Хабарҳо

Муштарии муҳтарам!


Ба иттилоъи Шумо мерасонем, ки санаи 12.11.2019 аз соати 20:00 то 06:00 13 ноябр барои беҳтарсозии сифати хизматрасониҳо корҳои техникӣ гузаронида мешаванд, аз ин лиҳоз эҳтимоли рух додани мушкилоти муваққатӣ дар шабакаи интернет ва алоқа дар минтақаи ҷануб дар назар аст. Қаблан барои нороҳатӣ аз Шумо узрхоҳӣ менамоем. Tcell-и Шумо!
1277

Пардохти хизматрасониҳои Tcell аз Русия тавассути «Сбербанк Онлайн»!

Шурӯъ аз имрӯз пур кардани тавозуни Tcell аз қаламрави Федератсияи Русия имконпазир гардид! Ширкати Tcell нахустин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки санади ҳамкорӣ бо Сбербанки Русияро ба тасвиб расонд.

Аввалин тарҳи ҳамкории дуҷониба- пур кардани тавозуни рақами Тcell тариқи замимаи Сбербанк Онлайн буда, ҳамчунин дар дафтарҳои корӣ, марокизи хидматрасонӣ ва банокмату терминалҳои шабакаи Сбербанк ин амалро иҷро кардан мумкин аст.

Бо муроқибат аз ҳамватанони мо, чӣ дар дохили кишвар ва берун аз он, Tcell ва Сбербанк ин намуди хидматрасониро бо 0% комиссия анҷом медиҳанд!
Барои пардохт кардан, бояд барномаи “Сбербанк Онлайн”-ро насб намоед. 

Тарзи истифодаи қадам ба қадами дастурамал:
1) замимаро фаъол намоед
2) ба бахши «Платежи» ворид шавед
3) интихоби опсияи «Мобилная связ»
4) хидматрасонии Tcell –ро интихоб намоед
5) рақами телефон ва маблағи пардохтро нишон диҳед – 
6) пахши тугмачаи «Продолжит»  
7) тасдиқи пардохт

Пас аз чанд сония пардохт ба ҳисоби рақами Тсеll-и Шумо бидуни ҳеч (0%) комиссия гузаронида мешавад!
Ширкати Tcell бо ҳадафи татбиқи фанновариҳои иртиботии навоварона ва пайванди Тоҷикистон бо шабакаи ҷаҳонии пешрафта дар самти инноватсия фаъолият мебарад. Tcell дар Тоҷикистон хидматрасониҳои молӣ ва электронии худиро пешниҳод месозад ва ҳамкорӣ бо бузургтарину пойдортарин бонки Русия имкониятҳои бештареро фароҳам меорад.   

Tcell - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

SAVE_20191101_155144.jpg
1352

Иқдоми «Бахтатро бисанҷ» аз Тсеll дубора роҳандозӣ мешавад!


Ширкати мухобиротии Tcell аз шурӯъи дигарбораи иқдоми «Бахтатро бисанҷ» эълон медорад. Сандуқи ҷоизаҳо (фонди ҷавоиз) аз 6 автомобили Hyundai дар саросари кишвар, ки сетои он барои муштариёни вилояти Суғд аст ва дигар тӯҳфаҳои арзишманд-  ноутбукҳо, смартфону Smart TV-ҳо иборат мебошад. Дар аксияи мазкур ҳамаи муштариёни ширкат дар тамоми ҷумҳурӣ иштирок карда метавонанд.

Иқдом аз 1 ноябр то 31 декабри соли 2019 идома ёфта, қуръакашии ниҳоии бурди ҷоизаҳо рӯзи 3 январи соли 2020 баргузор мегардад. Ғолибон тавассути қуръапартоии рақамҳои тасодуфӣ муайян гардида, тариқи пахши зинда дар телевизион нашр мешавад. 

