Хабарҳо

Дафтарҳои Tcell дар ҳама истгоҳҳои марказии пойтахт!

Tcell дар 26 истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе марказҳои хидматрасонии муштариёнро боз кард.
Tcell бо талоши наздик будан ва иртиботи қавӣ доштан бо муштариёни худ, шабакаи фурӯши чаканаи худро густариш дода, маконҳои мувофиқро барои хидматрасонии муштариён интихоб менамояд. Дарёфти хидматрасонии сатҳи олӣ, интихоби тарофа ва гирифтани машварати мутахассиси ҳирфаӣ барои сокинони Душанбе беш аз пеш осонтар мешавад.

Ин ҳамаро онҳо дар истгоҳҳо- аснои мунтазир шудани нақлиёт анҷом дода метавонанд!

Дар марказҳои ҷадиди ширкат, муштариён имкони дастрасӣ ба хидматҳои баландсифатро доранд, инчунин машварат дар бораи куллияи масоили марбут ба алоқаи Tcell-ро дарёфт менамоянд ва тарофаҳои худро метавонанд фаъол созанд. Ҳамзамон, дар ин ҷо муштариён имкони харидории таҷҳизоти муосиру фанновариҳои навтарини иртиботро доранд.

Tcell дорои шабакаи бузурги хидматрасонӣ дар саросари кишвар аст. Tcell дар мавриди бароҳатӣ ва осону қулай кардани хидматрасонӣ ба муштариён, кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Мунтазири дидори Шумо дар марказҳои хизматрасонии ширкат ҳастем!  

Tcell - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1396

Дӯстони арҷманд! Иқдоми роумингии "Ҷомадони бунафш" ба анҷоми мантиқии худ наздик шуд.


Мо омодаем, ки ғолиби асосӣ- соҳиби шаҳодатнома бо маблағи 10.000 сомониро барои истироҳат дар осоишгоҳи зимистонаи “Сафеддара” муайян намоем! Барандаи ин сертификат метавонад таътили зимистонаро якҷоя бо ёру дӯстон ва пайвандонаш дар осоишгоҳ ба таври хотирмон гузаронад! Видео

Ғолиб аз миёни 30 барандаи даврҳои пешини иқдоми «Ҷомадони бунафшранг» аз моҳи май то октябри соли равон интихоб ва муайян мешавад. Бозии бурдноки “Ҷомадони бунафшранг” ҳар моҳ миёни онҳое, ки аз хизматрасонии роуминги “Воқеӣ” ва ё “Осон” аз Tcell истифода бурда, тайи як моҳи тақвимӣ 100 сомонӣ ба ин хизматрасонӣ сарф мекунанд, гузаронида мешавад.

Сафар кунед, дунёи навро барои худ кашф намоед ва бо роуминг аз Tcell ҳамеша бо наздикону пайвандон дар иртибот бошед!
1346

Натоиҷи қуръакашии бозии cеюми "Бахтатро бисанҷ" аз Tcell


Имрӯз сеюмин қуръапартоии иқдоми «Бахтатро бисанҷ» (Лови удачу) аз Tcell сурат пазируфт, ки дар он ғолибони марҳилаи миёнадаврӣ ва соҳибони ҷоизаҳои телевизорҳои тамғаи Samsung, смартфонҳои Huawei Y7 ва ноутбукҳои Terra муайян гардиданд!

Рӯйхати ID-рамзҳои ғолиб:

  • Смартфонҳои Huawei Y7: S0015040 ва N0062916
  • Samsung TV: S0074296 ва N0019715
  • Ноутбукҳои Terra: S0096070 ва N0034130

Ғолибони ҷоизаҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Бохтар, Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд.

Қуръакашӣ барои пахши телевизион дар студияи телевизиони “Сафина” дар Душанбе ва дафтари марказии ширкат дар Хуҷанд дар ҳузури аъзои комиссияи иқдоми мазкуру меҳмонон баргузор ва сабт карда шуд. Сабти барномаи мазкурро имрӯз тавассути тавассути телевизиони “Сафина” ва “ТВ Суғд” дидан мумкин аст.
Аксия то 31 декабр идома меёбад. Барои ширкат дар иқдом шитоб кунед, зеро ҷоизаҳои асосии бозӣ 6 автомобили Hyundai мебошанд, ки аз онҳо 3 автомобил барои муштариёни вилояти Суғд ҷудо шудааст!

