Ҳангоми харидории телефонҳо дар нуқтаҳои фурӯши таҷҳизот дар Душанбе ва Хуҷанд, Шумо соҳиби купони туҳфа барои пайваст кардани нақшаи тарофавии “Даркор” мешавед! Истифодаи тарофа дар моҳи аввал- ройгон ва моҳҳои 2-юму 3-юм бо нисфи арзиш аст!
Соли нав муборак!
31 Дек 2019
2033
Имрӯз дар дафтари марказии ширкати Tcell мулоқот ва маросими имзои Ёддошти тафоҳум байни Tcell ва КВД «Шаҳри ҳушманд” (Smart city) баргузор гардид. Ҳадафи асосии ҳамкориҳои минбаъдаи ду ширкат татбиқи тарҳи "Душанбе-шаҳри ҳушманд" мебошад.
“Шаҳри ҳушманд” (Smart city)- ин ҳамгироӣ (баҳамоӣ)-и якчанд фанноварии иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои мудирияти моликияти шаҳр мебошад. Ҳадафи роҳандозии пружаи "шаҳри ҳушманд" содда кардани идоракунии равандҳои дохилии шаҳр ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ тавассути технология мебошад. "Шаҳри ҳушманд" бояд созгор бо муҳити зист, бехатару пурэнержӣ бошад, имкониятҳои васеъро фароҳам орад ва фаъолиятҳои осону бароҳатро таъмин намояд.
«Дар замони муосир рушди ҷомеъа ба таври мустақим ба роҳҳалҳои навоваронаи фанноварӣ бастагӣ дорад. Ширкати Tcell бо номи тиҷорӣ(бренд)-и худ, мавқеъ ва ваъдаи собит ба ҷомеа, ҳамеша барои воридсозӣ ва роҳандозии ҷадидтарин технологияву роҳҳалҳои навоварона ба Тоҷикистон талош меварзад. Пружаи “шаҳри ҳушманд” раванди пешрафтаи технология дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, татбиқи он зиндагии одамонро роҳаттар ва осонтару қулайтар месозад.Ширкати Tcell заминаи воқеии бунёди як шаҳри диҷитол (рақамӣ)-ро дорад. Хушнуд аз он ҳастем, ки дар татбиқу тавсеаи тарҳи “Душанбе-шаҳри ҳушманд” ширкат менамоем, то оянда онро ба корти муаррифии пойтахт табдил бидиҳем”,- иброз дошт директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.
Ибтикори мазкур барои рушди "шаҳри ҳушманд" вазифаҳоеро иҷро менамояд, ки дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар "Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025" дарҷ ёфтаанд. Бо тавсеаи “шаҳри ҳушманд” ширкатҳо иқтисоди рақамии кишвар, ҳукумати электронӣ ва зерсохторҳои диҷитолии шаҳрро рушд хоҳанд дод.
Аснои музокироту баррасии масоили марбут, ҷонибҳо дар мавриди фаъолияти муштарак дар бахшҳое амсоли “нақлиёти ҳушманд”, “ҳифзу беҳдошти ҳушманд”, “омӯзишу парвариши ҳушманд”, “энергетикаи ҳушманд” ва “амнияти ҳушманд” ба тавофуқ расиданд. Ширкатҳо талоши муштаракро барои эҷоди маркази ягонаи додаҳо идома медиҳанд, рӯи лоиҳаҳои зистмуҳитӣ ва технологӣ кор мекунанд, ки дар ниҳоят ба пайдоиши сокини шаҳри ҷадиди рақамӣ (диҷитол) мусоидат хоҳад кард.
Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.
26 Дек 2019
1998
Ширкати Tcell корҳои бузургҳаҷми фанниро барои густариш ва тақвияти шабака дар саросари Тоҷикистон идома медиҳад. Дар арафаи Соли нав сарборӣ дар шабака чанд маротиба бештар мешавад ва маҳз дар ин замон дар иртиботи доимӣ будан бо наздикону пайвандон аз ҳама муҳимтар аст.
Дар марҳилаи навбатии таҷдиду навсозӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон (дар Вахш, ноҳияҳои Румӣ ва Бохтар) дар 21 пойгоҳи базавӣ корҳои фаннӣ (техникӣ) ба анҷом расонида шуд. Дар Душанбе 4 истгоҳи нави 3G ва 4G насб гардида, то поёни сол якчанд пойгоҳҳои ҷадид дар маркази кишвару вилояти Хатлон охири сол боз якчанд истгоҳҳои нави базавӣ дар Душанбе ва вилояти Хатлон ба кор медароянд.
Навсозӣ ва таҳкими шабака такмили фанниро дар назар дорад, ки пойгоҳҳои базавӣ бо ҳадафи афзоиш додани тавонмандӣ ва фарогирии шабака анҷом дода мешаванд. Яъне, пас аз таҷдиду навсозӣ теъдоди бештари муштариён ба шабака пайваст шуда, сифати Интернет ва ироаи он бамаротиб беҳтар мегардад.
Эҳсосоти Соли навро бо ҳам тақсим намоед, бо хонавода ва дӯстон дар тамос бошед, ба ҳамдигар хурсандӣ ва кайфияти идона диҳед- бо алоқа аз Тсеll! Тӯҳфаи солинавии «Бастаи солона 2020» аз Tcell- беҳтарин ҳадяи солинавӣ аст, ки бо ин баста як соли комил ба тарзи ройгон дар дохили шабака гуфтугӯ менамоед ва мегабайтҳои Интернет роҳат истифода мебаред!
Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.
23 Дек 2019
2017
Маъракаи бузургмиқёси роумингӣ аз ширкати Tcell «Ҷомадони бунафшранг» барои онҳое, ки зуд-зуд сафар мекунанд ва ҳаёти худро бидуни иртиботи доимӣ бо оила ва дӯстон тасаввур карда наметавонанд, ба поён расид. Барандаи асосии иқдом Ҳусейн Ҷӯраев, нафақахӯр аз ноҳияи Айнӣ гардид. Ҳусейн соҳиби шаҳодатнома бо маблағи 10 000 сомонӣ ва роҳхат барои истироҳат дар осоишгоҳи лижаронии зимистонаи "Сафед-Дара" шуд ва дар он ҷо метавонад бо наздикону пайвандон таътили зимистонаро хотирмон сипарӣ намояд!
Маъракаи роумингии Tcell "Ҷомадони бунафш" дар моҳи май оғоз ёфт. Ҳар моҳ Tcell ба панҷ ғолиби озмун ҳадяҳои хотирмон ва аз ҳама муҳим- ҷомадони зебои рангаш бунафшро тӯҳфа мекард. Тайи ин муддат 30 нафар барандаи иқдом соҳиби ҷомадон гардиданд.
Бурди тӯҳфаҳо ҳар моҳ миёни онҳое, ки аз хизматрасонии “Реалний” (Ҳақиқӣ) ва ё “Легкий” (Сабук) дар роуминг истифода бурда, дар як моҳи тақвимӣ 100 сомонӣ сарф кардаанд, баргузор мешуд. Ғолибон тавассути рақамҳои тасодуфӣ, ки генератор муайян менамояд, эълон мегардиданд.
Сафар кунед ва барои худ дунёро кашф кунед, дар ин ҳолат низ иртиботи доимиро бо хешовандону дӯстон тавассути хидматрасонии роуминги Tcell аз даст надиҳед! Тафсилоти бештар дар бораи пайвастшавӣ ва хидматрасонӣ дар нишонии зерин: https://www.tcell.tj/roaming/realniy-i-legkiy-rouming/podkl-i-usloviya.php
Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.
16 Дек 2019
1745