Муштарии муҳтарам!

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки шурӯъ аз 27 сентябри соли 2021 дар опсияҳои Бемаҳдуд тағйирот ворид мегардад! Шабакаҳои иҷтимоии бемаҳдуд ва паёмрасон (мессенҷер)-ҳо дар як опсия муттаҳид карда мешаванд.

Ҳамакнун, бо пардохти 60 сомонӣ дар як моҳ, Шумо дастрасии бемаҳдуд ба FB, Instagram, VK, OK, Twitter, инчунин муоширати бемаҳдуд тавассути WhatsApp, Viber и FB Messenger-ро дарёфт менамоед. Зангҳои тасвирӣ (видеоӣ) ва ирсоли файлҳо низ ба хадамоти бемаҳдуди паёмрасонҳои мазкур ворид мегарданд.

Тағйирот пас аз 27 сентябри соли 2021 барои муштариёне, ки қаблан Опсия мессенҷерҳои бемаҳдудро пайваст карда буданд, мавриди амал қарор мегирад.

Арзиши опсия аз 10 сомонӣ то ба 8 сомонӣ коҳиш ёфт. Хизматрасоноии садо ва навор (аудио ва видео) дастрас намебошад.


2130

Бозгашт ба рӯйхат