Тағйирот дар «Салом+ 240»

Муштариёни муҳтарам!
Ба маълумоти шумо мерасонем, ки аз 15-уми майи соли 2026 муштариёни тарофаи «Салом+ 240» пас аз анҷоми давраи пардохтшудаи ҷорӣ ба таври худкор ба тарофаи «Салом+ 200» гузаронида мешаванд.
Тарофаи нави «Салом+ 200» тамоми шартҳои амалкунандаи хизматрасонӣ ва ҳаҷми хизматрасониҳоро пурра нигоҳ медорад. Пардохти абонентӣ кам карда шуда, 200 сомонӣ ба ҷойи 240 сомониро ташкил медиҳад.
Салом+ 240: 50 ГБ + 100 ГБ барои шабакаҳои иҷтимоӣ / Интернети шабонаи бемаҳдуд / 300 дақиқа / 300 SMS / 240 сомонӣ
Салом+ 200: 50 ГБ + 100 ГБ барои шабакаҳои иҷтимоӣ / Интернети шабонаи бемаҳдуд / 300 дақиқа / 300 SMS / 200 сомонӣ
Гузариш ба таври худкор анҷом дода мешавад ва аз ҷониби муштариён ягон амали иловагӣ талаб намекунад.
Мо ҳамавақт кӯшиш мекунем, ки ба шумо шартҳои беҳтар пешниҳод намоем ва барои боварии шумо миннатдорем!