4G аз Tcell - беш аз як сол дар шабака!

Беш аз як сол пеш, моҳи апрели соли 2014, маракаи барои Тоҷикистон бузург – ба таври тиҷоратӣ оғози кори алоқаи мобилии насли чорум  – 4G - баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ бо иштироки рӯзноманигорон ва блоггерон Директори Генералии ширкат Мансур Ҳомидов ва Президенти TeliaSonera Eurasia Эрик Халберг тантананок бо пахши "тугмаи оғози" бунафшранг ба кори шабакаи 4G шурӯъ намуданд. 

             IMG_4100.JPG

Аз он давра муваффақиятҳои зиёде ба чашм мерасанд: шабакаи 4G ҳазорҳо муштариёни худро дар тамоми Тоҷикистон ёфт намуд, номгӯи дастгоҳҳое, ки дар стандарти 4G кор мекунанд, афзуд, минтақаи фарогирӣ мустаҳкам ва васетар шуд.


    Минтақаи фарогирӣ
    15 апрели соли 2014 дар ҳудуди Тоҷикистон шабакаи 4G LTE шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Курғонтеппа, Турсунзода, Чкаловск, Қайроққум ва Б. Гафуровро фаро мегирифт.


Аз моҳи июни соли 2015 – ғунҷоиши иловагӣ ба миқдори 28% тариқи созиш додани пойгоҳҳои нави 4G LTE Band 20 изофа шуд, ки суръати Интернети 4G-и Шуморо устувор ва бҳтар намуд! Акнун алоқаи 4G дар ин минтақаҳо боз ҳам мӯътабартар ва босуръаттар гардид!

Дар моҳи декабри соли 2017, интернети баландсуръати 4G ба сокинони Норак дастрас шуд!

4G_zona_pokritiya_2.png

Tcell дар ин роҳи гирифтааш ба самти қуллаҳои нав равона аст. Дар нақша – бо шабакаи 4G фарогирии тамоми ҷумҳурӣ. Дар рӯзҳои наздик 4G дар дигар шаҳрҳои калони Тоҷикистон пайдо мшавад.

Тарофаҳо ва дастггоҳҳо
Ҳангоми оғози кори шабака Tcell ҳамагӣ ду намуди дастгоҳро, ки дар стандарти 4G кор мекарданд, пешниҳод кардан метавонист: USB-модем ва WiFi-роутер.

Имрӯз бошад ширкат ба муштариён ду намуди дастгоҳҳоро, ки дар шабакаи 4G кор мекунанд, пешкаш менамояд: 4G USB модем Huawei E3272 ва 4G WiFi роутери ZTE MF253. 


Дар шабакаи мағозаҳои Tоjset муштариён метавонанд смартфонҳо ва планшетҳое, ки шабакаи 4G-ро дастгирӣ менамоянд, харидорӣ карда, соҳиби бонусҳои иловагӣ ба мисли бастаҳои дақиқаҳо ва МБ аз ширкати Tcell шуда метавонанд.

Махсус барои истифодабарандагони шабакаи 4G ду тарофа пешниҳод карда мешавад: «Интернет 4G 2016» ва «Белимит 4G 2016». Ҳозир бошад истифодабарӣ аз алоқаи насли чорум боз ҳам осонтар шуд: соҳибони смартфонҳо, ки дар шабакаи 4G кор мекунанд, метавонанд яке аз Интернет-опсияҳои G-ро пайваст намуда, аз тамоми бартариятиҳои интернети босуръат истифода баранд.

Имкониятҳо
Дунё ҳар сония дигаргун мешавад. Намуди истифодабарии интернети мобилӣ низ иваз мешавад. Акнун тамоми суратҳо, фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хондани матнҳо барои мо кам аст. Мо мехоҳем якбора ва барқвор видеоконтентро сабт намоем: роликҳо, филмҳо, бо тасвири баландсифат. Технологияи LTE дар байни истифодабарандагони интернети мобилӣ дар тамоми ҷаҳон ҳамарӯза маъмултар мегардад. Истифодабарандагон аз шабакаҳои наслҳои дуюм ва сеюм ба 4G мегузаранд. 4G-шабакаҳо (ё LTE) – интернети мобилиест, ки суръаташ аз суръати шабакаи 3G 5 баробар зиёдтар аст. Он аз интернети ноқилии оддӣ ё Wi-Fi фарқ надорад: кушодашавии сомонаҳо, файлҳо, мусиқӣ, видео, бозиҳо ва гузоришҳо дар муддати хеле кӯтоҳ гузаронида мешаванд.

