Ҷоизаи Telecom Awards Tajikistan 2025

Ширкати Tcell дар чор ҷоизаи Telecom Awards Tajikistan 2025 ғолиб омад.
Оператори алоқаи мобилии Tcell дар аввалин ҷоизаи миллии соҳавӣ — Telecom Awards Tajikistan 2025, ки аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо шудааст, дорандаи чор ҷоиза гардид.
Ширкат дар номинаҳои зерин ғолиб эълон шуд: «Беҳтарин оператори алоқаи мобилӣ» (ҷоизаи асосии ҷашнвора), «Дастоварди сол», «Беҳтарин хизматрасонии муштариён» ва «Беҳтарин оператори зудрушдёбанда».
Ҷоизаи Telecom Awards Tajikistan бори аввал баргузор мегардад ва ба арзёбии рушди соҳаи алоқаи кишвар нигаронида шудааст.
Шарҳи Директори генералии ширкати Tcell - Озодхон Давлатшоев:
«Ин ҷоизаҳо нишондиҳандаи кори ҳаррӯзаи тими мост: васеъ кардани доираи пӯшиш, беҳтар кардани сифати шабака ва сатҳи хидматрасонӣ ба муштариён. Мо ин эътирофро ҳамчун нуқтаи такя барои рушди минбаъда қабул мекунем».



