Тарофаҳо
Иқдомҳо

«Бастаҳои солонаи 2020»

Соли нав – замони тақдими тӯҳфаҳо! Худатон пайваст шавед ва ба наздикону пайвандон низ ҳадя кунед- алоқа барои тамоми соли 2020!

«Бастаи солона 2020» аз Tcell – ин муоширати номаҳдуд дар дохили шабака ва мегабайтҳои Интернет барои баён кардани эҳсосот дар тӯли сол аст!

"Бастаи солона 2020" 
Ҳаҷми солонаи
трафик
Ҳаҷми трафики
моҳонаи интернет
Арзиш бо
тахфиф
Фармони
пайвастшавӣ
Фармони пайвастшавӣ
барои дигар муштарӣ
30 000 МБ
30 000 МБ
2500 МБ
224 сомонӣ
*444*299#
*444*299*рақами муштарӣ#
55 000 МБ
55 000 МБ
4583.333 МБ
374 сомонӣ
*444*499#
*444*499*рақами муштарӣ#
85 000 МБ
85 000 МБ
7083.333 МБ
524 сомонӣ
*444*699#
*444*699*рақами муштарӣ#
122 880 МБ 122 880 МБ
10240 МБ
704 сомонӣ
*444*939#
*444*939*рақами муштарӣ#
184 320 МБ
184 320 МБ
15360 МБ
1050 сомонӣ
*444*1399#
*444*1399*рақами муштарӣ#
245 760 МБ
245 760 МБ
20480 МБ
1387 сомонӣ
*444*1849#
*444*1849*рақами муштарӣ#
  • Донистан муҳим аст!

      1. «Бастаи солона» як маротиба фаъол карда мешавад ва то 31.12.2020 (рӯзи охирин) эътибор дорад. Фаъолсозии опсияҳо то 31.07.2020 (охирин муҳлат) имконпазир аст.
      2. Ҳангоми фаъол намудани яке аз опсияҳои «Бастаи солона» муошират дар дохили шабака бемаҳдуд аст (ба истиснои тарофаи "Next").
      3. Тарофаҳои нақшавии дастрас: Салом 2016, Аввалин* 2016, Аҷоиб 2016, Аҷоиб минтақавӣ 2016, Бале 2016, Суҳбати Шаҳрӣ 39, Суҳбати Шаҳрӣ 69, Суҳбати Суғдӣ 39, Суҳбати Суғдӣ 69, ҷадвали тарофаҳои «Даркор», «Осон», «Фасон», «Бале», «Саломатӣ», «Аъло».
      4. Бастаҳо барои тарофаҳои нақшавии корпоративӣ низ дастрасанд. Муфассал бо рақами: 8080.
      5. Ҳангоми фаъолсозии «Бастаи солона» нақшаи тарофавӣ ба таври худкор (автоматӣ) ба «Солона» тағйир меёбад. Агар Шумо хоҳиши ба тарофаи «Солона» гузаштан надошта бошед(ва мехоҳед бо тарофаи қаблиатон боқӣ бимонед), барои пайвастсозии “Бастаи солона” фармони зеринро бояд иҷро кунед: *444*арзиши баста*1# (масалан, *444*299*1#). Дар ин ҳолат, пардохти яквақта барои опсияи "Бастаи солона 2020" гирифта мешавад, инчунин пардохтҳо тибқи тарофа ситонида хоҳанд шуд.
      6. Тарификатсияи ТН "Солона": Зангҳо дар дохили шабака - 0,10 сомонӣ, зангҳо ба дигар операторони мобилӣ ва шаҳрии ҶТ - 0,12 сомонӣ, арзиши 1 SMS –паёмак дар ҶТ - 0,0673 сомонӣ, SMS-ҳои байналмиллалӣ - 0,50 сомонӣ.
      7. Муштарие, ки ба ӯ «Бастаи солона 2020»-ро туҳфа кардаанд, бояд тавассути фармони *444*2# гирифтани ҳадяро тасдиқ намояд. Пас аз рақамчинии фармони *444*2# тарофаи нақшавии муштарӣ ба ТН “Солона” табдил меёбад. Агар муштарӣ мехоҳад дар тарофаи ҷорӣ (тарофаи фаъоли худ) боқӣ монад, барои тасдиқи ин амал бояд фармони *444*3#-ро иҷро намояд.
      8. Агар муштарие, ки ба ӯ «Бастаи солона 2020» туҳфа шудааст ва ӯ дар давоми 20 дақиқа онро фаъол насозад, дар ин ҳолат муштарии туҳфадиҳанда тариқи паёмак(SMS) огоҳонида мешавад.
      9. Ҳангоми итмом (ба охир расидан)-и опсияҳои «Бастаи солона 2020», муштариёне, ки тарофаи онҳо ба «Солона» иваз карда шуда буд, ба тарифаи қаблиашон баргардонида мешаванд.
      10. Бастаҳо ҳар моҳ пешниҳод мешаванд, агар хоҳиши ҳамаи бастаро якбора гирифтан дошта бошед, пас бояд бо фармони * 444 * 4 # онро тасдиқ намоед, натиҷаи ниҳоии трафик (ҷамъбасти трафик) фақат дар охири моҳи тақвимӣ дастрас хоҳад.
      11. Арзиши 1 МБ изофӣ (илова) аз баста – 10 дирам (бо назардошти ҳамаи андозҳо).
      12. Бақияи истифоданашудаи бастаи ҳармоҳаи интернет ба моҳи оянда гузаронида намешавад   (ба сифр бармегардад).
      13. Дар сурати истифодаи бастаи интернет, арзиши баста ба муштарӣ баргардонида намешавад.
      14. Агар муштарӣ иштибоҳан «Бастаи солона»-ро туҳфа намояд, маблағи баста баргардонида намешавад.
      15. Фаъолсозии опсияҳои «Смартфони бемаҳдуд» ва «Смартфони бемаҳдуд Lite» фақат баъд аз ба итмом расидани ҳамаи бастаи мегабайтҳои опсияи «Бастаи солона 2020» имконпазир аст.
      16. Тафтиши МБ-ҳои боқимонда: *444*1#.