Муқоиса 2G ADSL 3G 4G
Саҳифаи сомона 50 сония 10 сония 3-5 сония 1-2 сония
Мусиқӣ (то 5 MB) 10 дақ. 4 дақ. 10-20 сония 3-4 сония
Видео ролик (то 25 MB) 50 дақ. 15-20 дақ. 1-2 дақ. 13 сония
Филмҳо (то 750 MB) 21 с. 10 с. 30-40 дақ. 7 дақ.
HD видео (1500 MB) 42 с. 20 с. 1 с. 14 дақ.

Аз шабакаи 4G истифода бурда, имкониятҳои шумо бемаҳдуд мешаванд: муошират, тамошои филмҳо ва гӯшнамоии мусиқӣ онлайн. Ҳангоми харидории 4G Модем ва ё 4G Роутер ва пайваст намудани Тарофаи Интернет 4G бонус дар намуди бастаҳои трафик аз ширкати Tcell барои тамошои видео контент бо сифати баланд аз порталҳои дохилии махсус: namba.tj, megogo.net гирифта метавонед. Дар ин порталҳо миқдори зиёди кино, сериалҳо, барномаҳои телевизион, мусиқӣ ва ҳоказо ёфтан мумкин аст. 

namba.jpg


Суръати максималии саӣт метавонад то 50 Мбит/с расад. Суръати миёна барои муштариён метавонад пасттар бошад ва аз баъзан омилҳо вобаста аст: 
  • хусусиятҳои дастгоҳ (модем, роутер, планшет, смартфон);
  • кори шабака – миқдори муштариён бо дастгоҳҳои 4G дар як "ячейка»;
  • махсусиятҳои релеф ва шароитҳои метеорологӣ.

Аудитория
Пеш аз оғози кори шабакаи 4G ширкат ба баъзе блоггрон, рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеа модемҳои 4G-ро барои муқоиса пешкаш намуданд. Муқоисагарон 4G модемҳои ширкати Tcell-ро тест намуданд ва суръат ва сифати интернети 4G-ро мусбатона баҳо доданд: «Фикр мекунам, ки бо гузашти вақт ҳудуди фарогирии ширкати Tcell васетар мешавад. Дар айни замон, ҳангоми ки ин хизматрасонӣ нав ба кор шурӯъ намуд, истифодабарандагони бештари 4G на фақат сокинони шаҳрҳои дар боло зикр шуда, балки шахсони ҳуқуқӣ шуда метавонанд», чунин навишт яке аз блоггерон дар саҳифаи худ. 

Баъди гузашти 1 сол, ҳангоме ки аудиторияи истифодабарандаи стандарти 4G то якчанд ҳазор зиёд шуд ва корҳои васеъ намудани минтақаи фарогирӣ давом доранд, бо дилпурӣ гуфта мумкин аст, ки ин пешгӯиҳо рост баромаданд. 
Имрӯз аз шабака амалан ҳама истифода бурдан метавонанд: ҷавонон – ки суръат ва зудиро интихоб менамоянд; оилаҳо – барои тамошои оилавии филмҳо; мизоҷони ширкат, мизоҷони корпоративӣ – барои аксуламали боэътимод ва зуд ба омилҳои атроф. 
Донишҷӯ Фирӯз Каримзода нақл мекунад: «Ман смартфон дорам, ки дар шабакаи 4G кор мекунад. Хеле муфид ва қуллай: ман метавонам маълумоти лозимиро барои таҳсил дарҳол ёфт намоям, бо дӯстонам дар шабакаҳои иҷтимоӣ муошират намоям, доимо дар алоқа бошам, хабарҳо ва видеоро зуд тамошо намоям». 
Ҷамила, хонашин ва модари ҷавон, мегӯяд: «Духтари ман доимо филмҳои тасвириро тамошо мекунад. Мо барои хона 4G роутерро аз Tcell харидорӣ намудем, акнун дар ихтиёри духтарам – порталҳои бузург бо ҳазорҳо филмҳои тасвирӣ, ки ба зудӣ бордор мешаванд ва вацти духтарам ва моро хуш мегардонанд». 
Андрей Файзрахмонов, раиси ҶДММ «Фаберлик» дар Тоҷикистон, таассуроти худро баён менамояд: «Вақте ки алоқаи комили 4G дар Тоҷикистон пайдо шуд, мо ба зудӣ ба ду офиси худ дастгоҳ харидорӣ намудем. Мо аз сифати он қаноатмандем, ва истифодаи ин шабакаро давом медиҳем».

4G дар Тоҷикистон – падидаи нав аст, ва нав рушд мекунад. Мо хурсандем, ки дар сарчашмаи он истодаем, ва равнақи онро давом медиҳем. 4G аз Tcell – оянда аллакай инҷост!

                                                               

printer.png

Чопи саҳифа