Ба рақами кӯтоҳи 707 занг занед, ё фармони *707# -ро иҷро карда, соҳиби рақами мушаххаси рамз (ID) шавед ва иштирокчии аксия гардед!

Шумораи рақамҳои идентификатсионӣ барои ҳар як муштарӣ маҳдуд нест, арзиши як ID ҳамагӣ 2 сомониро ташкил медиҳад. Фармон тафтиши ID - *707*7# аст.

Муваффақ бошед!

Tcell - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1745

Пуштибонии Tcell аз озмуни барномаҳои мобилии «Youth Mobile»


Дар шаҳри Хуҷанд озмуни мобилии «Youth» - конкурси барномаҳои мобилӣ, ки барои дастгирии аҳдофи рушди устувори СММ равона шудааст, баргузор гардид. Ба унвони бахше аз ҳамкориҳои хидматрасонии корпоративӣ, Tcell ин озмунро дастгирӣ ва ғолибонро бо ҷоизаҳо қадрдонӣ кард.

Дар ин озмун барномасозони ҷавон аз саросари Тоҷикистон бо замима (корбурд)-ҳои иҷтимоии таҳиякардаи худ ширкат варзиданд. Замимаҳое, ки қобили таваҷҷуҳ ва баҳои баландтар гардиданд, "Тарихи халки тоҷик" – барнома дар мавриди таърихи тамаддун ва инкишофи халқи тоҷик, ки дар ҳоли ҳозир дар Google Play (https://bitly.su/JCi5xczs) беш аз 1000 маротиба боргирӣ шудааст ва барнома барои содда кардани интихоби касб эълон шуданд.

Озмуни Youth Mobile аз ҷониби Дафтари ЮНЕСКО дар Алмаато бо иштироки филиали Созмони ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ва Tcell баргузор шуд. Ҳимоят аз бахши омӯзиш ва парвариш (маориф) яке аз ҳадафҳои стратегии Tcell аст. Ба унвони як ширкати пуштибон аз тарҳҳои иҷтимоӣ, Tcell ҳамвора ташаббусҳо дар бахши аввалияи IT -ро дастгирӣ мекунад: ингуна иқдомот одатан мушкилоти иҷтимоӣ ва вазъи зиндагии мардумро беҳтар месозанд.

Ширкати Tcell мустақилона низ тарҳу пружаҳои марбут ба омӯзишу парваришро баргузору дастгирӣ менамояд, аз ҷумла барои муштариёни корпоративӣ, аз қабили “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”.

Tcell бо истифода аз имконоти муосири технологӣ нерӯи инноватсиониро дар кишвар рушд медиҳад.

Tcell - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.JPG

2.JPG

3.JPG

1325

Tcell тарҳи шабакаи 5G -ро дар форуми "Фанновариҳои оянда" муаррифӣ кард.


Имрӯз дар шаҳри Душанбе форуми "Фанновариҳои оянда" баргузор гардид, ки дар кори он коршиносони ҳирфаӣ ва роҳбарони ширкатҳои таҳиякунандаи технологияҳои ҷадиди Тоҷикистон ширкат доштанд.   Директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев низ дар нишаст иштирок ва суханронӣ кард. Ӯ дар мавриди бахши тавсеаи технологияи худӣ дар Тсеll-  зарфият ва имконоти насли панҷум 5G иброз дошт!


Мудири аршади Тсеll дар бораи рушди эволютсионии шабака ва потенсиале, ки мавриди истифода қарор гирифтани 5G барои тамоми Тоҷикистон фароҳам меоzl, сӯҳбат кард.

“Ҷорӣ намудани технологияи 5G ба Tcell имконият медиҳад, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон заминаи нави технологӣ эҷод намояд. Ин чаҳорчӯб бо бахшҳои ҷадиди рушди хизматрасониҳои ояндаи Tcell пур карда мешаванд ва инчунин дар тавсеаи ҳамкорӣ бо дигар таҳиягарони хидматрасонии кишвар, аз қабили хадамоти электронии давлатӣ, шаҳрҳои ҳушманд (интеллектуалӣ) ва соҳибкорони инноватсионӣ, ки метавонанд аз имкониятҳои нави ин технология бархурдор шаванд, кӯмак хоҳад кард ",-  гуфт Озодхон Давлатшоев.  