Барои иштирок дар иқдом муштариро зарур аст, ки ба рақами кӯтоҳи 707 занг занад ва ё фармони  *707# -ро иҷро намояд. Пас аз ин, ба муштарӣ рақами мушаххаси инфиродӣ, ё худ ID-рақами ягона ирсол мегардад ва бо ин рақамҳо дар бурди ҷоизаҳо иштирок карда метавонад. Барои муштариён аз вилояти Суғд ID-рақам ба чунин тарз: «N1234567» ва барои муштариёни Душанбею дигар манотиқ – «S1234567» пешниҳод мешавад.

Шумораи ID-рақамҳо барои ҳар як муштарӣ маҳдуд нест, нархи як ID – ҳамагӣ 2 сомонӣ аст. Фармони тафтишо ID – *707*7#.

Иқдоми «Бахтатро бисанҷ» -и ширкати Tcell охирин бор соли 2015 баргузор гардида, он вақт низ ба муштариёни ғолиб 6 автомобил ҳадя шуда буд.

Шитобед, дар ин иқдом ширкат варзед, бахти худро санҷед ва соҳиби тӯҳфаи фаромӯшнашуданӣ дар Соли нави 2020 шавед! 

Tcell - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1234.png

1864

Tcell операторонро барои хизматрасонии масъулиятнок ва босифат таълим медиҳад

Ширкати Tcell дар заминаи "Академияи тиҷорат" («Бизнес Академия») мунтазам барои оператороне, ки дар марказҳои хизматрасонӣ ва марказҳои тамос кор мекунанд, таҷрибаомӯзӣ, тамриноту ҳамоишҳои таълимӣ доир месозад. Тайи як моҳи гузашта мутахассисони ширкат барои операторон аз Душанбе, Бохтар ва вилояти Суғду ВМКБ давраҳои бозомӯзиро баргузор карданд. Ҳадаф аз ин омӯзишҳо- баланд бардоштани сатҳи огоҳиҳои операторон дар бораи қонунгузориҳои марбут ба пайвастшавӣ ва фурӯши SIM-кортҳо мебошад. Ояндаи наздик чунин барномаҳои омӯзишӣ барои операторони дигар манотиқи кишвар низ роҳандозӣ мегардад.

Дар ҷараёни тренингҳо операторон бо илова ва тағйиротҳои қабулшуда ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ ва маъмурӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2016 № 207-7 ва аз 9 феврали соли 2019 № 64 "Дар бораи тартиб ва талабот барои пайвастшавӣ ба шабакаи телекоммуникатсионӣ ва хидматҳои марбута” шинос шуданд.

Ҳадафи аслии ин омӯзишҳо таъмин намудани хидматрасонии мувофиқ ба муштариён, бидуни нақзи муқаррарот ва меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошад.

Ҳама операторҳое, ки дар марокиз ва дафтарҳои хидматрасонии Tcell фаъолият доранд, барои беҳтару босифаттар рафъ кардани мушкилоти муштариён дар ҳама масоили марбути иртиботӣ- техникӣ, машваратӣ ва ҳуқуқӣ давраҳои таълимӣ ва таҷрибаомӯзиро пушти сар хоҳанд кард.

Дар ин рӯзҳо барои ҳама гуна ширкатҳо рӯ овардан ба муштарӣ, бароварда кардани хостаҳои ӯ аз авлавияти фаъолияту тиҷорат маҳсуб гардида, кафолати рушд дар бозор аст.   Тибқи стратегияи рушди Tcell, ниёзҳои ҳар як муштарӣ дар назди ширкат аз ҷумлаи авлавият мебошанд. Ҳоло дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар марказҳои хидматрасонии Tcell фаъолият дошта, ба муштариён хидматрасониро дар сатҳи баланду босифат пешниҳод менамоянд.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

IMG_7349.jpg
1328

ШАРТҲОИ НАВИ ГУЗАРОНИДАНИ МУЗОЯДА


1. Муқарраротҳои умумӣ


1.1. Музояда бо усули англисӣ баргузор мегардад ва шахсе, ки нархи баландтарро пешниҳод кардааст бурдкарда ҳисобида мешавад.
1.2. Иштирок кардан дар музояда ва тамошои рақамҳо ройгон аст.
1.3. Ширкат ҳуқуқ дорад, ки қоидаҳои гузаронидани музоядаро бо огоҳонидани ҳатмии иштирокчиёни музояда бо роҳи ҷойгиронии иттилооти мувофиқ дар сомонаи расмӣ www.tcell.tj, тағӣир диҳад.

