Tcell шабакаро барои аҳолии Тоҷикистон густариш ва такмил медиҳад
Tcell якчанд пойгоҳашро дар минтақаҳои Суғду Хатлон таҷдиду навсозӣ кард. Танҳо дар як ҳафтаи охир 6 истгоҳи базавӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ, Фархор, инчунин дар Кӯлобу Бохтар ва Панҷакент то ба стандарти 3G такмил шуданд ва ин имкон медиҳад, ки доираи фарогирӣ ва пӯшиши 3G бузургтар шуда, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои онлайн таъмин карда шавад.
8 Апр 2020
1313