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ширкати телекоммуникатсионӣ Tcell аввалин шуда иҷозатномаи 5G-ро барои густариш ва тиҷорати технологияи шабакаи насли панҷум дарёфт кард. 5G насли баъдии иртиботи мобилӣ мебошад, ки барои таъмин намудани пайвасти боэътимод ва интиқоли фаврии маълумот бо суръати якчанд Гигабит дар як сония дар смартфонҳо, планшетҳо ва дигар дастгоҳҳо мутобиқ карда шудааст ва сифати хидматҳои Интернети мобилиро боло мебарад. 5G барои корбарони оддӣ пайвастшавӣ ба шабакаи наверо дар бар мегирад, ки дар қиёс ба технологияи мавҷудаи LTE афзалиятноктар аст.

Коршиносон ва масъулини дигар ширкатҳо дар форуми “Фанновариҳои оянда” аз роҳҳалҳои иноватсионие гуфтанд, ки Тоҷикистонро ба пешрафти ҷаҳонӣ наздиктар карда, кишварро бештар муаррифӣ менамоянд. Ҳамоиш аз сӯи  Frontier Technology Futures ва UKAid созмон ёфта буд.   

Tcell - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

319A6546.JPG

319A6605.JPG

1354

Муштарии муҳтарам!

Ба иттилоъи Шумо мерасонем, ки санаи 18.11.2019 аз соати 20:00 то 06:00 19 ноябр барои беҳтарсозии сифати хизматрасониҳо корҳои техникӣ гузаронида мешаванд, аз ин лиҳоз эҳтимоли рух додани мушкилоти муваққатӣ дар шабакаи интернет ва алоқа дар назар аст. Қаблан барои нороҳатӣ аз Шумо узрхоҳӣ менамоем.
Tcell-и Шумо!
1272

Натиҷаҳои қуръакашии бозии дуюми "Бахтатро бисанҷ" аз Tcell эълон шуд


Имрӯз дуюмин қуръапартоии иқдоми «Бахтатро бисанҷ» (Лови удачу) аз Tcell сурат пазируфт.


Қуръакашӣ барои пахши телевизион дар студияи телевизиони “Сафина” дар Душанбе ва дафтари марказии ширкат дар Хуҷанд дар ҳузури аъзои комиссияи иқдоми мазкуру меҳмонон баргузор ва сабт карда шуд. Имрӯз ғолибони ҷоизаҳои миёнадаврӣ муайян гардиданд, ки онҳо соҳиби телевизионҳои тамғаи Samsung TV, смартфонҳои Huawei Y7 ва ноутбукҳои Terra мешаванд! Ҳамин тавр, сабти барномаи мазкурро имрӯз тавассути телевизиони “Сафина” ва “ТВ Суғд” дидан мумкин аст.

Рӯйхати ID-рамзҳои ғолиб:

  • Смартфонҳои Huawei Y7: S0059930 ва N0032379
  • Samsung TV: S0045581 ва N0061958
  • Ноутбукҳои Terra: S0027207 ва N0036354

Барандагони ҷоизаҳо дар Ҷилликӯл, Восеъ, Ҳисор, Хуҷанд, Қайроққум ва Б. Ғафуров зиндагӣ мекунанд.
Аксия то 31 декабр идома меёбад. Барои ширкат дар иқдом шитоб кунед, зеро ҷоизаҳои асосии бозӣ 6 автомобили Hyundai мебошанд, ки аз онҳо 3 автомобил барои муштариёни вилояти Суғд ҷудо шудааст!

Ба рақами кӯтоҳи 707 занг занед, ё фармони *707# -ро иҷро карда, рақами мушаххаси рамз (ID)-ро соҳиб шавед ва иштирокчии аксия гардед!

Шумораи рақамҳои идентификатсионӣ барои ҳар як муштарӣ маҳдуд карда намешавад, арзиши як ID ҳамагӣ 2 сомониро ташкил медиҳад. Фармон тафтиши ID - *707*7# аст.

Муваффақ бошед!

Tcell - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.jpg

2.jpg

3.jpg
1700

Ноҳияи Ишкошим - дар минтақаи фарогирии боэътимоди шабакаи 3G аз Tcell!


