15 нафар соҳиби “Чипта ба Русия” гаштанд!

Аз  8 январи соли 2018, ки оғози иқдоми “Чипта ба Русия” буд, аллакай 15 нафар соҳиби чиптаҳои ройгон гаштанд! Барои иштирок дар ин иқдом ба шумо лозим аст, то ҳамаги бо 6 сомони, “Бастаи 5 дақиқа ба Русия”- ро харидорӣ намоед (код *880*1#)

Ин иқдом дар саросари Тоҳикистон гузашта истодааст. Ғолибон чиптаҳои худро дар Хуҷанд, Хоруғ, Курғонтеппа, Истаравшан, Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, гирифта истодаанд.

Дар айни ҳол аллакай 6 нафар, ки соҳиби чипта гаштанд, майли ба Русия сафар карданро доранд. Сатторов Маҷид, сокини шаҳри Хуҷанд, ба писари худ Абдуманон чиптаи бурдкардаашро тақдим намуд. Абдуманнон аллакай нақшаи ба Маскав сафар карданро дорад.

Ғолиби иқдом метавонад самти дилхоҳро, ки Сомон Эйр ба он ҷо хатсайри мустаҳим дорад, интихоб намояд. Шаҳри маъмултарин байни ғолибон, албатта шаҳри Маскав аст. Якчанд ғолиби дигар шаҳрҳои Новосибирск ва Санкт-Петербургро интихоб намуданд.

Ғолиби дигар, донишҷу Карим Ҷумаев мегуяд, ки ҳангоми аз “Радио Ватан” шунидани ғолибияти худ, ба ин бовар накар ва фикр кард, ки ҳамаи ин ҳазл аст. Албатта пас аз гирифтани чипта, Карим хеле хушҳол гашт ва майли ба Санкт Петербург сафар карданро дорад!

Ҷалил, ғолиби навбатӣ низ аз ин иҳдом хеле хурсанд аст. У нақша дошт ба Маскав сафар кунад ва чиптаи ройгон ба у имкон дод, то буҷаи худро нигоҳ дорад. Ҷалил аз ширкати Tcell миннатдор аст ва ба тамоми иштирокчиён комъёбиҳо орзуманд аст!

Агар шумо орзуи ба Русия сафар карданро доред, то иқдоми “Чипта ба Русия” - ин имконият аст, то соҳиби чиптаи ройгон гардед. Иқдоми мазкур, то 8 апрели соли ҷорӣ давом хоҳад дод. “Бастаи 5 дақиқа ба Русия”- ро харидори намоед ва ба сафар омода гардед!

Барои иштирок дар ин иқдом ба шумо лозим аст то бастаи “Бастаи 5 дақиқа ба Русия”- ро ҳамаги ба 6 сомонӣ харидорӣ намоед (код *880*1#). Баъд аз фаъол намудани баста, ба шумо дарҳол СМС бо шумораи (ID) муайян, ки 8 рамзро дорост, фиристода мешавад. Шумораҳои мазкур дар озмуне, ки дар офиси марказии Тселл баргузор мегардад, истифода хоҳад шуд. Аз санаи 8 январ то 8 апрел, соати 8.40 то 9.10 – и cубҳ, озмун оғози худро ёфта, ҳарруза аз тарафи радиои “Ватан” пахш мегардад. Соҳибони шумораҳои бурднок эълон гашта, бо онҳо аз тарафи ширкат ё радио тамос мегиранд.

Маълумоти мазкур мавриди иштирок дар сомонаи www.tcell.tj ва дар шабаҳои иҷтимоӣ.

Джалил Еров3.jpg

Саторов Курган.jpg

FOT_1150.jpg

IMG_8867-min.jpg

Ба забони русӣ

_____________

Tcell - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии халқҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин кор мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.


2145

Бозгашт ба рӯйхат