TCELL - cарпарасти рақамии «DUSHANBE GRAND SLAM 2024»

Ширкати Tcell сарпарасти рақамии нахустин мусобиқаи байналмилалии ҷудо дар кишвар "Dushanbe Grand Slam 2024" гардид. Аз 3 то 5 май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ рақобатҳои ҷолиби ин сабқат баргузор мешаванд, ки дар он беҳтарин ҷудочиёни ҷаҳон, аз ҷумла устураи ин навъи варзиш, паҳлавони сангинвазн Тедди Ринер аз Фаронса ҳамчун иштирокчӣ ва Шоҳей Оно аз Ҷопон ба сифати меҳмони фахрӣ ширкат мекунанд.

Tcell ғояи варзиш бидуни марзро дастгирӣ мекунад ва талош меварзад, ки дар рушди варзиши Тоҷикистон саҳми худро гузорад. Ба мо ҳамроҳ шавед ва бо иродаи қавӣ варзишгаронамонро ҷонибдорӣ намоед.

Ҳамзамон, барои боз ҳам беҳтар ошно шудан ва баҳравар гардидан аз фазои мусобиқаи варзишӣ ба фан-минтақаҳои Тсеll биёед, дар он ҷо Шуморо барномаҳои фароғатӣ ва пахши мустақими мусобиқа мунтазир аст
115

Бозгашт ба рӯйхат