Нашр
Хабарҳо

Tcell: аввалин дар баландии 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр!

24.07.2019

Tcell: аввалин дар баландии 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр!

Дар кӯҳҳои водии Бартанг, ки дар баландии наздик ба 3 ҳазор метр дар қаторкӯҳҳои Помир мавзеъ гирифтааст, дар деҳаи дурдасти Бардараи ҷамоати Басиди ноҳияи Рӯшони ВМКБ алоқаи мобилӣ дастрас шуд. Ширкати мухобиротии Tcell аз миёни дигар ширкатҳои телекомуникатсионии кишвар аввалин шуда, дар ин рустои баландкӯҳ пойгоҳи базавиашро насб кард.

Деҳаи Бардара дар минтақаи дурдасти водии Бартанг, дар ғарби Помир ҷойгир аст. Ин ҷо, дар баландии беш аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр табиати зебову нотакрор, кӯҳҳои сарбафалак, муҳити мафтункунанда доранд. Водӣ аз роҳи асосии мошингард дур буда, шароити кӯҳии он боз ҳам дастарасиро ба оддитарин шароити зиндагӣ душвортар месозад.

Қишлоқи Бардара, ки дар яке аз баландтарин нуқтаҳои аҳолинишини водии Бартанг мавқеъ дорад, таърихи куҳану бойро дар худ нигоҳ доштааст. Ин ҷо вайронаҳои қалъаи кӯҳнаеро дидан мумкин аст, ки дар замонҳои пеш ҳамчун паноҳгоҳи кӯҳистониён аз ҳамлаи кӯчманчиён хизмат мекард.

Дар ҳоли ҳозир дар деҳаи Бардара ҳудуди 530 нафар зиндагӣ дошта, асосан ба зироаткорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Қисми дигари сокинон бошанд, барои таъмини рифоҳи хонаводаҳояшон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. То замони насби пойгоҳи ширкати Tcell, сокинони мавзеъ аз ин ҷо мустақиман бо пайвандону наздиконашон дар иртибот набуданд. Барои шунидани овозу ирсоли паём тавассути алоқаи мобилӣ онҳо ба деҳаҳои поёнӣ ва маҳаллаҳои дигар мерафтанд.

Пойгоҳи базавии Tcell дар Бардара бо воситаи алоқаи моҳвораи фаъолият мекунад, зеро дар ин мавзеъи кӯҳистон танҳо бо ҳамин роҳ имкони таъмини иртибот вуҷуд дораду бас. Ба мушкилоти зиёд ва таъмини нигоҳубини гаронарзиши пойгоҳи мазкур, инчунин минтақаи ками фарогирии он нигоҳ накарда, ширкати Tcell дар чунин ҳолат масъулияту вазифаҳои иҷтимоиашро дар авлавият қарор медиҳад.

Мутобиқ бо стратегияи корпоративии худ, Tcell кӯшиш менамояд, ки сокинони деҳаҳои дурдасту камаҳолиро дар мисоли Бардара бо алоқаи босифату боэътимод намояд. Пас аз насби пойгоҳи базавӣ маҳдудияти алоқаи аҳолӣ бо ҷаҳони глобалӣ аз байн рафта, онҳо аз навгониҳои дунё бохабар мешаванд. Дар ҳоли ҳозир ширкати Тcell дар водии Бартанг 8 пойгоҳи базавӣ дошта, тақвияти шабакаро идома медиҳад.

2.png

____________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

 


Возврат к списку