Баландшавии нархи аз нав барасмиятдарории SIM-кортҳо

Муштариёни муҳтарам!
Ширкати Tcell ба маълумоти Шумо мерасонад, ки шурӯъ аз 1 сентябри соли 2018 нархи аз нав барасмиятдарории SIM-кортҳо баланд мегардад. 

Иқдоми мазкур мутобиқи Протоколи ҷаласаи якҷояи Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон, КДАМ ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2018, бо мақсади таъмини амнияти муштариён роҳандозӣ мегардад. 

Дар ҳолати дар номи Шумо набудани SIM - корте, ки Шумо истифода мебаред ё ин, ки  дар номи Шумо зиёда аз 2 SIM-корт ба қайд гирифта шудааст, онҳоро ба номи шахсе, ки SIM-кортро истифода хаҳад бурд, бояд ба қайд гирифт.

SIM-кортҳоро мисли ҳамеша дар марказҳои хизматрасонии ширкати Тсеll ва нуқтаҳои фурӯши эксклюзивии ширкат метавонед бо пешниҳоди шиноснома  аз нав ба қайд гиред.

Ташаккур!


2511

Бозгашт ба рӯйхат