҳандозии навгониҳои иноватсионӣ номумкин аст. Интернети босуръат дар вазъияти муосири технологӣ шароит муҳайё мекунад, ки сифати истеҳсолот боло равад ва манфиати иқтисодӣ нигоҳ дошта шавад. Маҳз барои ҳамин ҳам, имрӯз дар шаҳри Роғун 4G аз Tcell фаъол аст. Шабакаи устувори энергетикӣ дар саросари кишвар- яке аз ҳадафҳои асосии тиҷорати мо аст. Мо дар ҳамҷоягӣ бо ҳамаи тоҷикистониён аз ба кор даромадани нахустин чархаи неругоҳи бузургтарини Осиёи Миёна- Роғун изҳори хушҳолӣ карда, ба ин рӯзи таърихӣ ва саҳнаи тақдирсоз ҳамагонро табрику муборакбод мегӯем”,- иброз дошт директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Кормандони Tcell ҳамчунин Рӯзи Президентро, ки ҳамасола рӯзи 16 ноябр таҷлил мегардад ва имсол он ба санаи ба кор даромадани чархаи аввалин НБО-и Роғун иттифоқ уфтод, ҷашн гирифтанд. Дар ширкат пахши навори мустақими ба фаъолият шурӯъ кардани чархаи неругоҳ намоиш дода шуд. 

Бар пояи тарҳи асосӣ НБО-и Роғун аз 6 чарха (агрегат)-и тавлиди барқ иборат буда, иқтидори истеҳсолии ҳар кадоме аз онҳо ба 600 МВт баробар аст. Тавоноии умумии неругоҳ муодили 3600 МВт буда, ин нишондиҳанда имкон медиҳад, ки НБО-и Роғун дар минтақаи Осиёи Марказӣ бузургтарин тарҳи гидроэнергетикӣ маҳсуб гардад.   

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

smi_tj.png

1663

Ширкати Tcell шабакаи баландсуръати насли чоруми 4G-ро ба Кӯлоб овард!


Шабакаи 4G Кӯлоб



Ширкати Tcell миёни шабакаҳои мобилии кишвар нахустин шуда барои сокинони шаҳри Кӯлоб иртиботи баландсуръати 4G-ро фароҳам овард! Шабакаи 4G аллакай нисфи зиёди шаҳрро фаро гирифта, беш аз 100 000 нафар сокинон имкони пайваст шудан ва истифода аз интернети балансуръатро пайдо намуданд!

Ширкати Tcell, ки дар пешниҳоди хидматрасониҳо ва тасмимгириҳои иноватсионӣ пешоҳанги бозори кишвар мебошад, шабакаи худро дар қаламрави Тоҷикистон тавсеа дода, бозсохту тақвияти шабакаро идома медиҳад. Навсозии навбатии иноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ба вуқӯъ пайваст- дар ин ҷо пойгоҳи мавҷрасони 4G, ки алоқаи мобилӣ ва трафики интернетро суръат мебахшад, ба фаъолият оғоз кард. Сокинони Кӯлоб аз ин ба баъд метавонанд аз имкониятҳои бузурги шабакаи ҷаҳонӣ: тамошои наворҳои мустақим, филму видеоҳои гуногун, рухдодҳои варзишӣ, бозиҳои онлайн истифода бурда, табодули маводҳои видеоии ҳаҷмашон калонро бо суръати то 50 Мбит/с ба роҳ монанд!

Дар ҳоли ҳозир ширкати Tcell дар аксари манотиқи Тоҷикистон шабакаи ироаи хизматрасонии насли 4G (интернети баландсуръат ва иртибот)-ро роҳандозӣ кардааст.    Шурӯъ аз соли 2014-ум, ки ширкати Tcell ба васли шабакаи 4G дар ҷумҳурӣ оғоз намуд, қариб дар аксари шаҳру манотиқи Тоҷикистон ин намуди хидматрасонии иноватсионӣ дастрас шудааст. Фақат дар чанд моҳи ахир шабакаи 4G дар 3 шаҳр: Данғараи вилояти Хатлон, Роғун (НТМ) ва Хоруғи ВМКБ ба сокинон дастрас шуд. Ба мушкилоти мухталиф нигоҳ накарда, дар манотиқи кӯҳистони кишвар марҳила ба марҳила насбу васли шабакаи 4G аз сӯи ширкати Tcell идома хоҳад ёфт.   

