Бо опсияияи YouTube 2.0 аз Tcell видеоҳоро бидуни маҳудият тамошо кунед

Ширкати Tcell ба муштариёни худ дастрасии номаҳдуд ба шабакаи маъмултарини видеоҳо дар ҷаҳон YouTube -ро фароҳам овард. Акнун муштариён имкон доранд, бе тарси он ки трафикро аз даст диҳанд, шабонарӯзӣ наворҳоро бубинанд.

"YouTube" (Ютуб) – сервиси байналмилалии интернетӣ бо аудитория дар саросари ҷаҳон мебошад. Дар ҳоли ҳозир, теъдоди муштариёни YouTube беш аз се миллиард нафар буда, аз ин хадамот (сервис) тақрибан дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон истифода мешавад. Аз ҷиҳати фарогирӣ, боздид ва пӯшиш ҳеч сервисе дигар мушобеҳ бо он вуҷуд надорад. Дар шабакаи YouTube ҳам наворҳои ҳирфаӣ ва ҳам наворҳои оддии аввалия (ҳаваскорона) пешниҳод мегарданд. Мусоҳибаҳо, дастурҳо, барномаҳои гуногун, филмҳо, видеоҳои фароғатӣ, блогҳои сайёҳӣ, наворҳои мухталифи таълимӣ - ин ва дигар чизҳои ҷолиб муҳтавои аслии YouTube мебошанд ва онҳоро дар ин шабака дарёфт кардан мумкин аст.

Опсияи "YouTube 2.0" хадамот(сервер) барои тамошои наворҳо дар браузер тавассути плеери махсус аст. Корбарон ба онҳо ниёз доранд, ки ҳама гуна мундариҷаву муҳтаворо бидуни боргирӣ ба роёна тамошо кунанд. Барои муштариёни Tcell кофист, ки опсияи “YouTube 2.0”-ро фаъол созанд ва аз ин сервис ба таври шабонарӯзӣ, бидуни аз даст додани трафики асосии интернетӣ видеоҳоро тамошо кунанд. Пардохти муштарии ин опсия ҳамагӣ 60 сомонӣ аст.

Тафсилоти комил дар бораи опсияҳои белимит дар пайванди зер: https://tcell.tj/mobile-internet/options/unlim.php


1139

Бозгашт ба рӯйхат