 
2. Тартиби гузаронидани музояда:
2.1. Нархи ибтидоии рақам ва ставкаи навбати аз тарафи ширкат муқаррар карда мешавад.
2.2. Ҳади ақалли ставкаи гузоштаи муштарӣ барои рақами интихобшуда зиёда аз 10% (даҳ) аз ставкаи муқарраршуда, ташкил медиҳад.
2.3. Вақти бозгашт пас аз гузоштани ставка 5 соат.
2.4. Барои иштирок намудани дар музоядаи ҳар як рақам пардохти кафолатӣ ба миқдори 5 сомонӣ муқаррар гардидааст.
2.5. Миқдори ставкаҳо бе маҳдуд мебашанд.


3. Иштирок намудан:
3.1. Барои иштирок кардан дар музояда ва ба даст овардани рақами муайян, муштарӣ бояд тавассути хусусияти ҷудошуда «Иштирок намудан», ки дар қисми поёни ҳар як рақам қарор дорад, худро ба қайд гузорад ва ставкаи пешниҳодшударо барои рақами муайян, тасдиқ намояд.
3.2. Барои иштирок кардан дар музоядаи рақами муайян, лозим меояд пардохти кафолатӣ ба миқдори 5 сомонӣ пардохт шавад. Ҳангоми бурд накардани ставкаи гузошташуда пардохти кафолатӣ баргардонида мешавад.
3.3. Дар ҳолате, ки ставкаи гузошташудаи муштарӣ бурдшуда ҳисоб мегардад ва муштарӣ дар муддати 72 (ҳафтоду ду) соат барои пайвасткунии рақам (бо риояи қоидаҳои муқарраргардидаи пайвастшавӣ симкорт ба шабака) муроҷиат накунад, маблағи пардохти кафолатӣ баргардонида намешавад.
3.4. Ҳангоми бурди муштарӣ маблағи пардохти кафолатӣ (5 сомонӣ) ҳамчун пардохти қисми ҳаққи рақам ҳисобида мешавад.
3.5. Баъди аз тарафи мизоҷ муқаррар намудани ставка, бозгашти вақти ҳисоб аз соати 05:00:00 оғоз мегардад ва дар давоми ҳамин вақт агар барои рақами ба музояда гузошташуда ставкаҳои дигар пешниҳод нашаванд, он шахсе, ки ставкаи баландтарро пешниҳод кардааст, имкони гирифтани рақамро пайдо мекунад.
3.6. Агар як муштарӣ ставкаро муқаррар намуда бошад ва то нагузаштани вақти муқарраршуда дигар муштарӣ ставкаи баландатарро пешниҳод намояд, дар ин маврид вақти ҳисоб бекор карда мешавад ва аз лаҳзаи муқаррар шудани ставкаи нав, бозгашти вақти ҳисоб аз 05:00:00 оғоз мегардад.
3.7. Ба муштарие, ки аз рӯи ҷамъбаст ставкаи баландтаринро ба рақами муайян гузоштааст, имконият дода мешавад, ки дар муддати 72 (ҳафтоду ду) соат бо шиносномаи эътибордоштааш ба нуқтаҳои фурӯши расмии ширкат барои ба даст овардан ва пайвасткунии рақам, муроҷиат намояд.
3.8. Маълумот оиди бурди рақам ва ставкаҳои нав тариқи СМС паёмак ба рақамҳои дар музояда бақайдгирифташуда равон мегарданд.
3.9. Ҳангоми дар муҳлати муайяншуда муштарии бурднамуда ба марказҳои хизматрасонии расмии ширкати Tcell барои пайвасткунии рақами бурд шуда муроҷиат накунад, дар ин маврид рақам аз нав ба музояда гузошта мешавад.
3.10. Барои дар музояда иштирок намудани муштариёни дигар ширкатҳои мобилӣ, лозим меояд тариқи терминалҳои Qiwi, банди Дигарҳо – “Tcell Аукцион номеров” пардохти кафолатиро пардохт намоянд.