Tcell лоиҳаи навсозии техникии шабакаро дар саросари кишвар идома медиҳад. Дар марҳалаи навбатии таҷдиду навсозӣ ноҳияи Ишкошим бо шабакаи 3G фаро гирифта шуд: айни замон пойгоҳҳои нави ин стандарт дар маркази ноҳияи Ишкошим, ҷамоатҳои Питуп, Зонг ва Вранг фаъолият мекунанд.


Пойгоҳҳои нави шабакаи ҷадид ба сокинони ҷамоатҳо имконияти пайваст шудан ба Интернети глобалӣ ва истифодаи манобеи сершумори иттилоотиро фароҳам меоранд.Тавассути тарофаҳои муносиб ва «Опсияҳои бемаҳдуд +» муштариён ҳамеша метавонанд бо хонавода ва дӯстон дар иртибот бошанд.

Рушди шабака дар шароити баландкӯҳи ВМКБ кори мушкил ва душвор аст. Сарфи назар аз душвориҳо, Tcell мекӯшад шабакаро дар минтақа рушд диҳад ва барои сокинони он имкониятҳои нави технологӣ боз кунад.

Насбу васли шабакаҳои мухобиротӣ дар шароити баландкӯҳи ВМКБ кори сангин ва душвор аст. Ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда ширкати Tcell мекӯшад, шабакаро дар минтақа рушд диҳад ва барои сокинони он имкониятҳои нави технологиро фароҳам созад.

Ноҳияи Ишкошим аз мавзеҳои диданӣ бой аст: ин ҷо қадимтарин қалъаҳои кӯҳӣ ва чашмаҳои гарми табобатӣ, амсоли чашмаи Биби Фотимаи Заҳро ҷой гирифтаанд. Дар мавсими сайёҳӣ ҳама меҳмонони минтақа метавонанд бо истифодаи аз иртиботи Tcell аз Ишкошим бо дигар манотиқи олам дар тамос бошанд ва эҳсоси худро ба дигарон баён намоянд!

Tcell - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1378

Викторинаи "Шоҳи кӯҳ"


Иштирок кунед ва ғолиб шавед! 

Ҳар рӯз - 100 сомонӣ
Ҳар ҳафта аз 50 то 150 сомонӣ - барои 5 иштирокчӣ
Ҳар моҳ 2000 сомонӣ 

  • Обуна *6400#
  • Хомӯшкунӣ *6400*0#
  • Арзиши хизматрасонӣ 90 дирам дар як рӯз
  • Арзиши ирсоли SMS – 0,00 сомонӣ

Тафсилот дар сомонаи: http://win.tcell.tj

1369

"Ҷомадони бунафш"

Мо аз он хушнудем, ки ҳамин ҳоло ғолибони марҳилаи охирини иқдоми роумингии "Ҷомадони бунафш" -ро барои моҳи октябр пешниҳод менамоем!
Панҷ ҷомадони зебои рангашон бунафш ба дӯстдорони сайру саёҳат ирсол мегарданд! Ба замми ин бо хурсандӣ аз марҳилаи хотимавӣ иқдом, ки бо ба даст овардани ҷоизаи асосӣ- Шаҳодатномаи роҳхат ба осоишгоҳи зимистонаи “Сафед-дара” бо маблағи 10.000 сомонӣ ғолиб метавонад бо аҳли оила ва наздиконаш дар он ҷо таътили зимистонаашро хуш гузаронад, эълон менамоем!

Ғолиби Шоҳҷоиза аз миёни 30 ғолиби иқдоми “Ҷомадони бунафш”, ки шурӯъ аз моҳи май то октябр баранда шудаанд, муайян карда мешавад.

Иқдоми роумингии “Ҷомадони бунафш” аз  Тсеll то моҳи октябр, миёни онҳое ки аз хизматрасониҳои роумингии “Воқеӣ” ва ё “Осон” («Реальный» или «Лёгкий») истифода бурда, дар як моҳи тақвимӣ 100 сомонӣ сарф кардаанд, баргузор мешавад.
Тафсилоти бештар дар бораи хизматрасониҳои “Воқеӣ” ва ё “Осон”: https://www.tcell.tj/roaming/realniy-i-legkiy-rouming/podkl-i-usloviya.php

1292


Страницы: Пред. 1 ... 24 25 26 27 28 ... 63 След.