«Агар дар мавриди тавсеаи шабака ҳарф занем, Tcell дар ҳеч шакле пешсафиро аз даст доданӣ нест. Ҳадафи мо- пешниҳод (ироа)-и иртиботи балансифату балансуръат барои тамоми сокинони Тоҷикистон аст. Чанд моҳи ахир мо дар шаҳрҳои Данғараи вилояти Хатлон, Хоруғи ВМКБ ва Роғун шабакаи насли нав- 4G-ро фаъол кардем. Айни ҳол ин хизматрасонӣ бо имконоти васеъ ва сифати олӣ ба сокинон дастрас аст. Мо барои рушди бонизоми ҷомеъа аз имконоти технология ва хизматрасониҳои ҷадид истифода мебарем ва онро тавсеа хоҳем бахшид”,- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Ширкати Tcell барои истифодаи 4G интернет тарофаи зарурии «Даркор»-ро бо ҷадвали вижа пешниҳоди муштариён мекунад. Шартҳои тарофаи нақшавии «Даркор» бо ба ҳисоб гирифтани талаботи корбарони фаъоли интернет коркард шудааст. Масалан, тарофаи маъмули “Даркор 59”, ба истифодабаранда имконият медиҳад, ки бо пардохти ҳамагӣ 59 сомонӣ соҳиби 3000 МБ трафики Интернет, 30 дақиқа занги баромад ба дигар операторон ва иртиботи бемаҳдуд дар дохили шабакаи Тcell давоми як моҳ шавад.     
Таври мисол, 3000 МБ – барои тамошои бе танафуси шабакаи Youtube тӯли 6 соат, 60 соат бозиҳои онлайнӣ (мустақим) ва 35 соати “сайру саёҳат” дар олами маҷозӣ ва истифодаи шабакоти иҷтимоӣ басанда аст. Интернети баландсуръати шабакаи 4G аз Tcell истифодаи интернету иртиботро барои муштариён бо сифати боло кафолат медиҳад!  

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Kulyab_tj.png

1869

Интернети дастрас дар Роуминги Дубай


Дар рӯзҳои сарди зимистон хоҳиши дар гармӣ будан пайдо мешавад... Гармиро дар ҳоли ҳозир танҳо дар Дубай метавон ёфт! 



Ҳангоми сафар ба Дубай бо худ гирифтани симкорти Tcell-ро аз ёд набароред. Tcell дар мавриди коҳиши нархи истифодаи Интернет дар роуминг дар АМА эълон менамояд: нархи 1 Мб интернет дар роуминг дар Дубай ҳамагӣ 80 дирам аст!

Барои пайвастшавӣ ба хизматрасонии роуминг фармони *607*1# -ро иҷро кунед.

Бо роуминги Tcell Дубай боз ҳам наздиктар мешавад!

акции_dubai2018_tjweb.png
1906

Fолибони викторинаи “Билофосила” 11.11.2018


Fолибони викторинаи “Билофосила”



Ҳоло мо тасмим дорем, ғолибони викторинаи “Билофосила”-ро, ки ҳафтаи гузашта (2018-11-11) пирӯз шуда буданд, эълон намоем (рақами муштарӣ- миқдори хол (имтиёз)-ҳо):

  • ХХХХХ4882 - 4216 имтиёз - 250 сомонӣ
  • ХХХХХ3000 - 3149 имтиёз - 200 сомонӣ
  • ХХХХХ3354 - 2037 имтиёз  - 150 сомонӣ
  • ХХХХХ0900 - 666 имтиёз - 100 сомонӣ
  • ХХХХХ6214 - 565 имтиёз  - 50 сомонӣ
  • ХХХХХ4020 - 526 имтиёз - 30 сомонӣ

Ба муштариёни ғолиб маблағи зарурӣ (эълоншуда) дар тавозуни телефонашон гузаронида мешавад. Табрик мекунем!

Дар Викторина ширкат намоед ва барои ҷоизаи асосӣ талош варзед! Ғолиби моҳ  рӯзи 19-уми ноябри соли 2018 муайян мегардад. Муштарии ғолиб даъват ва бо маблағи 2000 сомонӣ мукофтонида мешавад.

Маълумот дар бораи даврҳои баъдӣ (Оғоз 00:00 ва анҷом 23:59:59);

Даври 2 - 18.10.2018 – 18.11.2018
Даври 3 - 19.11.2018 – 19.12.2018
Даври 4 - 20.12.2018 – 20.01.2019
Даври 5 - 21.01.2019 – 21.02.2019
Даври 6 - 22.02.2019 – 22.03.2019
Даври 7 - 23.03.2019 – 23.04.2019
Даври 8 - 24.04.2019 – 24.05.2019
Даври 9 - 25.05.2019 – 25.06.2019
Даври 10 -  26.06.2019 – 26.07.2019
Даври 11 - 27.07.2019 – 27.08.2019
Даври 12 - 28.08.2019 – 28.09.2019

1665

Коршиносон дар «Форумҳои боз»-и Tcell 3 сол боз табодули таҷриба мекунанд


«Форумҳои боз»



Лоиҳаи ширкати Tcell дар бахши омӯзишу парвариш - «Форуми боз» тайи 3 соли ахир амалӣ мешавад. Ширкат тасмим дорад, ки дар наздиктарин фурсат баргузории форумҳоро на фақат дар Душанбеву Хуҷанд, балки дар дигар минтақаҳо низ роҳандозӣ намояд! Сухангӯён ба дафтарҳои намояндагии Tcell дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон рафта, ба мухотабон доир ба ин ё он масъалаи маорифу омӯзиш суҳбат хоҳанд кард!

