Интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон бо Tcell

Интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон тавассути сомонаи Tcell ва замимаи Чӣ Гап - 0% комиссия!

Оператори пешсаф ва навовари кишвар – ширкати Tcell дар якҷоягӣ бо «Душанбе Сити банк» хизматрасонии нави интиқол ва пардохтҳоро пешниҳод менамоянд: https://tcell.dc.tj/.

Бо ёрии ин хизматрасонӣ метавонед аз кортҳои бонкҳои Русия (Visa/MasterCard/MIR) ба Тоҷикистон, ба корти “Корти миллӣ”-и дилхоҳ бонк, ҳамёни DC маблағ интиқол диҳед, ё тавозуни Tcell-ро пур кунед.

Интиқоли пул ва пардохтҳо дар давоми чанд сония бидуни комиссия ва бо қурби мусоид анҷом меёбанд.   
Афзалияти асосии ин хизматрасонӣ фаъолияти комилу бенуқсони онлайнии он аст. Хизматрасонӣ ба таврӣ шабонарӯзӣ амал мекунад. Барои интиқоли пул ё пардохт аз Русия зарур нест, ки Шумо ба филиалҳои бонк муроҷиат кунед ва то ворид шудани маблағ вақти муайянро интизор шавед. Кофӣ аст, ки ба сомонаи расмии Tcell ё замимаи "Чӣ Гап" ворид гардед ва бо чанд  клик маблағро ба хонавода ва дӯстонатон дар Тоҷикистон интиқол диҳед. 

Тафсилоти бештарро дар бораи шарикон ва интиқолҳо сомонаи https://tcell.dc.tj/ дарёфт карда метавонед.

628

Бозгашт ба рӯйхат