4G USB модеми Huawei Е3372

Нархи баста – 250 сомонӣ 

4G USB модем барои истифодабарии шахсӣ дар компютерҳо ва ноутбукҳо. 4G USB Modem модели Huawei E3372 созиши махсусро талаб намекунад. Дастгоҳро ба USB порт гузоред ва барнома ба таври автоматикӣ дар Интернет Браузери шумо кушадо мешавад. Бо нархи умумии 250 сомонӣ 4G USB Modem ва бастаи 4G Интернет S ҳамчун тӯҳфа  барои 1 моҳ дода мешавад. Бо хоҳиши муштарӣ Бастаи 4G-ро бо маблағи кофӣ дар ҳисоб иваз намудан мумкин аст.

Бастаи «4G модем»-ро харидорӣ намуда, шумо дорои чунин бартариҳо мешавед:
  • 4G модем Huawei E3372 бо дастгирии суръати то 100 Мбит/сония
  • SIM-корт бо тарофаи «Интернет 4G 2016»
  • 7500 МБ трафики интернет барои дастрасӣ ба интернет ва 7500 МБ трафик барои видео порталҳо барои 1 моҳ*
  • 50 сомонӣ ба ҳисоб
* Баста барои Видео-порталҳоро ҳангоми воридшавӣ ба сомонаҳои махсус, ки дар онҳо миқдори зиёди Кино, Сериалҳо, ТВ Барномаҳо, Мусиқӣ ва дигар ҷойгир шудааст, сарф карда мешавад. 1 соати тамошои Видео-контент тақрибан ба 1000МБ мувофиқ аст. Сомонаҳои Видео-Порталҳо: WWW.NAMBA.TJ, WWW.MEGOGO.NET (баста барои видео-порталҳо фақат дар шабакаи 4G кор мекунад)

Хусусиятҳои модем:
  • Стандартҳои шабака: LTE/DC-HSPA+/HSPA+/UMTS
  • Суръати васлкунӣ: То 100 Мб/с
  • Суръати интиқол: То 70 Мб/с
  • MicroSD корт: ҳаст
  • Функсияи SMS: ҳаст
  • ОС: Windows®2000, Win7, XP & Vista, Mac OS

Бастаи иловагӣ:
  • Ҳангоми ба охир расидани Бастаи 4G-и асосӣ шумо метавонед Бастаҳои иловагиро дар сомонаи www.balance.tcell.tj харидорӣ намоед
  • Барои дастрасӣ ба Интернет: 1000МБ бо нархи 20.38 сомонӣ, 300МБ бо нархи 10.19 сомонӣ
  • Барои тамошо дар Видео-порталҳо: 2000МБ бо нархи 15.29 сомонӣ
  • Иваз намудани тарофа: Агар Бастаи 4G-и ҷорӣ шуморо қонеъ нагардонад, Шумо ҳама вақт метавонед онро иваз намоед. Барои ивазнамоӣ ҳисобатонро бо маблағи барои васл намудани бастаи дилхоҳ кофӣ пур намоед. Баъд аз он ба сомонаи www.balance.tcell.tj ворид шуда, дар браузерҷ дастгоҳи худ ба Бастаи 4G-и дилхоҳ иваз намоед.

Шартҳои бастаҳои тарофаҳои 4G:
  1. Мӯҳлати амали Баста – 30 рӯз.
  2. Бастаи тарофа ҳар 30 рӯз ба таври автоматикӣ нав мешавад. Ҳангоми нав шудани баста пардохти абонентӣ ба таври автоматикӣ  ҳисоб карда мешавад.
  3. Ҳангоми кам будани маблағ дар ҳисоб амали Тарофа қатъ мегардад. Барои давом додани истифодабарӣ ба ҳисобатон маблағи кофӣ гузаронед.
  4. Бақия истифода накардаи Баста бекор карда мешавад ва ҷамъ намешавад.
  5. Ҳангоми ба охир расидани баста дастрасӣ ба хизматрасонӣ қатъ мегардад. Барои давом додани истифодабарӣ аз Интернет бастаи иловагиро пайваст намоед.
  6. Баста барои дастрасӣ ба Интернет ва Баста барои Видео-порталҳо алоҳида аз ҳамдигар сарф мешаванд.
  7. Иваз намудани тарофа фақат дар ҳолати пур кардани ҳисоб, ки барои пардохти абонентии опсияи дилхоҳ кофи аст, мумкин аст.
  8. Дар созиши дастгоҳи шумо интихоби шабакаи «Только 4G» тавсия дода мешавад 

4G_modem.jpg


printer.png

Чопи саҳифа