Бурд намо

Вақти он расидааст, ки бурди худро ба даст биёред! Иқдоми маъруфи "Бурд намо" боз ҳам бо мост!
Имкониятҳои нав, шонсҳои нав ва фонди бузурги ҷоизаҳо - 1 365 000 сомонӣ!
Ҳамагӣ бо 3.50 сомонӣ, ID-рақами шумо вориди қуръакашӣ мешавад!
Фонди ҷоизаҳо:
Дар ҳар як қуръакашии миёнадаврӣ 3 ғолиб муайян карда мешавад. Ҳар як ғолиб соҳиби ҷоизаи пулӣ ба маблағи 35 000 сомонӣ мегарданд.
Дар қуръакашии ниҳоӣ 3 ғолиб муайян карда мешавад, ки ҳар кадоме ҷоиза ба миқдори 350 000 сомонӣ дарёфт мекунанд.
Санаҳои қуръакашӣ:
Қуръакашии якуми миёнадаврӣ – 5 ноябри соли 2026;
Қуръакашии дуюми миёнадаврӣ – 3 декабри соли 2026;
Қуръакашии сеюми миёнадаврӣ ва қуръакашии НИҲОӢ – 7 январи соли 2027.
Ва ин ҳама анҷоми кор нест: бо хариди ҳар як ID, шумо 350 МБ интернет ҳамчун туҳфа мегиред!
Хариди ID-рамз ба гунаи зайл имконпазир аст:
• тавассути фармони USSD *707#.
• занг ба рақами 707.
• дар замимаи My Tcell.
• корбарони "Чӣ Гап" тариқи тамос ба 707.
Шартҳои иштирок
1. Ҳуқуқи иштирок ҳамаи муштариён бо префиксҳои 11, 50, 70, 77, 92, 93 ва 99 доранд, ғайр аз кормандони ширкат, дилерон ва тарофаҳои махсус (BulkSMS, Cloud CallCenter, SMPP, Сотрудник-Модем, Outsource, тарофаҳо барои сайёҳон, Terminal, Интернет 2.0, Интернет, TezNet 5G). Дар ҳолати баромадани рақами ID, ки фурӯхта нашудааст ё ба шахсе тааллуқ дорад, ки ба категорияи истисношуда дохил мешавад, комиссия чунин натиҷаро беэътибор эътироф намуда, то муайян гардидани ғолиб боз гирифтани тӯбҳоро анҷом медиҳад.
2. Фаъолкунӣ бо USSD фармони *707#, занг ба 707 ва замимаи «My Tcell». Истифодабарандагони барномаи «Чи Гап» метавонанд ID-ро бо занг ба рақами 707 харидори намоянд.
3. Нархи ID – 3,5 сомонӣ (бо андозҳо).
4. Муштарӣ метавонад яклухт ID-кодҳоро бо фармоиши *707*миқдори ID-код# харидори намояд. Тафтиши ID: *707*07# ва ё тавассути замимаи «My Tcell». Миқдори умумии рамзҳои ID-и харидоришаванда маҳдудият надорад. Шумораи ID-рамзҳое, ки дар як маротиба харидорӣ карда мешаванд - 50 ададро ташкил медиҳад. Шумораи ID-рамзҳое, ки аз ҷониби як муштарӣ дар як рӯз харидорӣ карда мешаванд - 1000 адад.
5. Маҳдудиятҳо ҳангоми харидани ID: хизматрасонии «Пардохти муваққатӣ», манфӣ будани суратҳисоб ва квотаи корпоративӣ.
6. Ҳар як муштарӣ метавонад танҳо як мукофоти асосӣ (ниҳоиро) бурд намояд.
7. Андоз аз даромади шахсони воқеӣ, ки ҳангоми гирифтани мукофот ҳисоб карда мешавад, аз ҷониби ташкилкунандаи иқдом пардохт карда мешавад, яъне Ғолиб мукофотпулиро бо тарҳи андоз мегирад.
8. Ғолибон бо истифода аз лототрони махсус бо ададҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 0 интихоб карда мешаванд.
9.ID-рамз ба иштирокчиён пайдарпай аз [0000001] пешниҳод мегардад.
10.Ташкилкунандаи иқдом ҳуқуқ дорад дар сурати ошкор гардидани ҳолатҳои қаллобӣ ё дигар вайронкуниҳои шартҳои гузаронидани иқдом, ID-рамзро бекор намуда, аз додани ҷоиза даст кашад.
11. Маблағҳое, ки барои хариди ID-рамзҳо пардохт шудаанд, баргардонида намешаванд.
12. Қуръакашиҳо дар пахши мустақим тавассути саҳифаҳои расмии ширкат дар Instagram ва YouTube баргузор мешаванд.