Барои муштариёни Tcell: Иттилоот дар мавриди халали муваққат дар шабака ба далели интиқоли васоити иртиботӣ дар шоҳроҳи Ванҷ-Дарвоз

Ширкати Tcell муштариёни худро аз эҳтимоли халали муваққатии иртибот дар шабака ба далели интиқоли васоити алоқа дар шоҳроҳи Ванҷ-Дарвоз огоҳ мекунад.

Таъмири роҳу осори инфиҷор дар қитъаи роҳи мошингарди Ванҷ-Дарвоз ба фаъолияти шабакаи Tcell дар ин минтақа асар гузоштааст. Дар робита ба ин, интиқоли васоити алоқаи ширкат идома дорад, ки мумкин аст боиси аз кор мондани муваққатии шабакаҳои бархе аз муштариён шавад.

Интиқоли воситаҳои алоқа як қадами зарурӣ барои таъмини фарогирии устувор ва самаранокии алоқа дар минтақа мебошад. Тими Tcell бо ҷиддият дар талош аст, то нороҳатии муваққатиро, ки мумкин аст, дар тӯли ин корҳо эҷод шавад, ба ҳадди ақал бирасонад.

Ширкати Tcell барои нороҳатиҳои муваққатӣ, ки ҳангоми интиқоли воситаҳои алоқа ва корҳои роҳ ба вуҷуд омадааст, пӯзиш металабад. Мо дар талош ҳастем, ки ба ҳамаи муштариёни худ хидматрасонии боэътимод ва устувор пешниҳод кунем ва ин корҳо қисми ҷудонашавандаи хоҳиши мо барои баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ мебошанд.

Мо кӯшиш мекунем, ки иртиботро ҳарчӣ зудтар барқарор кунем ва барои ҳама нороҳатие, ки метавонад рух диҳад, пӯзиш мехоҳем. Tcell ба нишони сипосгузорӣ ва ғамхорӣ нисбати муштариёни худ ба ҳамаи муштариёне, ки бинобар интиқоли васоити иртибот ва корҳои роҳсозӣ ба нороҳатии муваққатӣ дучор шудаанд, бастаи дақиқаҳо ва интернет тақдим мекунад. Мо садоқат ва эътимоди шуморо қадр мекунем.

Дар сурати мушкилоти иртибот лутфан ба хадамоти дастгирии муштариён бо рақами 7070, ё ба наздиктарин идораи фурӯши Tcell муроҷиат кунед.

LTE modernization.png


884

Бозгашт ба рӯйхат