4. Гирифтани рақам
4.1. Муштарӣ ғолиб ҳисобида мешавад, танҳо пас аз муроҷиати ӯ ба нуқтаҳои фурӯши расмии ширкати Tcell ва пайваст намудани рақам.
4.2. Ҷараёни барасмиятдарории рақам аз руи музояда, тибқи қоидаҳои пайвасткунӣ ба шабакаи электронӣ, мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №207-7 аз 30.04.2016 сол ва тағйиру иловаҳо ба он аз 09.02.2019 сол №64, анҷом дода мешавад.
4.3. Маблағи ставкаи гузошташудаи муштарӣ, танҳо барои дараҷаи рақам гирифта мешавад, барои пайвастшавӣ, интихоби тарофа ва дигар хизматрасониҳо аз ҳисоби муштарӣ пардохти иловагӣ лозим меояд.
4.4. Бо шартномаи оммавӣ оиди хизматрасониҳои ширкати ҶСП “Индиго Тоҷикистон” метавонед тариқи саҳифаи расмии ширкат шинос шавед www.tcell.tj.

1757

Тағйиротҳо дар нақшаи тарофавии «4G Белимит 2016»


Муштариёни муҳтарам! Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз 07.10.19 дар нақшаи тарофавии «4G Белимит 2016» тағйиротҳо ворид карда мешаванд.
Дар ҷадвали зерин шартҳои нави тарофа нишон дода шудааст:

Самти занг
Нархномаи ҷорӣ
Нархномаи нав
Зангҳои содиротӣ дар дохили шабака
0,07 сомонӣ
0,12 сомонӣ
Зангҳои содиротӣ ба самти дигар операторони мобилӣ, рақамҳои шаҳрӣ дар дохили ҶТ ва нақшаҳои тарофавии «Next»
0,15 сомонӣ
0,25 сомонӣ
1405

Дар моҳи август боз 5 ҷомадони бунафшранги ба ғолибони иқдоми роуминг Tcell тақдим карда мешаванд!


Инак, феҳрасти панҷ ғолиби иқдоми “Ҷомадони бунафш” дар моҳи август, ки тавассути генератори шумораҳои тасодуфӣ муайян гардиданд, пешниҳод менамоем.


Бозии «Ҷомадонҳои бунафш» ҳар моҳ миёни онҳое баргузор мегардад, ки аз роуминги “Воқеӣ” ва “Осон”  Тсеll истифода бурда, тайи як моҳи тақвимӣ барои иртиботи телефонӣ ва роуминг 100 сомонӣ сарф менамоянд. 
Дар охири сол бошад, ғолибонро боз як сюрприз- имконияти бурди роҳхати сайёҳӣ ба яке аз кишварҳои афсонавӣ интизор аст!  

Тафсилоти бештар дар бораи роуминги ““Воқеӣ” ва “Осон”  -ро аз ин нишонӣ дарёфт карда метавонед: https://bit.ly/31MptSz

1423

Ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои фаврӣ, ки опсияҳои бемаҳдуди «+» доранд, пайваст шавед!


Опсияҳои ҷадид ва бемаҳдуди «+»-ро пайваст карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо номаҳдуд муошират намоед!



