Намунаҳои қаллобӣ!

  • SMS хоҳиш.
  • Маблағ барои хайрия.
  • Тӯҳфаҳои қалбакӣ
  • Занг аз номи оператор.
  • Занги воридотии “байнамиллалӣ”
  • Занги пурқиммат.

SMS-хоҳиш:

Шумо SMS-ро бо чунин матн мегиред:
«Салом. Илтимос, ба ман ба рақами 00ХХХХХХХХХХХ занг занед»
Агар Шумо ба ин рақам занг занед, аз ҳисоби Шумо маблағи зиёд сарф карда мешавад.

Маслиҳат:

Агар Шумо шубҳа пайдо кунед, ки ин рақам ба шахси ба Шумо шинос тааллуқ надорад, ба он занг назанед. Ба рақамҳои бегона занг назанед, чунки аз ҳисоби маблағи Шумо ҳисоби қаллоб пур мешавад. Агар Шумо аллакай қурбони қаллоб гардидед, бо рақами 7070 занг зада, ба мо рақаме, ки аз он ба Шумо СМС ирсол намуданд, хабар диҳед.

Маблағ барои хайрия:

Ба Шумо SMS бо рақаме равон карда мешавад, ки ба он ё занг задан ё СМС ирсол намудан барои дастгирии саҳми хайриявӣ пешниҳод карда мешавад.
Бештар қаллобон ҳадисаҳое, ки ВАО тавзеҳ дода мешаванд, истифода бурда, хабарро бо хоҳиши ёрирасонӣ ба шахсони мӯҳтоҷ ирсол менамоянд.

Намунаҳо:
  • «Бо рақами кӯтоҳ SMS равон намоед ва ба хонаи кӯдакони №…ёрӣ расонед»
  • «Коди корти пардохтро ба рақами … ирсол намед ва ба осебдидагон ёрӣ расонед…»
  • «Ба рақами …занг зан ва ба… ёрӣ расон»

Ин гуна «иқдомҳо» дар бисёр ҳолатҳо қалбакианд.

Маслиҳат:

Маълумотро оиди хайрияҳо дар сомонаҳои фондҳои санҷидашуда ва блогҳои маъмул ёфтан мумкин аст. Ба Call Centre Tcell бо рақами 7070 занг зада, маълумотро оиди гузаронидани иқдомҳои хайриявӣ фаҳмед.

Тӯҳфаи қалбакӣ:

Шумо SMS оиди иқдом, ки гӯё аз тарафи ширкати мо гузаронида мешавад, мегиред. «Indigo Tajikistan last chance, you win 50000 у.е., if you don’t call now for free on this number 0037127918039» ё ин ки «Табрик мекунем, Индиго Тоҷикистон ба шумо имкони охирин барои бурди 50000уе медиҳад, худи ҳозир ба рақами 0037127918039 занг занед»

Маслиҳат:

Ба ин рақамҳо занг назанед ва СМС равон накунед. Ба Call Centre Tcell бо рақами 7070 занг занед ва ин хабарро санҷед. Агар Шумо аллакай қурбони қаллоб гардидед, бо рақами 7070 занг зада, ба мо рақаме, ки аз он ба Шумо СМС ирсол намуданд, хабар диҳед.

Занг аз номи оператор:

Ба Шумо шахси ношинос занг мезанад ва худро ҳамчун коркуни хадамоти техникии ширкати Tcell муаррифӣ менамояд. Ӯ мегӯяд, ки созиши нави шабака гузаронида истодаанд. Барои ин Шумо бояд худи ҳозир дар телефонатон рақамҳо ва рамзҳои муайянро гиред. Дар назар дошта бошед, ки агар Шумо ҳамаи “найрангҳои” қаллобро иҷро намоед, баъди гирифтани рақаму рамзҳо аз ҳисобатон пулҳоятон “дуздида мешаванд”.

Маслиҳат:

Ягон шартҳои одами ношиносро иҷро накунед. Дар ёд доред! Ҳамаи созишҳои шабака бе иштироки муштариён гузаронида мешаванд.

Занги воридотии “байналмиллалӣ”:

Ба шумо занги байналмиллалӣ аз наздикон ва хешонатон ворид шуд, вале дар дисплеи телефонатон рақами оператори маҳаллӣ нишон дода шуд, масалан 93XXXXXXX.

Хоҳиш:

Дар бораи чунин занг ба телефони мобилиатон бо рақами 7070 ба мо хабар диҳед ё СМС нависед. Ташаккур.

Занги қиммат:

Ягон кас ба шумо аз рақами ношинос занг мезанад. Вале ҳангоме, ки Шумо телефонро мебардоред, алоқа ногаҳон қатъ мегардад. Шумо ба ин рақам занг мезанед ва ба автоответчик – маълумотдеҳи автоматикӣ меафтед. Вазифаи ин автоответчик – шуморо дар муддати зиёд дар алоқа доштан аст, ки ҳангоми он аз ҳисоби шумо пули зиёд сарф мешавад.

Нархи занг ба чунин рақам то даҳҳо сомонӣ барои 1 дақиқа мерасад ва ҳатто якчанд сонияи таваққуф боиси сарфи маблағи калон мегардад.

Маслиҳат:

Тадбирҳои пешгирии чунин қаллобӣ – ҳушёрии худи шумост. Ба рақамҳои ношинос занг назанед. Агар Шумо аллакай қурбони қаллоб гардидед, бо рақами 7070 занг зада, ба мо рақаме, ки аз он ба Шумо СМС ирсол намуданд, хабар диҳед.


printer.png

Чопи саҳифа