Лоиҳаи «Чӣ Гап Иллюстрация»

Аввалин гузориши мобилии миллии тоҷикии Чӣ Гап маъмултар мегардад! Ин гузориши универсалиест, ки барои муоширати дастрас байни ҳамдиёроамон дар қисмҳои гуногуни дунё имконот фароҳам меорад! Мо қарор додем, ки ин гузоришро боз ҳам ҳаяҷоновартар гардонем ва мусобиқаи тасвирӣ барои созмон додани маҷмӯи аслии "смайликҳо" ва "иконкаҳо" эълон менамоем. Талаботи ҳатмӣ  – истифодаи ҷузъиёти фарҳанги тоҷик. Яъне, қаҳрамонони миллӣ, либосҳои мувофиқ ва ҷузъҳои шинос, бо рангҳо ва рамзҳои хусусӣ, дар мавкеҳои шиноси тамошобоб ва ғ.

Чӣ лозим аст?
Бо ҳамаи гурӯҳҳои эҷодӣ пешниҳод карда мешавад, ки барои гузориши «Чӣ Гап» маҷмӯи оригиналии "смайликҳо" ва "иконкаҳо" эҷод намоянд, ки беҳтарини онҳо барои истифодаи умумӣ ба қисмати "Муошират"-и гузориш дохил мешаванд. Талаботи ҳатмӣ – истифодаи ҷузъиёти фарҳанги тоҷик дар симои "смайликҳо" ва "иконка"-ҳо. ТЯъне, қаҳрамонони миллӣ, либосҳои мувофиқ ва ҷузъҳои шинос, бо рангҳо ва рамзҳои хусусӣ, дар мавкеҳои шиноси тамошобоб ва ғ. Барои иштирок дар лоиҳаи «Чӣ Гап Иллюстрация» бояд 19 "смайлик" ва 18 "иконка" дар мавзӯҳои зерин пешниҳод шаванд:
    19 "смайлик"-ҳои ҳаяҷонбахши миллӣ дар мавзӯҳои зерин:
18 "иконка"-ҳои ҳаяҷонбахши миллӣ дар мавзӯҳои зерин:
1) Хурсандӣ 1) Пешвози гарму ҷӯшони дӯстона - Салом!
2) Ханда 2) Субҳатон ба хайр!
3) Ошиқӣ 3) Хоби хуш!
4) Чашмакзании дӯстона 4) Рӯзи таваллуд муборак!
5) Ҳайрат 5) Рахмат!
6) Ғамгинӣ 6) Ман пазмон шудам!
7) Гиря 7) Салом!
8) Шӯронидан 8) Хай!
9) Ҳиҷолат 9) То боздид!
10) Бӯса 10) Хӯрда истодаам!
11) Дил 11) Хеле зӯр!
12) Беҳтарин 12) Хашмгин шудам!
13) Ранҷиш 13) Интизорам!
14) Писханд 14) Беморам!
15) Лабханд 15) Бубахш!
16) Сурудхонӣ 16) Ош
17) Гулҳо 17) Шакароб
18) Чӯби байракбардорӣ 18) Сихкабоб
19) Ҳайкали И.Сомонӣ
Афзалиятнокӣ
Фикру ақидаҳои креативии иловагӣ дар сохтани смайликҳо ва иконкаҳои муассир ва миллӣ пешвоз гирифта мешавад.

Дар кадом формат корҳо қабул мешавад ва ба куҷо бояд фирист?
  • Барои иштирок дар лоиҳа расмҳои вектории иқтидори иҷозаташон калон дар формати PSD ва ё CDR қабул мешаванд
  • Инчунин расмҳои тасвирие, ки бо даст кашида шудаанд, қабул мешаванд.
  • Қарори Комиссияи Мустақил, ки 3 ҷои мукофотиро интихоб менамояд, қатъӣ ва баҳснопазир аст.
  • Эҷодҳои мукофотӣ моликияти ширкат мешаванд.
  • Корҳои мукофотӣ дар марказҳои хизматрасонии зерини ширкат қабул карда мешаванд: 
    • Дар ш. Душанбе: Tcell Plaza, хиёбони Рӯдакӣ, 34.
    • Дар Вилояти Суғд: ш. Худжанд, Офиси Асосӣ, маҳ. 20-ум, кӯч. Р. Хоҷиев.
    • Дар Вилояти Хатлон: ш. Курғон-Теппа, НМ «Курғон 1» дар бинои маъмӯрии Tcell. НМ "Кулоб", кӯч.Борбад (бозори Сомонӣ)
    • Дар ВМБК: НМ «Хоруғ», кӯч. Ленин, 36.

Фонди мукофотӣ
Барои ҷалб намудани гурӯҳҳои эҷодии бештар ва мутаносибан, миҷдори зиёди корҳои эҷодӣ, фонди мукофотии пулии зерин тартиб дода шудааст:
  • Ҷои 1: 7 000 сомонӣ.
  • Ҷои 2: 3 000 сомонӣ.
  • Ҷои 3: 1 000 сомонӣ.

Марҳиллаи гузаронидаи иқдом
Корҳо барои лоиҳа аз 1 июл то 31 августи соли 2015 қабул карда мешаванд. Хотима 11 сентябр чун намоишгоҳи ҳамаи корҳои эҷодӣ, ки дар лоиҳа иштирок намуданд, баргузор мегардад.


chi_gap_ill.jpg
3869

Бозгашт ба рӯйхат