Tcell ба тавозуни ғолибони иқдоми “Бурди Шумо” 1000 сомонӣ ҳадя мекунад!

Оператори пешсаф ва навовари кишвар Tcell аз оғози тқдоми "Бурди Шумо" иттилоъ медиҳад, ки давоми моҳи август 10 ғолиб дар тавозуни худ 1000 сомонӣ дарёфт хоҳанд кард.

Барои иштирок дар аксия Шумо бояд дар давоми моҳи август SIM-корти навро аз Tcell пайваст кунед ва тарофаро бо пардохти муштарии 50 сомонӣ ва болотар фаъол созед.

Муштариёни пайвастшуда,  ба таври худкор иштирокчии иқдом мешаванд. Бозӣ 2 маротиба: 16 август ва 01 сентябр дар саҳифаҳои иҷтимоии ширкат бо истифода аз генератори рақамҳои тасодуфӣ гузаронида мешавад. Дар ҳар як қуръакашӣ 5 ғолиб интихоб карда мегардад.

Дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ Tcell саъй мекунад, ки барои бароҳатии муштариён фанноварӣ ва хизматрасониҳоро такмил диҳад. Ҳамзамон,  Tcell  муштариёнеро, ки ба ширкат ҳавасмандӣ ва шароити рушдро фароҳам меоранд, фаромӯш намесохта, ҳамвора аз онҳо қадрдонӣ менамояд.
1769

Бозгашт ба рӯйхат