Унвон  Нарх
Тарофаҳо
Паёмрасонҳо
Шабакаҳои иҷтимоӣ
Пайвастшавӣ
«Опсияи бемаҳдуди+10» (фақат матн)
10 сомонӣ
Даркор 19, 35, 59, 99, 159, 199
Viber, WhatsApp, WeChat, IMO
- *444*10#
«Опсияи бемаҳдуди +20» (матн + расона)
20 сомонӣ
Даркор 35, 59, 99, 159, 199
Viber, WhatsApp, WeChat, IMO, Telegram
- *444*20#
«Опсияи бемаҳдуди +30» (мӯҳтавои кулл)
30 сомонӣ
Даркор 99, 159,199
Viber, WhatsApp, WeChat, IMO, Telegram, Facebook Messenger
Instagram, Facebook, VKontakte, Odnoklassniki, Twitter
*444*30#

Нархҳо бо назардошти ҳама намуди андозҳо ва аксиз нишон дода шудаанд. Таваҷҷуҳ! Ҳангоми паҳнкунии WIFI Интернет тавассути смартфонҳо ва роутерҳо, трафик аз бастаи асосии Интернет ё аз ҳисоби тарофаи Интернет сарф карда мешавад. Аснои истифодаи VPN (ё дигар қулфшиканҳо), трафик аз бастаи асосии Интернет ё аз ҳисоб (арзиш)-и тарофаи Интернет сарф карда мешавад.Ҳангоми пахш кардани навори мустақим (онлайн) тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ё паёмрасонҳо, трафик аз бастаи асосии Интернет ё аз ҳисоби тарофаи Интернет ҳисобида мешавад.Трафики ройгон дар шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо ба захираҳои дохилии ин сомонаҳо паҳн мешавад.Паёмҳои матнӣ, смайликҳо, стикерҳо, зангҳои савтӣ/видеоӣ ва файлҳо.

Untitled-1.jpg

2257

Тобистон ба охир мерасад, аммо мо хурсанд кардани корбарони худро бо сюрпризҳои ғайриоддӣ идома медиҳем!


Аз 23 август то 20 сентябри соли 2019 смартфонҳои HUAWEI-и P Smart Z, Y9 Prime 2019, Y7 Prime 2019, P30 lite, P Smart 2019 ва P Smart 2019+ харидорӣ намоед ва дар аксияи «ТӮҲФАҲОИ ТОБИСТОНИ РАВОН” аз HUAWEI ва Tcell   иштирок намоед.

 Барои иштирокчии ицдом шудан ба шумо зарур аст:

  • Харидани смартфони HUAWEI;
  • Дастрас кардани варақа (купон);
  • Иштирок дар чорабинии рӯзи 21 сентябри соли 2019.

Бозии ниҳоӣ 21 сентябри соли 2019, соати 11:00 дар суроғаи: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 14, меҳмонхонаи “Серена” баргузор мешавад.

Ба ҳар як ғолиби аксия ширкати Tcell рақами нуқрагӣ ва 3 Гб Интернет тӯҳфа мекунад.

Давраи баргузории аксия: 23.08.2019 - 20.09.2019

Бақайдгирии иштирокчиён дар суроғаи зерин гузаронида мешавад: Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 83, Фурушгоҳи марказӣ (СУМ), ошёнаи 1.

ТАВАҶҶӮҲ! Иштирокчӣ бидуни пешниҳоди корти кафолатӣ, ки барои телефони харидашуда дода шудааст, ба қайд гирифта намешавад.

Ба Шумо муваффақият таманно дорем!

tj_summer_gifts_960x480_web_tj.png
1412

Муштариёни муҳтарам!


Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз 29.08.2019 дар бастаи тарофавии «Смартфони белимити Лайт 2016» тағйиротҳо ворид карда мешаванд.
Дар ҷадвали поён зикр шуда шартҳои нав оварда шудааст:

Баста
Пардохти муштарӣ  ҳаррӯза
Трафик бе маҳдудияти суръат
Смартфони белимити Лайт 2016
1.99 сомонӣ
60 Мб

1333


Страницы: Пред. 1 ... 25 26 27 28 29 ... 63 След.