“Форуми боз” аз Tcell – ин як майдон (платформа) барои табодули таҷриба миёни суханрон ва мухотабон аст. Ширкат дар форумҳои боз аз Тселл барои ҳама комилан ройгон аст:  хонандагони мактабҳо, устодони касби худ ва куллияи онҳое, ки чизеро омӯхтанӣ ҳастанд ва ё меомӯзонанд, дар нишастҳо иштирок менамоянд.

Аз моҳи июни соли 2015 ба ин сӯ беш аз 50 “Форуми боз” дар ширкат баргузор шудааст.  Сухангӯён бошанд аз бахшҳои гуногун: телекоммуникатсия, молия, тиҷорат, фарҳангу санъат, бозорёбӣ (маркетинг), равоншиносӣ, забоншиносӣ, суратгирӣ (аккосӣ), наворгирӣ ва ғайра дар ин ҷо ҳузур ёфтанд.  

Дар соли 2015 ин тарҳ бо он шурӯъ гардид, ки бархе аз кормандони ширкати Tcell дар назди ҳамкорони худ баромад карда, аз таҷриба ва ҷараёни кор, инчунин паҳлуҳои дигари фаъолияташон нақл намуданд. Бо гузашти чанд моҳ, майдони табодули таҷриба ва сухангӯён васеътар гардида, мураббиёну коршиносони дохиливу байналмилалӣ аз бахшҳои гуногун ба лоиҳа таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Ҳамин тавр, дар Tcell инҳо дар ҳамоишҳо ширкат ва суханронӣ доштанд: Алекс Лонг, масъули ширкати Google дар минтақаи Уқёнуси Ором, Сергей Долженков, равоншинос, мушовир оид ба созмони тавсеавӣ (рушд) аз Қирғизистон, Денис Баталин, коршиноси диҷитол-бозорёб (digital-маркетинг) ва тарғиби онлайни оҷонсии «Adconsult», Нона Маҷидӣ, муовини раиси шӯроҳои амрикоӣ оид ба омӯзиши байналмилалӣ, Лейла Амонгоссова, мутахассис дар тавсеаи бозорёбӣ, хадамот ва фурӯш аз Қазоқистон. 

Тайи соли равон (2018) бошад, Шараф Давлатов, сарвари American Space Dushanbe дар мавриди фаъолият ва дастовардҳои “Гӯшаи Амрико” дар Душанбе нақл карда, Карина Сафоева, мудир оид ба рушди ширкати «55 Group» дар бораи чӣ тавр муваффақ шудани духтарон дар Тоҷикистон аз дидгоҳу таҷрибаи шахсияш сӯҳбат доштанд. Кахрамон Бакозода, директори маркази таҳқиқотии «Зеркало» иштибоҳҳои асосиро дар фаъолияти тоҷирони навкор шарҳ дода, роҳи бурунрафтро аз мушкилро тавзеҳ дод. Лейла Амонгоссова бо мухотабон (аудитория) бозии тиҷоратиро роҳандозӣ карда, шаклгирии арзишҳоро барои коллектив ва кормандон бо мислоҳои мушаххас баён сохт.   Рустам Хоҷаев ва Комил Раҷабов, намояндагони созмони Tajikistan Oracle User Group чигунагии вазъ ва рушди IT-технологияро ба иштирокчиён бозгӯ карданд.

Лоиҳаи «Форуми боз дар Tcell» дар миқёси байналмилалӣ низ қадрдонӣ ёфт: моҳҳои ноябр ва декабри соли 2016 тарҳи мазкур барандаи ду ҷоиза-  «Беҳтарин рӯйдоди омӯзишӣ»-и озмуни EACA (Event Awards Central Asia) ва «Беҳтарин тарҳи иҷтимоии омӯзишӣ»-и мукофоти Global Event Awards гардид. Маврид ба ёдоварист, «Форумҳои боз»-и Тселл дар байни 84 лоиҳа аз 11 мамлакат, ки ба озмун пешниҳод шуда буданд, беҳтарин яке аз беҳтаринҳо эътироф гардиданд.   

Tcell дар оянда низ тасмим дорад «Форуми боз»-ро идома бидиҳад. Маълумоти бештарро дар мавриди форумҳои ширкат аз шабакаи иҷтимоии Facebook бо нишонии зерин дарёфт карда метавонед: https://www.facebook.com/tcell.tj

Агар Шумо таҷрибаатонро паҳн кардан мехоҳед, чизеро омӯзониданиед ва ё ба рушди ҷомеъа дар Тоҷикистон бетафовут нестед, пас бетараф набошед! Агар тасмим доред, ки дафъаи оянда сухангӯи “Форуми боз” бошед, ба почтаи электронии  Parviz.Rahmatulloev@tcell.tj дархост ирсол намоед.

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

5.JPG  6.JPG

7.JPG  8.JPG

9.jpg  10.JPG

1732


Страницы: Пред. 1 ... 35 36 37 38 39 ... 63 След.